Бахшҳо

Кабирӣ роҳпаймоии Грознийро зиндашавии уммати исломӣ гуфтааст

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумони кишвар дар доираи сафараш ба ҷумҳурии Чеченистони Русия бо Дукухава Абдурраҳмонов, раиси парлумони ин кишвар мулоқот кардааст.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дидори Кабирӣ бо Абдурраҳмонов дар ҳошияи роҳпаймоии дастаҷамъӣ ба ҷонибдорӣ аз Муҳаммад (с) рӯзи 20 январ дар шаҳри Грозний баргузор шуд. Ба гуфтаи ӯ, раиси парлумони Чеченистон аз иштироки вакили Тоҷикистон дар роҳпаймоӣ ба ҷонибдорӣ аз паёмбари Ислом (с) истиқбол карда, барои қабули даъват ва ташриф овардан ба шаҳри Грозний миннатдорӣ баён кардааст. Раиси ҲНИТ низ дар навбати худ аз ин иқдоми Рамзан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон дар пайи маъракаҳои ахири зиддиисломии Ғарб истиқбол карда, ин роҳпаймоиро ҷавоби қатӣ ба исломситезон донистааст: “Ин чорабинӣ на танҳо як роҳпаймоии мусолиматомез алайҳи сӯистифода аз арзишҳои динӣ буд, балки оғози эҳё ва зиндашавии уммати исломӣ ва гоми муҳиме дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст.”

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуотии парлумони Чеченистон низ аз иштироки Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи кории яке аз кумитаҳои ин ниҳод хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, раиси ҲНИТ рӯзи 20 январ дар ҷаласаи Кумита оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарлумонии парлумони Чеченистон бо ҳузури аъзои ин кумита - Сайд Ҳамзат Ҷамалуллайл, Ҳусейн Яхиханов, Магомед Алҳазуров, Амруддин Мирзаев ва Мансур Абубакаров иштирок кардааст.

Дар ин ҷаласа, ки таҳти раҳбарии Ҷамбулат Умаров, раиси кумитаи мазкур баргузор шуд, дурнамои ҳамкориҳои ниҳоди қонунгузории ду кишвар ва масоили марбут ба барномаҳои зиддиисломии баъзе аз кишварҳои Ғарб баррасӣ шудаанд. Умаров низ аз ташрифи ин вакили парлумони Тоҷикистон ба Чеченистон ба хотири иштирок дар роҳпаймоӣ ба ҷонибдорӣ аз Муҳаммад (с) қадрдонӣ карда, онро нишона ва амали як мусалмони воқеӣ донистааст.

Дафтари матбуотии парлумони Чеченистон менависад, Муҳиддин Кабирӣ дар ин ҷаласа суханронӣ карда, вазифаи асосии мусалмонон дар шароити феълиро нигаҳ доштани сулҳу оромӣ ва тазкими ваҳдат хондааст: “Пас аз ҳодисаи Фаронса, мо куштори журналистонро шадидан маҳкум кардем. Дар кишварҳои мутамаддин набояд эҳсосоти динии мусалмонон, масеҳиён ва ғайра таҳқир шавад ва бояд нисбати арзишҳои умумӣ ва инсонҳо таҳаммулпазир бошанд.”

Раиси ҲНИТ рӯзи 18 январи соли равон ба хотири иштирок дар роҳпаймоии дастаҷамъӣ дар Чеченистон ба ҷонибдорӣ аз Муҳаммад (с) озими шаҳри Грозний шуд.
Мӯҳр
Устод Кабири мо хело шодем, ки шумо дар Грозний бо умати Мухаммад ( с.а.с) будет ва зидди душманони ислом садо баланд кардед.

Номи
кабири неки аз хисоби парлумон хела чора гашти. дар хама чо меги ки аз хисоби хизб неки 99 фоизи сафархо аз хисоби вакил буданат дар парлумон даъват мекунанд. вагарна гайри афг ва ирон ё ягон давлати кафомондаи африко касе сурогат намекунад. дар гарб тем более... хамаш аз хисоби вакили ПАРЛАМЕНТ будан!

Ахсан М Кабири...Ин рафтори шумо лоики тахсин аст...
Аз пули ки рафтай кори ту чи "Номи"-шумо ба чои ин чамомади исломи ки дар Чеченистон гузашт дастгири кунен ина инхели гайбату занаксухани мекунен...
Шумо барин "часурони"-интернетиро бехуда номи "ДИВАННЫЙ АРМИЯ"-ном намондаанд...
Бехтарин амал бародар Кабири...
У нишон дод ки дар Точикистон дар катори Турачонзодахо хам дигар мусалмонхои зинда хастанд....

Ахтам
Аз Абухурайраи гурбабоз ривоят АСТ ки муъмин бародари Мумин аст

Номи,

Неки турам ранги занако будай )) Мерава, намерава, туда чи фарк дора ?
Ҳами мардум танҳо аз руи Кабири парлумони шуморо ҳурмат мекунад ва мешиносад. Ҳамаш дигар ранги ту бесаводан.

Ozodagon.org
Внимание! У вас нет прав для просмотра скрытого текста.
ман инхел коммент нанавиштаги будам. Шуморам аз сомонаи озоди ёд гирифтед ? Агар чоп кардани бошед, пурра чоп кунеД. МОШЕННИК НАШАВЕД

насим
Номи,
Бародар Номи шумо пеш аз хаминро навиштан Каме хам бошад фикр кардед? Агар Эрону Афганистан давлати акибмонда бошад дигар дар бораи Таджикистани пешрафта сухан накн. Агар фикри галати шуморохам кабул кунем фахмида мешавад Кабири бехтарин ё мусалмонтарин депутати парламент аст, чунки дар байни хамонкадар вакил Кабириро интихоб карданд.

точик
ТАЛХАКАФ шавед шумо.....Точикистон кишвари демократи аст.....боз талхакаф шавед....аз инки як марди Худо хамчун вакил ба кишвари дигар рафт талхакаф шавед.

Э нейеее огои Кабири ин зиндашавии уммати ислом нест. Шумоен ким кайхо ин уммата зинда багур кардаед. Дунеро ба фотихахона табдил додед. Туй аз мурда фарк намекунад. Танхо амри маъруф мондаасту халос. Ай очпш нозоида ки фикри мурдана мекна.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)