Бахшҳо

Кобул изҳороти Раҳимзода ва мушовири Путинро “дурӯғ” хонд

Мир Наим Ҳайдарӣ, фармондеҳи хадамоти марзбонии шимоли Афғонистон таҷаммӯи ҷангҷӯёни исломиро дар назди сарҳад бо Тоҷикистон рад кардааст.

Ҳайдарӣ дар шарҳи изҳороти мансабдорони воломақоми Тоҷикистону Русия оид ба таҷаммӯи ҷангҷӯён дар назди сарҳад бо Осиёи Миёна ба расонаҳои Афғонистон гуфтааст, ин изҳорот асос надоранд. Ӯ таъкид намудааст, ниҳоди зертобеяш ният дорад, бо мақомоти Осиёи Марказӣ табодули иттилои фавриро ба роҳ монад. Вай афзудааст, ба наздикӣ ба Тоҷикистон сафар дошта, бо ҳамтоёнаш масъалаи табодули иттилоъ ва баргардондани марзбонони рабудашудаи тоҷикро баррасӣ намудааст.

Расонаҳои Афғонистон мегӯянд, мақомоти Русия ва Тоҷикистон ахиран таҳдиди ҷангиёни исломиро хеле бузург нишон дода истодаанд, аммо дақиқ маълум нест, ки пушти ин бозиҳо ва баҳогузориҳои аз воқеият дур чӣ меистад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон аз таҷаммӯи беш аз 4 ҳазор ҷангҷӯй дар сарҳади Тоҷикистон хабар дода, аз таҳдиди “баҳори гарм” дар Осиёи Марказӣ суҳбат карда буд: “Тибқи иттилое, ки ба мо расида истодааст, ҷангҷӯёни Афғонистон иддао доранд, баҳори оянда худро нишон хоҳанд дод. То баҳор интизор мешавем, вақт нишон хоҳад дод. Ба ҳар сурат мақомоти Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ин иттилоъро доранд ва бояд чораҳои дахлдор андешанд.”

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ ҳафтаи гузашта, дар посух ба суоли “Озодагон” иттилоъ дар бораи таҷаммӯи ҷангҷӯён дар наздикиҳои сарҳад ва таҳдиди “баҳори гарм” ба кишварро тасдиқ кард: “Воқеан чунин маълумот вуҷуд дорад. Дар пайи амалиёт алайҳи ҷангҷӯён дар қаламрави Покистон онҳо ба наздикиҳои сарҳад ҳаракат доранд.”

Ӯ гуфт, дар ҳайати ин ҷангҷӯён аъзои созмонҳои гунонуни террористӣ, аз қабили Толибону Ҳаракати исломии Узбакистон қарор доранд: “Мо ҳар гуна иттилоъро дарёфт карда истодаем ва бо мурури дарёфти иттилоъ чораандешӣ мекунем. Баъди дарёфти иттилоъ доир ба хатарҳо аз Афғонистон хидмати низомиёни тоҷик ба низоми пурзӯр гузаронда шудааст. Чораандешӣ карда истодаем, баъзе гуруҳҳоро аллакай боздошт кардаем.”

Вазири умури дохилӣ таъкид намуд, дар боробари чорабиниҳо аз ҷониби Тоҷикистон Афғонистон низ мубориза хоҳад бурд: “Афғонистони пешӣ нест ва низомиёни ин кишвар бо техникаи муосир таҷҳизонида шудаанд.”

Раҳимзода илова намуд, ояндаи наздик дар Афғонистон намояндагии Вазорати умури дохилӣ ифтитоҳ хоҳад шуд, ки муборизаи ду кишварро алайҳи ҷинояткорӣ ҳамоҳанг ва пурзӯртар хоҳад кард.
Мӯҳр
Салим
Маълумаст дигар ки русия боз бахона кофта вохима карда боз сархадбонони худро ба Точикистон оварда истай. Эй бозихора бибинен аа
некин ин хайдари хубуш кадай рос гуфтай

точик
Окои Афгонистони! Ин сиёсатмадорони ин тараф барои тарсондани мардуми худашон ин корхоро мекунанд, асаби нашавед!

насихат
Роҳбар бояд, ки босавод бошад, фикр карда гап занад, аз мафкураи кишлоки ва гурухи дур бошад, пасон халк бахои хуб медихад. Умуман таърих исбот кардааст, ки худхохи, таъриф, риёкориву фиреб хуб нест.

дар як баромади Лавров дар Аврупо аз вести шунида будам, ки Лавров мегуфт.ки эмиссархои ИГИЛро дар Афгонистон дидаанд. албатта ин эмиссархо бехуда ба Афгонистон наомадаанд. бояд хушер буд.

Ачуба
Ба суханони Лавров бовар мекунаду, ба изхороти хамсоягон не.

ачуба, албатта ба хамсояам бовар надорам. Росия хохони оромии сархадащ саъю талош дорад, вагарна дар ин ватанат кайхо толибон раксу бози мекарданд.

Ачуба
Душанбеги, Магар Руссия сархад дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)