Бахшҳо
26 янв 2015 08:39Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

“Бозгашти ҳар муҳоҷир бе нон мондани як оила аст”

Ба дунболи шадидтар шудани қавонини Русия дар иртибот бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва беқурбшавии рубли русӣ бештари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба Ватан бармегарданд. Дар робита суоли “Озодагон” аз соҳибназарон ин буд, ки АЗ БОЗГАШТИ МУҲОҶИРОН БИТАРСЕМ Ё ХУШҲОЛ ШАВЕМ?


Маҳдии СОБИР, коршиноси масоили амниятӣ

Муҳоҷират дар Тоҷикистон ин як раванди табиӣ аст. Ягон ниҳод барои дуруст ба роҳ мондани он коре намекунад. Магар Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷират метавонад, ки бо 16 намоянда дар Русия барин давлат ин равандро ба тартиб орад ва зери назорат бигирад? Албатта не! Рафтан ва омадани муҳоҷиронро низ касе назорат намекунад. Онҳо бо ихтиёри худ омада мераванд. Ва аз ин омаду рафтҳо роҳи оҳан ва фурудгоҳ даромади калон ба даст меоранд. Ин Ватани онҳост. Онҳо ба Ватан ҳеч хатаре надоранд. Омада инҷо ба мисли мо бо моҳонае, ки барои зиндагӣ зарур аст, фаъолият мекунанд. Агар зиндагии серу пур мехоҳанд, пас бояд дар дигар кишварҳо ҷои муносиб ҷӯянд. Барои муҳоҷирон ҳоло дар кишвар корҳои зиёди мавсимӣ ва доимӣ ташкил шудааст.

Мунаввари МУНАВВАРЗОД, коршинос

Чаро бояд тарсем, онҳо ҳамватани мо ҳастанд ва ҳақ доранд ҳар вақт ба Тоҷикистон оянд. Вазъро муташанниҷ мекунанд гуфта гирди Тоҷикистонро девор занем? Масъала дигар аст, биёянд нури дида.

Бобоҷони ШАФЕЪ, коршиноси масоили сиёсӣ

Чаро тарсем вақте онҳо ҳамватанони моянд? Чаро натарсем, вақте, ки зиндгии ҳазорҳо хонавода боз ҳам тиратар аз пештар мешавад? Наметарсем, балки нигаронем, ки вазъ беҳ намешавад.

Маҳмудҷон ДОДОБОЕВ, сухангӯи шаҳрдори Хуҷанд

Аз баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ҷои тарс набояд бошад. Зеро дар Тоҷикистон соҳаи кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатӣ аз набуди коргарону мутахассисони хуб аллакай танқисӣ мекашад. Мисол дар мо заминҳои аз кишт монда, зиёдшавии эълонҳои қабули мутахассисон бештар ба мушоҳида мерасад. Дигар ин ки тафаккури "танҳо Русия моро мехӯронад" мавқеи худро аз даст медиҳад. Ҳамчунин мо бояд ба ҳар дигаргунии кишварҳо камтар вобастагӣ пайдо кунем. Дигар чизе ки муҳим ҳаст мо бояд ин имкониятро дуруст саришта кунем ва чораҳои амалӣ андешем ва заминаҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии баргаштагонро пешбинӣ намоем.

Хуршеди АТОВУЛЛО, сардабири “Фараж”

Бояд хушҳол шуд чун ҳалқаи ғуломӣ назди хоҷаи бузург - Кремл сусттар мешавад ва бештар сари он бояд андешид ки, аввалан онҳоро бо кор таъмин кард баъдан агар имкони ҳамаи онҳоро бо кор таъмин намудан набошад, бозорҳои нави кор пайдо кард. Масалан дар Қазоқистон ва Белорусу ба ин монанд кишварҳо.

Абдуманон ШЕРАЛИЕВ, коршиноси масоили иқтисодӣ

Фикр мекунам бояд хушҳол шавем. Албатта бозгашти муҳоҷирон ин буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ дар пай дорад, ки дар назари аввал фоҷеа аст ва бояд ғамгин шуд. Аммо то абад намешавад мардумро ба муҳоҷират фиристоду осуда хоб кард. Бояд тағйирот сурат бигирад, иқтисоди ватанӣ рушд кунад, фасод решакан шавад, зулм хотима ёбад, тоҷик ҳадди ақал ба мавқеи қаблиаш баргардаду дигар Ҷамшуд набошад, мардум дар ватанаш зиндагӣ кунад, зан-модар аз зиндаҷудо будан наҷот ёбад, фарзандон ба дидори падаронашон сер шаванд ва боядҳои дигаре. Ва барои ин ҳама таконе лозим аст, чун давлат бояд хеле пештар чораҳо меандешид, ки наандешид. Инак, муҳоҷирон бармегарданд ва давлат маҷбур мешавад ба тағйирот даст занад, чун бозгашти ҳар муҳоҷир бе нон мондани як оила аст. Намешавад, ки масалан 400000 оила бе нон монаду давлат аз тағйирот наандешад. Чун гуруснаро бо фишору таъқиб сер наметавон кард. Албатта 2-3 сол мушкил хоҳад шуд, аммо билохира мо ба рӯзе дорем мерасем, ки ҳукумат ба атбояш гӯш хоҳад дод.

