Бахшҳо

АКС: Падари раҳбари ифротиён дар Суғд: Паронед, нест кунед, инҳоро!

Туйчибой Абдуллоев, падари “Абдулло Увайс” – ки яке аз саркардаҳои ифротиён дар Суғд арзёбӣ мешавад, аз мақомоти тоҷик хостааст, алайҳи гуруҳҳои ҷиноию ифротӣ муборизаи беамон баранд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи боздошти гуруҳи 10 нафарии аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон, суҳбати телевизионӣ бо Туйчибой Абдуллоев, падари “Абдулло Увайс”-ро пахш кард, ки зимни он Абдуллоев аз рафтори писараш интиқод намуд. “Ҳанӯз вақти пешвозаш дар фурудгоҳ дидам, ки тамоман тағйир ёфтааст. Шимҳо боло, риш мондааст. Аз намозхонияш хурсанд шудам, аммо рафтораш тамоман дигар. Чанд моҳ насиҳат кардам, нашуд. Ман тарафдори намозхониям, аммо роҳи ҳалол бошад. Ман падар, дилам месӯзад, аммо роҳи пешгирифтаи инҳо дуруст нест. Ин роҳи ҳаромба илоҷаш бошад, паронед, нест кунед, инҳоро аз Тоҷикистон. Шукр гуфтан, даркор, ки ҳукумати Тоҷикистон ин қадар шароит фароҳам овардааст.” изҳор дошт, Абдуллоев дар ҳоле, ки гиря гулӯгираш мекард.

Мақомот Ҷалол Юсупов бо лақаби “Абдулло Увайс”-ро дар он муттаҳам мекунанд, ки дар муҳоҷират шомили Ҳаракати исломии Узбакистон шуда, вазифа гирифтааст, ки ба Ватан баргашта ҷавонони дигарро низ ба ин ҳаракат ворид кунаду барои таъсиси хилофати исломӣ замина фароҳам орад: “Ӯ дар ноҳияи Спитамен, аз ҷумла шаҳраки Нов, ҷамоатҳои Истиқлол, Улҷабоев ва Куруш 9 нафар ҷавони дигарро ҷалб карда, бо роҳи қасамёдкунӣ иттиҳод мекунанд.”

Тавре боздоштшудагон иқрор кардаанд, онҳо ҳадафи таъсиси хилофати исломӣ, кӯмак ба оилаҳои фавтидагон, озод кардани шарикони худ аз маҳбасхонаҳоро доштаанд. Тариқи қасамёдкунӣ онҳо уҳдадор шудаанд, ки дар сурати зарурат кӯмаки модию ҷонии худро барои ҷанг дар дохилу хориҷ дареғ нахоҳанд дошт.

Мақомоти пулиси Тоҷикистон мегӯянд, феълан алайҳи боздоштшудагон аз рӯи иттиҳоми ташкили иттиҳоди ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.


АКС: Падари раҳбари ифротиён дар Суғд: Паронед, нест кунед, инҳоро!

АКС: Падари раҳбари ифротиён дар Суғд: Паронед, нест кунед, инҳоро!

АКС: Падари раҳбари ифротиён дар Суғд: Паронед, нест кунед, инҳоро!

АКС: Падари раҳбари ифротиён дар Суғд: Паронед, нест кунед, инҳоро!

АКС: Падари раҳбари ифротиён дар Суғд: Паронед, нест кунед, инҳоро!

АКС: Падари раҳбари ифротиён дар Суғд: Паронед, нест кунед, инҳоро!

АКС: Падари раҳбари ифротиён дар Суғд: Паронед, нест кунед, инҳоро!
Мӯҳр
ozodagon, wumo chi xonandagonatona axmak fikr karden? az televizor aks girifta guzoriw bo aks gufta nawr mekuned. kasbi jurnalistiroham axmak karden. ravene diga somonai wumo namedarom.,,,

акрам
Худо шохидаст ин хама тухмат аст. Кадом бачаи калонда вазифа даркор шидай и бечорохора мешносм. Кадоам одами бо акл дар тчк гурухи ДИМШ-РО тасис дода дават ба суи у мекунанд? ! Модеме, ки ришро ичозат на мебинанд. Ачиб бародарон

Бомба
Ифротиён бо вуҷуди таъқибу боздошткуниҳо, руз то руз зиёд мешаванд. Ҳукумат бояд аз ии хулоса кунад, ки ин усули онҳо куҳна шуда, самарае намедиҳад. Бояд роҳи дигар, роҳи муносибати хубро пеша кард. Дар акси ҳол шикаст ногузир аст.

Рохравон
Фарзанди хуб боги Падар- фарзанди баъд доги Падар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)