Бахшҳо

Муовини Убайдуллоев дар бораи барномаҳои танқидӣ: “Аз дидани онҳо шарм медорем”

Насрулло Хайруллоев, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе дар мушкили рӯбарӯ шудаи шаҳрдорӣ дар баровардани партовҳои пойтахти Тоҷикистон сокинони баъзе аз шаҳру навоҳии ҳамҷаворро айбдор кард.

Оқои Хайруллоев рӯзи 16 январ дар нишасти хабарие гуфт, баъзе аз сокинони ноҳияи Ҳисору Рудакӣ, Шарора ва шаҳри Ваҳдат партовҳои худро дар партовгоҳҳои пойтахт мепартоянд. “Ҳамин халтаҳои селофанӣ бисёр як чизи аҷибе шудааст, ки сокинон аз ноҳияи Ҳисор, Шарора, Ваҳдат ва ноҳияи Рудакӣ, ки мошини сабукрав доранд, партовҳои худро ҳангоми омадан ба шаҳр оварда, дар нахустин партовгоҳи пойтахт мепартоянду гузашта мераванд, чун аз деҳаҳои онҳо партовҳорро намебароранд”,- афзуд ӯ.

Муовини аввали шаҳрдори Душанбе инчунин аз сатҳи фарҳанги шаҳрнишинии баъзе сокинони пойтахт шикоят карда гуфт, онҳо партовҳои худро ҳар куҷо рост омад мепартоянд ё фарзандони нобилиғи худро вобаста мекунанд. Насрулло Хайруллоев дар идома раванди намоиши барномаҳои интиқодӣ дар ин мавзӯъро “тезу тунд” хонда, иқрор кард, “мо низ аз дидани онҳо шарм медорем.”

Ӯ аз намояндагони ВАО-и кишвар даъват кард, бештар ба сокинон масъулияти шаҳрвандиро таблиғу ташвиқ кунанд: “Баъзе аз сокинони хонаҳои баландошёна партовҳои худро дар қуттиҳо намепартоянд, саҳар ба шавҳараш медиҳад, ӯ бароварда дар пушти гузаргоҳи хона мемонаду ба кор меравад. Бо ин ҳол мо даъво мекунем, ки шаҳри мо ифлос аст, биёед аз тариқи тамоми ВАО масъулияти шаҳрвандиро таблиғ кунем.”

Дар идома Зафар Сафаров, раиси ноҳияи Синои пойтахт низ ба ин масъала дахл карда, гуфт, дар рӯбарӯи дурбинҳои рӯзноманигорон нафароне дар бораи мушкили партовҳо гап мезананд, ки худ ҳаққи хидматрасонии баровардани партовҳоро солҳо насупоридаанд: “Вақте мегӯяд, мо пурра маблағи баровардани партовҳоро супоридаему сари вақт онҳоро намебароранд, рафта санҷиданд, солҳо насупоридааст. Замоне ки журналисти муҳтарам дар эфир ба нафаре сухан медиҳад, аввал ҳуҷҷатҳояшро бинад, ки дар асл супоридааст ё не. Ба мо маблағи баровардани партови сахти маишӣ медиҳанд, аммо яхдону дигар чизҳоро низ оварда мепартоянд.”

Ба гуфтаи Насрулло Хайруллоев ҳоло 65 мошин ба баровардани партовҳои пойтахт машғул буда, дар як рӯз аз ҳудуди шаҳри Душанбе 700 тонна партов берун мешавад.
Мӯҳр
илхоми
ЭЭЭх бача, Худо мушкилатонро осон кунад.

сокини Душанбешахр
Насрулло Хайруллоев ба фикрам дар барномаи лахзахои гуворо иштирок доред. Хандаовар. аз тарси мансаб хар чи ки дар забон омад гуфтан мегиред. Худо ба шукр ки забон устухон надоштааст. Камтар вокеи гап задан даркор Хисор Шахринав Турсунзода баъди як барномаи танкидии дигар мегуед, ки аз вилояти Хатлон оварданд.

