Ҷангҷӯёни узбак: ...Тоҷикистонро аз кофар тоза мекунем! (ВИДЕО)

Ҷангҷӯёни узбак, ки дар сафи гуруҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия меҷанганд, бо нашри як навори видеоӣ дар интернет изҳор доштаанд, баъди тасхири давлати Сурия рӯ ба Осиёи Маркзаӣ, аз ҷумла Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон хоҳанд овард.
Ҷавонони узбакзабон иддао доранд, дар пайи ташкили хилофати исломӣ дар Сурия, дар Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳам ба пирӯзӣ хоҳанд расид:"Бо хости Худо, мо ба фатҳ кардани Сурия шурӯъ кардем. Иншооллоҳ кишварҳои Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро низ аз кофарҳо тоза хоҳем кард."
Яке аз ин ҷавонҳо, ки бо забони англисӣ суҳбат мекунад, худро зодаи Осиёи Марказӣ мегӯяд: “Ман аз Осиёи Марказӣ омадам. Ин ҷо мардум аз режими Башор Асад дар азобанд. Мо дар ин ҷо хилофатро бунёд хоҳем кард ва баъд ба кишвари дигар хоҳем рафт ва дар он ҷо ҳам пирӯз мешавем."
Ба суоли наворбардор, ки оё ӯ хонаводаашро пазмон нашудааст, ҷангҷӯй ҷавоб медиҳад, “не, зеро оилаам дар ин ҷо бо ман аст.”
Ахиран, Қодир Маликов, таҳлилгари умури мазҳабӣ дар Қирғизистон гуфта буд, гуруҳи "Давлати иломӣ" барои ворид шудан ба Осиёи Марказӣ 70 миллион доллар ихтисос додааст. Ин коршинос мегӯяд, "Давлати исломӣ" бо мақсади ба ҳам овардани ҷангиёни кишварҳои Осиёи Марказӣ гуруҳи "Мовароҳуннаҳр"-ро ташкил додааст.
Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боз кардани парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи 53 шаҳрванди Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ хабар дод. Ин ниҳод теъдоди ҷангҷӯёни тоҷикро дар ин ду кишвар ҳудуди 200 нафар арзёбӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |