Бахшҳо

Президент: Тариқи демократӣ вориди сиёсат шудам, марҳамат шумо ҳам

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз аҳзобу номзадҳо даъват намуд, ки дар интихоботи парлумонии соли равон бе ягон “шантаж” озодона вориди корзори интихобот шаванд.

Ӯ таҷрибаи худашро, ки чӣ гуна вакил шудааст, мисол оварда, гуфт, ки худаш тариқи равандҳои демократӣ вориди сиёсат шудааст: “Имрӯз ҳам шароит фароҳам аст. Марҳамат, озодист. Мардумро фиреб кардан даркор нест. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фиреб кардем, оқибат ба чӣ расидем. Бе ягон шантаж биёед иштирок кунед. Ман назорат мекунам, талаб мекунам".

Раисиҷумҳур гуфт, агар камбудие ошкор шуд, дар Тоҷикистон мақомоти салоҳиятдор ҳастанд ва тибқи қонун ба онҳо муроҷиат карда шавад: “Хиёнат даркор нест, такя ба миллат кунед, дар ҷойнамоз рӯ ба қибла дар ҳаққи ин сарзамину давлат дуо кунед. Дар ягон давлат моро интизор нестем, онҳое, ки дар солҳои фирорӣ буданд, азоби ғарибиро медонанд. Давлат омода аст, вазифаи давлат таъмини амният тартиботи ҷамъиятӣ аст. Ташкилоту аҳзоб ҳам дар ҷое ташаккул меёбанд, ки он ҷо оромию субот аст.”

Эмомалӣ Раҳмон эътироф намуд, ки аҳзоби Тоҷикистон бекамбудӣ нестанд: “Ҳамаи ҳизбу созмонҳое, ки ҳаст хеле ҷавон астем. Дар дунё ҳизбҳое ҳастанд, ки сад дусад сол фаъолият доранду ба камбудӣ роҳ медиҳанд. Мо ҳам бекамбудӣ нестем. Агар камбудие шуд, бояд ба сохторҳои дахлдор муроҷиат карда шавад.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бори дигар ҳушдор дод, ки дар интихобот ба ба умеди хоҷагони хориҷӣ нашавед: “Расман огоҳ мекунем, ба умеди хоҷагони хориҷӣ нашавед. Онҳо болои оташ равған рехта якум аз кишвар фирор мекунанд. Мову Шумо мемонем. Мо дидем ҳамаашро.”
Мӯҳр
точик
Агар демократия ва ростгуи бошад, чаро як нафар аз ХХДТ 23 сол шуд президент аст? бо тагйиру иловахои калбаки ба Сарконун!!!! чаро навбат ба дигар хизбхо намерасад? магар хамин хам демократия шуд, демократия кайхо боз додувой гуфта аз Точикистон гурехта бурафтааст.

Рустам
точик,Бародар президента мардум интихоб мекунад. Бар зидди иродаи мардум рафтан раво нест. Халк касеро интихоб кунад, хамонро бояд эътироф кунем. Дар акси хол конуншиканй мешавад. Демократия хамин аст. Онро бояд омузем.

чинди
Чаноби президент савол ба шумо дар асоси ин гуфтахоятон: Барои чи "Точикистони нав"-и Зайдро ичозаи фаъолият надоданд???

суханхои хуб гуфтаанду лек амалаш........?

В.Волос
Дар Амрико ва Англия давлатхои пешрафтаи демократи асосан ду хизб садсолахо шуд, ки дар интихобот ширкат меварзанд ва бо навбат мардума фиреб медиханд. Тамоман шубхаовар, магар дигар хизбхо созмон додан дар ин давлатхо мумкин нест аз руи талаботхои демократи.

Латифа: Шер бо хамрохи гург,шагол ва рубох ба шикор рафта, сайди бузурге мекунанд. Сайдро дар байн монда, Шер ба гург мегуяд:
-Кани гург, сайдро таксим бикун.
Гург майлаш гуфта ду рони сайдро дар пеши Шер монда, бокимондаро дар пеши худ, шагол ва рубох мегузорад. Шер мегуяд.
-Бисер хуб, кани пештар биею гуй ки ту ин таксимотро аз ки ед гирифти?
Вакте,ки гург ба Шер наздик мешавад, Шер чунон як зарбае ба сари гург мезанад, ки гардани гург мешиканад. Ва шер ба шагол ру оварда мегуяд, ки сайдро таксим кунад. Шагол ба шер ру овардамегуяд:
-Чаноби Шер, шумо гуштхои лахмашро хуред, ба ману рубох хамин каллаю поча ва пусту устухонхояш кифоя аст. Шер мегуяд:
-Хеле хуб, офарин, кани пештар бие накл кун,ки ин такстмотро ту аз кучо ед гирифти?
Ва вакте,ки шагол ба Шер наздик мешавад , шер бо як зарба миенишаголро мешиканад ва рубохро мегуяд,ки сайдро таксим кунад. Рубох баъди каме тахаммул ба Шер мегуяд:
-Шохам, шумо ронхояшро хурдан гиред, ман гуштхои бокимондаро барои хуроки шоматон хомшурбо тайер мекунам, бокимонда пусту каллаю почаро худо хохад шаб тоза карда барои хуроки сахаратон калапоча тайер мекунам. Шер бисер мамнун шуда мегуяд:
-Офарин! Бисер таксимоти Одилона! Кани рубох гуй, ки ин таксимоти Одилонаро ту аз кучо ед гирифти?
Рубох дар чавоб мегуяд:
-Ин таксимотро шохам ман аз гардани шикастаи гург ва миени шикастаи шагол омухтам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)