Аюб ЭГАМОВ, сиёсатшинос

Бозгашти муҳоҷирони мо аз Русия ду намуд таъсир мегузорад. Якум, таъсири кутоҳмуддат, ки аз ин бояд ҳукумати кунунӣ битарсад. Аз ҷиҳати иқтисодӣ ин таъсири манфӣ аст, зеро таъмини шумораи калони муҳоҷирон бо ҷои кор номумкин аст! Ҳамаи онҳо ба сафи бекорон дохил мешаванд ва вазъи иқтисодии онҳо бо аҳли оилаашон вазнин мешавад. Аммо нархи озуқа каме боло рафтанаш мумкин аст, зеро талабот зиёд мешавад. Дигар омили манфӣ ин боло рафтани сатҳи ҷиноят дар ҷумҳурӣ, зеро барои хӯронидани аҳли оилаи худ, қисми онҳо ба ҷиноят даст заданашон мумкин аст. Дуюм, таъсири дарозмуддат. Умуман бигирем баргаштани муҳоҷирони мо дар оянда барои пешравии иқтисодии мамлакат таъсири мусбӣ мерасонад. Чунки ё ҳукумати кунунӣ тамоми имкониятҳои худро барои таъмини қисми зиёди онҳо бо ҷои кор ва ё қарзҳои дарозмуддат бо фоизи паст барои кушодани бизнеси худ имконият медиҳад ё ин ҳама ба сари ин ҳукумат фишор меоранд ва онро ба таҳаввулот водор мекунанд. Ҳарду сенарияи дарозмуддат ба нафъи мардуми Тоҷикистон аст. Зеро ё ин ҳукумат кор мекунад ва ё ҷои онро командаи дигар мегирад.


Мӯҳр
чинди
махди собир чи мегуяд??? хахахахаа.......гуё барои зиндагиаш 700сомон зарур асту халос...

сохибкор
Соли2015ки россия конунша нисбати мухочирон пурзуркаодааст дар мо сохибкорон бисер зарари худро расонда истодааст дар хамин мох аз сабаби бозгаштани мухочирон ва вазнин будани хучат гузори, ки харди моро беш аз хама мухочирон ва хонадонашон мекунад корхонаи хурди мо ки сохтумониаст беш аз30 нафар бекор мондан
Аз ХукуматиТочикистони азизамон хохиш мекнем кибо давлати русия гуфту шунид кунад ва рохи осони барои хамватанон пайдо КУНАД агар Хамин хол равад корхонаи мо вахамчун мо бисёр корхонахо аз фаолият мемонанд ва мардумоне ки дар Хаминчокормекардан хамуношам бекор мемонанд аз шумо бозам хохиш ин масаларо харчизудтар бинед.

мухочир
АЗ ХАМИН СУХАНРОНХО ЯКТОАШ ДУРУСГУФТ А Э ХУКУМАТ БОЯД МИСЛИ РУССИЯ ЯК АНДОЗ БАРОРАД МИСОЛ ДАР ЯК СОЛ 150СОМОН ДИГОР КОРНАДОШТА БОШАД ХАЛК ЧИ СОХИ КИШ ЧИ СОХАИ САВДО БОШАД ЗИДАГИРО ПЕШБАРАД БОЗ Б Д А ро аз рох кам кунад ОЯАНДАИ ТОЧИКИСТОН ГЛУ ЛОЛАЗОРМЕШАВАД ХУДОЕ ВАТАНИ МОРО ОБОД КУН

Худованди Рахмону Рахим ризки бандаашро аз осмону замин худаш медихад. Ризки бандаи худо дар руи зами хар чо хар чой ё як чой чойгир карда шудааст. То тамом шудани он банда зиндаги мекунад. Аз Русия пеш мекунанд, хахаха ин маънои ба охир расидани ризкро надорад. Ин маънои онро дорад ки ризки бархе аз мусулмонони точикистони дар Русия ба охир расидааст, ризкашон дар дигар канори дунё дар Ватан ё дигар чой боки мондааст.

Зарина
Ба кишвари дорои иктисоди инкишофефта баргаштани мухочирон албатта хуб аст, аммо ба кишвари баракс шахсро ба андеша мебарад ба андешахои гамангез. Чи тавре, ки дар уруфият мегуянд "Гушна бо шер сезанад" чи тавре, ки дар боло кайд шудааст: “Бозгашти ҳар муҳоҷир бе нон мондани як оила аст” Худ андеша кунед.....

Мухочир
Гапхои бефоида

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)