Бахшҳо

“Муфтӣ, Абдуҷаббор Раҳмон ва Ҷаноби Олиро таҳкир кардаанд, ки..."

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе бори дигар мушкили мутаваққиф шудани ҳафтаномаи “Нигоҳ”-ро шарҳ дод.

Орумбекзода, гуфт, бархе рӯзномаҳо дар танқид фаъоланд, аммо саривақт аз қайди Вазорат намегузаранд. Ӯ афзуд, масъалаи асосии мутаваққиф шудани чопи “Нигоҳ” дар тамдид накардани шаҳодатномаи фаъолияташ буд. Инчунин ба гуфтаи вазири фарҳанг ин нашрия ба таҳқири бархе аз шахсиятҳо роҳ додааст: “Аз ҷумла Абдуҷаббор Раҳмонро гуфтаанд, ки ин чӣ гуна академик аст. Домулло Муфтиро гуфтаанд, аз қафои зоғ равӣ, нӯлат ба “чиз” мезанад, ки ин таҳқир аст. Ҳатто баъзан ба таҳқири Ҷаноби олӣ низ роҳ додаанд.”

Вазири фарҳанги Тоҷикистон таъкид намуд, тибқи тамоми меъёрҳои байналмилалӣ таҳқири шахс мамнуъ аст. Ӯ аз он интиқод намуд, ки масъулини “Нигоҳ” зимни суҳбат дар Вазорати фарҳанг камбудиҳоро эътироф намудаанд, аммо баъди дарёфти иҷозаи чоп ислоҳ накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаномаи иттилотиву сиёсии “Нигоҳ”, ба далели надоштани иҷозатномаи Вазорати фарҳанг қаблан тайи ду ҳафта аз нашр монда буд. Баъди дарёфти иҷозаи чоп "Нигоҳ" навишт, ки сабаби аслии аз чоп мондани ду шумораи гузаштаашро муайян кардааст: “Муҳтавои гӯшаву шеваҳои пешниҳоди матолиби нашрия ва ҳамчунин забони мақолаҳои "Нигоҳ" ба мансабдорон ва ниҳодҳои алоҳидаи ҳукумат писанд набудаанд.” Дар ҳоле ки чопхона зимни радди чопи “Нигоҳ” надоштани санади бақайдгирӣ дар Вазорати фарҳангро пеш меовардааст.

Дар ин робита низ аҳли эҷоди "Нигоҳ" бар онанд, ки: а) баҳисобгирии давлатӣ як маротиба мешаваду муҳлатнок кардани шаҳодатномаи баҳисобгирӣ меъёри зиддиконститутсионӣ аст. Аз ин рӯ, бояд дар Суди конститусионӣ мавриди баррасӣ қарор гирад; б) сензура дар Тоҷикистон манъ буда, ҳеч ниҳоди ҳукуматӣ ҳаққи дахолат ба муҳтавоии расонаҳои мустақилро надорад; в) расмиёти техникӣ, монанди баҳисобгирии нашрия ва идораи соҳа аз ҷониби ниҳодҳои маъмур набояд боиси сӯистифода аз вазифаву мансаби давлатӣ, поймол шудани қонунҳо ва ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони кишвар гардад.
Мӯҳр
далер - Душанбе
“Аз ҷумла Абдуҷаббор Раҳмонро гуфтаанд, ки ин чӣ гуна академик аст. Домулло Муфтиро гуфтаанд, аз қафои зоғ равӣ, нӯгат ба “чиз” мезанад, ки ин таҳқир аст". мухтарам кормандони "НИГОХ" ин тахкир аст охир. танкид буданаш ба манфиати кор аст, аммо на ин...

Даосизм
Тибки меъорхои байналхалки танкиди АКИДАи шахс кобили кабул буда, аммо таъкири шахсият мамнуъ аст. Ба назарам "Нигох" хафтаномаи баъд нест. Аммо хар кас ба "Нигох" аз нигохи худ назар мекунад. Проблема дар он аст, ки мардуми мо таърифа кабул карда метавонад, хатто аз будаш зиёдашро, аммо танкидро харгиз намебахшад агарчи 101% дурустам бошад.

точик
Нигох тахкир накардааст, хакикатро гуфтааст.

Садри
Ин бечораи вазира бо хамон кадрхои вазораташ фахмидан даркор аст.

Агар ин кор хакикат дошта бошад, пас фахмида мешавад, ки вазорати фарханг хамаи рузномахоро сензура мекардааст, вале Нигох сарпечи нишон додааст

Даосизм,
Даосизм, бародари ё хохар намедонам, вале дону огох бош, ки тибки Конун хич кас ба вазири фарханг салохият надодааст, ки аз Рахмонов, Петров, Сидоров ё Муфти пуштибони кунад. Агар онхоро тахкир кунанду асос бошад, кайхо ба суд медоданд журналистхои бечораро

"Нигох" рост гуфтааст. Ман як умр ба илму фарханг сару кор гирифта, синам ба таги 70 даромадаасту аз ОСОРИ ГАРОНМОЯИ АКАДЕМИК АБДУЧАББОР РАХМОНОВ чизе чашмрас надидаам ва нахондаам. Харчанд, мехохам чизе аз у хонам, аммо нест, ки нест. Абдучаббор Рахмонов як мардй кунаду дар "Нигох", дар ягон рузномаи дилхохаш ё дар ягон сайт ба бахси илмй бурояд, баъд мебинем, ки кй праву кй ноправ. Мухтарам Орунбекзода, худ ва дигаронро хурмат намо.

Путин шахсияти хом нест, ки "Нигох" барин ВАО-ро "Агентхои хоричи" унвон карду назораташонро бамаротиб пурзур намуд. Ин Дустов кайхо "Бойфренд"-и созмонхои хоричист. Точику Точикистон барояш 1 сент кадр надорад. Пас, чаро гирди ин ном бояд мову шумо ихтилофи назар кунем. Суд хаст, конун хаст.....

Бекзода
Умуман рузномаи Нигох аз нигохи ман ягона рузномаи гайри давлатист ки Хакикаттро менаисад норасоихоеро ки ин рузнома менависад бояд ислох кард т

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)