Бахшҳо

(ВИДЕО) Кабирӣ: Маро фарҳанги волои инсонӣ, самимият ва ҷасорати Суҳроб ба ӯ наздик карда буд

Сайф САФАР

Дар 7-умин рӯзи даргузашти Суҳроб Шарипов, собиқ раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ ва намояндаи порлумон Бошгоҳи коршиносии Осиёи Марказӣ - “Рушди АвруОсиё” дар шаҳри Душанбе мизи гирде созмон дод. Дар ин маҳфил чеҳраҳои шинохтае монанди Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, Муҳиддин Кабирӣ, намояндаи парлумон, Абдуғанӣ Мамадазимов, сиёсатшинос ва Абдулло Раҳнамо, корманди маркази тадқиқоти стратегӣ ширкат ва суханронӣ карданд.

Сайфулло Сафаров аз Суҳроб Шарифов ба ҳайси дӯст ва бародари худ ёдоварӣ кард ва гуфт, дӯстии онҳо замони таҳсил дар Маскав боз ҳам қавитар шуда буд. Ҷаноби Сафаров гуфт, “дӯстии ман бо Суҳроб Шарифов аз синфи 3 шурӯъ шуд. Суҳроб яке аз шахсиятҳое буд, ки барои миллати мо хизмат кардааст ва мехост хизмат кунад, вале марги беамон ин ҷавонмарди азизро ногаҳон ва ноҷавонмардона аз байни мо ҷудо кард. Мо мактаб ва андешаҳои ӯро эҳтиром ва амалӣ мекунем, чунки дигар вариант нест”.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, пеш аз ҳама бояд дар бораи Суҳроб ҳамчун инсон суҳбат кунем. “Аз нигоҳи ман агар мо дар ҷомеаи имрӯза як эталони инсоният ҷустуҷӯ карданӣ бошем шояд аз Суҳроб намунаи беҳтаре надошта бошем, ки он ҳам аз даст рафт. Шояд, ки аз Суҳроб файласуф, сиёсатмадор ва вакили беҳтар доштем ва дар оянда хоҳем дошт, вале мисли Суҳроб пайдо кардани инсон ё тоҷик кори осон нахоҳад буд”.

Оқои Кабирӣ афзуд: “Ҳарчанд ману Суҳроб дар ду лагери идеологии мухталиф будем, вале муштаракоти зиёде доштем, ки моро бо ҳам меовард. Маро бештар аз ҳама фарҳанги волоии инсонӣ, самимият ва ҷасораташ ба ӯ наздик карда буд”.

Муҳиддин Кабирӣ аз ширкат ва суханронии марҳум Суҳроб Шарипов дар 40-солагии ҲНИТ ёдоварӣ кард ва гуфт, “вақте ки ҳамаи вакилону сиёсатмадоронро ба маросими 40-солагии ҲНИТ даъват кардем Суҳроб гуфт, ки меравам. Гуфтам, дигар касе ҷавоб надод ки ширкат мекунанд ё на, ғолибан намеоянд. Агар аз рӯи дӯстӣ бо ман бошад худатро дар зери зарба намон. Гуфт, агар аз рӯи дӯстӣ мебуд ман ба хонаат меомадам, вале ҳамчун як сиёсатмадор ва ҳамчун шаҳрванди ин ҷомеа мехоҳам биравам ва нишон диҳам, ки бо шумо дар масоили сиёсӣ ва идеологӣ розӣ нестам, вале барои миллату кишвар шуморо лозим ва зарурӣ ҳисоб мекунам ва бояд шумо бошед. Пас аз иштироки ӯ дар ин маросим чӣ қадар мушкилот ба сараш омад, вале боз бо ҳама ошкор мегуфт, ки ин мавқеи шахсии ман аст”.



Раиси ҲНИТ дар идома афзуд, “бори дуввум, вақте ки ба анҷумани интихоботии ҳизб ҳамаро даъват кардем, Суҳроб омад ва гуфт, ин бор мерафтам вале пешакӣ огоҳам карданд, ки наравам. Ин нишонаҳои самимият ва инсонияти як нафар аст, ки моро ба ҳам хеле наздик мекард”.

Суҳроб Шарипов, ки аз бемории камхунӣ ранҷ мекашид, дар синни 52-солагӣ рӯзи 19 январи соли равон аз олам даргузашт. Ӯ муаллифи ду китоби сиёсатшиносӣ буда, даҳҳо мақолаи илмӣ ба қалами вай рабт дода мешавад. Марҳум дар мансабҳои гуногун, аз ҷумла мудири шӯъбаи сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи президент, ёрдамчии раисиҷумҳур ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии кишвар кор кардааст. Номзади илмҳои фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ буд ва дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким аз ҳавзаи рақами 3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба вакилӣ пешбарӣ шуд.
Мӯҳр
мунис-хоруг
ягон точик чуръат надорад хамон гуна ки мохи нутк надорад. часорат хамин буд ки бешаз 1000км кв замини точикро (ё мургоб замини точик нест,?) ба хитой фурухтанд вале инхо гуфтанд ки агар инро намедодем бештар мегирифтанд. яъне агар духтари калониямро ихтиёран барои тачовуз надихам хурдияшро хам шояд тачовуз кунанд. ку мантик пас нангу номус чист карзи паадару ьародар чист. чонфидои чист????хитой кай дар точикистон замин дошт??? чаро бо СССР даъво накард???? мо 70 хазор точик дорем дар шимоли хитой ки аз кадим зиндаги мекунанд дар кучои мургоб аз кадим як оилаи хитои будааст???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)