Бахшҳо
27 янв 2015 15:08Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шарҳи мақомот дар бораи тирпаронӣ дар Бадахшон

Дар пайи як таниш дар ҷамоати Сучон, ҳудуди 10–15 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ афсари Гуруҳи таъиноти махсуси пулис ё "ОМОН" аз силоҳи оташфишон сокини маҳаллиро маҷруҳ кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, корманди милисае, ки охири ҳафтаи гузашта дар Бадахшон як сокини маҳаллиро маҷруҳ кардааст, мавриди таъқиб қарор гирифтааст. Ба иттилои як манбаи воломақоми “Озодагон” дар мақомоти қудратӣ, корманди ОМОН, ки худ зодаи ҷамоати Сучон мебошад, хостааст, сӯзишворӣ қарз гирад: “Аммо корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба ӯ қарз надодааст. Дар натиҷа корманди милиса мошинашро сахт ронда, аз назди Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) рафтааст. Корманди НФС нафарони дигарро ҷамъ карда, милисаро таъқиб кардаанд ва ҳатто тир холӣ кардаанд. Дар ҷавоб милиса аввал ба ҳаво ва баъд сӯи ҷамъомадагон тир холӣ мекунад ва тир ба пойи яке аз онҳо мерасад. Маҷруҳшуда корманди НФС набуда, яке аз ҷамъомадагон аст. Феълан тафтишот идома дорад.”

Дар ҳамин ҳол сокинони маҳаллӣ изҳор медоранд, ки корманди милиса аз маҳаллаи Боғеви Сучон буда, қазия дар маҳаллаи Манеми Сучон, ҳудуди 10-15 киллометр дуртар аз шаҳри Хоруғ рух додааст. Ба иттилои мусоҳибони “Озодагон” маҷруҳшуда низ зодаи маҳаллаи “Манем” мебошад.

Манобеи “Озодагон” мегӯянд, дар ин робита ҳудуди 7 нафар, аз ҷумла корманди “ОМОН” боздошт шуда, вазъи маҷруҳ муътадил мебошад.
Мӯҳр
мохир
кандзанед сокинони СУЧОН ин холат дар кишлоки мо ЧОРКУ харруз рухметияд милиса селсовет бе пул бензин мегирад сохибои НФС дар тую маракахо бо як дигар шикояд дорад вале метарсанд

Ачиб! Вай корманди НФС аз кадом намуди ярок тир холи кардааст. Ярокаш конуни бошад, ё мисли Панчшери мо дар Бадахшони Шумо хам мулкихо бо ярок мегарданд?

Sher,
Аҷиб ин бародари Панҷшери аз куҷо крилики хондана ёд гирифтааст? Ҳоло он кӣ бархе аз бародарони Афғон форси хондан наметавонанд. Ё ин Тоҷик ҳасту аз Тоҷик буданаш шарм медорад???

Е бесавод амучара нагз хон. Бепул не карз хостааст аму корманди ОМОН. Чихел канд занед аа???

Бародари беном! Якум ин аст, ки вакте ки фарзанд таваллуд мешавад, вазифаи падару модар ба у додани номи муносиб аст. Ту ки ном надорию худро беном муаррифи мекуни бо ту хочати бахс нест. Бидон, ки бузургонамон бехуда нагуфтаанд, ки: Бетамизихои одам дар сухан пайдо шавад, Пистаи бемагз чун лоб во кунад, расво шавад. Баъдан ин ки дар Панчшер ТОЧИКОН зиндаги мекунанд. Агар чи дар он суи марз аст. Барои ТОЧИК бошад, омухтани "КИРИЛИК"-и Ту дуро бар ду зам кардан аст. Муваффак бошед!! Озоди чоп мекарди хеле хуб мешуд. Боз як нафар хатояшро мефахмид.

салом Озодии гироми. ое шумо ягон хабарнигор дар Сучон доред? Шарм надоред ки ин хел маколаи дуруг ро барои мардум сабт мекунед. Ман шахсан аз ид деха астам ва он чизе ки шумо дар инчо навистет ба акикан тамоман монанд нест. Корманди ОМОН дар олати масти чанд бор пистолет ба ивази бензин гуфт диед (хамчун залог). нафароне ки чамъ шуданд тир холи карданд? аз кучо тир холи карданд? ин хам дуруг аст. как вам не стидно

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)