толиб
хахахаха....хами мегум ови гармам хами хисорихову вахдатихо махкам карда бошанд)))))))

" Замоне ки журналисти муҳтарам дар эфир ба нафаре сухан медиҳад, аввал ҳуҷҷатҳояшро бинад, ки дар асл супоридааст ё не" ана гапи хандаовар и раиси нохияи Сино аз кучо медонад, ки журналист ки хасту вазифааш аз чи иборат мебошад. Боз айби худро бо забони худ гуфтед раиси мухтарам. Хохиш бахона пеш наореду ба дарди мардум расидаги намоед. Магар шуморо барои донистан кабудихо ба вазифа таин карданд е барои хали онхо.... Агар тахлил карда бароем як сола маблаги чамовардаи хаки партов барои пач соли оянда кофиааст...

Э хайрият бахонае ёфтед Насрулло Хайруллоев- муовини аввали раиси шаҳри Душанбе. Хамин нохияхои атрофи шахр намебуданд, чи мегуфтед. Партовгоххои кучаи Бухороро хам аз нохияхои Вахдату Хисору Рудаки оварда пур мекардаанд-да, нав фахмидем. Кашфиёт.

махмасаиди убайдулло пора на пенсию дар назди наберахо давраи пирия хушу хурсанд гузаронед!!!!!! рахмат хело хизмат кардед аз гаму гусаи миллат мумкин шабо ором хоб нестед монед боз ягон гамхори миллати чавонтар азоб кашаду хизмати сокинони шахра бачо орад!!!!!!!

Солех
Насрулло сад дар сад хак аст. Як бор бачахоро назорат намекунем, ки партовро бароварда дар кучо мепартояд. Як бор бинед диккат кунед, кад-кади рох то портовгох хар кучое рост омад, партофтаем. Тарбия дар оила дуруст нест... Шахрро бехуда гунахкор накунем, хуб мешавад.

Мусофир
Бовар кунед хар гох ба пойтахти Ватан равам шармам меояд шахр ба шахрхои пеш дар фильмхои хинду медидем мубаддал гаштаст,охир ин нест маданияти шахрдори хама ифлосию бенизоми дар наклиёту дар тартибот охир аз амали шумо дар назди дигар миллатон гардани мо хам мещавад

Комил
Э вой бар ҳоли шумо, кризис ба соҳаи партов низ дахл кардааст.

58
Муовини Убайдуллоев дар бораи барномаҳои танқидӣ: “Аз дидани онҳо шарм медорем”шарм ки доред пас вазифахоро ичро кунед,халки бечора охирин пайсаро медихад пас хак дорад ки талаб кунад.

Мухтарам Хайруллоев ва Сафаров шумо дархакикат дуруст мегуед бояд журналистхо пеш азон ки ин камбудихоро нависанд аввалан бояд рафта хонахои истикоматиро як як бинанд квитансияхои пардохти партовхоро шумо наметонед аз кисаи худатон пули партовхоро супоред.Масалан хамон кутихои партовпартои аз давраи шурави мондагиянд он оханхояшон алакаи пусидаанд бояд мардум пул чамъкарда аз кутихои партовпартоии плостикие ки эронихо истифодамебаранд харидори намоянд чунки шумо наметавонед барои онхо аз ин кутихо аз кисаатон бо Убайдуллоев рафта харед .Баъдан шахр калоншудаги ....бояд ин чизхоро мардум фахмад токат кунад журалистон ин наворхоро нишон надиханд бе наворхохам шахр багайри як кучаи марказ дигар хамааш дартаги партовхо мондааст....ба ки мегуи..

муовини раиси шахр бояд бо раисони махалла кор бикунад ва доир ба тартиб овардани партовгоххо супориш бидихад ва касе ки аз ухдаи кор набаромад аз кори раиси махалла бигирад.раисони махалларо таъриф неву танкид бикунед ки ба камбудихо рох медиханд. ин раисони махалла аз чамъоварии пули партов проценти калон мегиранду аммо бо сокинони махалла доир ба тозагии санитарии махаллаашон кор намекунанд ва инчунин агар аз болои ноухдабароии раисони махалла арз бикунанд хам аз кор холи намекунанд, чунки проценти пули партовро хамрох зиефат карда мехуред. кор кардан лозим на ин ки фата фата гапзадан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)