Бахшҳо

ВИДЕО: Зуҳуров: Табобатро давлат бояд ба уҳда гирад!

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон хостори баланд бурдани ҳаҷми нафақа ва додани имтиёзҳои бештар ба нафақагирони маъюб, аз ҷумла табобати ройгон аз ҳисоби давлат шуд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон рӯзи 28 январ гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 350 ҳазор шахс нафақахур мебошад, ки нафақаи онҳо хеле паст ва бо сабади истеъмолӣ баробар нест.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, баъзе аз сокинон бо пули нафақа зиндагӣ доранд: “Онҳое то соли 1994 ба нафақа баромадаанд ҳоло 200 сомонӣ нафақапулӣ мегиранд, ки онҳо ҳама муйсафеданд. Инҳо нафароне мебошанд, ки ба 600 ё 800 сомонӣ барои харидани доруву нигоҳубини саломатӣ ниёз доранд.

Раиси Маҷлиси намояндагон низ аз масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар талаб кард, ба нафақагирони маъюб бештар диққат диҳанд ва дар фикри ба роҳ мондани табобати ройгони онҳо аз ҷониби давлат бошанд: “Нафақаи онҳо мутаассифона кам аст ва бояд онҳо аз дигар имтиёзҳо истифода баранд, аз қабили табобати ройгон. Вақте табобат ройгон бошад, албатта пул кам сарф мешаваду пули нафақаи гирифтаашро ба хурду хурок харҷ мекунад. Ин бисёр ҷиддӣ гирифта шавад. Табобатро давлат бояд баруҳда гирад.”



Инчунин Шоди Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон низ ба ин баҳс шомил шуда, гуфт ҳаҷми нафақапулӣ хеле поин аст: “Ин нафақае, ки ҳоло онҳо мегиранд, рафта як бор дар дорухона пурсед, ду се таблетка мешавад, ҳоло хурдану зистан як тараф истад.”

Ин талаби Зуҳуров дар бораи баланд бурдани ҳаҷми нафақа замонест, ки раисҷумҳури кишвар – Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахири худ ба парлумон гуфт, аз моҳи сентябри соли равон ҳаҷми маош ва нафақапулӣ боло бурда хоҳад шуд.

Ба иттилои расмӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2014 дар Тоҷикистон 618 ҳазору 915 нафар нафақахур ба қайд гирифта шуда, андозаи миёнаи нафақаи онҳо 230 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин нишондод 163 ҳазору 707 нафар маъюбон мебошанд.
Мӯҳр
Салом. Ман маъюб хастам 5сол шуд нафака намегирам полеомилт 22 сола хастам ягон кумак нагирифтаам то хато аз 1000 сомони зиедтар масраф кардам лекин холо хам корам буд нашуд аз навбатпоию минати духтурону мансабдорон безор шудам инсоф кунед агар мансабдорону масъули хамин кор хаминро хонед каме аз худо тарсед хохишмандам тф падарам занг занед озодагон хохимандам чопаш бикун медонам ягон натича намебахшаду аз карнайчи як пуф 93812 0085 !

Шукурчон Зухуров рост мегуяяд нафака хурони милионеро нафакаашонро лагв карда ба муйсафедон ва кампирхо ва маъюбхо дода шавад ва набояд нафакаи як одам аз 500 сомон камтар бошад. Одамони даври пеш дар давлат 40 сол шабу руз кор кардаги 150 сомон мегиранд одамоне ки на дар давлат кор кардану на маъюбанд 400 ё 500 сомони мегиранд як хелшон дар сини 23 ё 24 солаги нафака хур шуданд одамони дар асл маъюбанд 150 сомони мегиранд ин массаларо чиди дидан даркор.

Дар хакикат Шукурчон Зухуров набзи чомеаро тез хис мекунад. У хеле дуруст мегуяд. Бо ин нафакаи мо дохру харида намешавад. Мо бояд Шукурчон Зухуров барин кадрхоро эхтиёт намоем. Онхо ангушт шуморанд. Онхо акли миллатанд. Аклхоро бояд хифз намуд.

нафакаро боло не кор карда нархи махсулота арзон кардан дар кор орд равган гушт ин махсулот аз бочи гумрук озод шавад

ма
Бародаро журналисто як хохищ ки хамин наворото е видеотона дар шабакохои точики монед токи бе мамоният вакте ки ютубу дигар шабакахоро мебанданд тамошо. кунем еки баъзе одамон хастан ки трафикашон паст аст наметовонанд тамошо кунанд видеора е ки вакти зиедашонро сарф мекуанд... Topvideo.tj бинед боз шояд хаст хамин гуна сайтхо...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)