Бахшҳо
30 янв 2015 09:43Тоҷикистон / Тема дня

500 $-ҳаққи интиқоли як духтари тоҷик барои фоҳишагӣ ба Дубай

Мақомоти пулиси вилояти Суғд аз боздошти ду нафар хабар доданд, ки дар таҳия ва фурӯши шиносномаю шаҳодатномаҳои қалбакӣ ва ҷалби духтарони тоҷик ба фоҳишагӣ дар Дубай муттаҳам мешаванд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як гузориши телевизионӣ гуфт, Рустам Саидов, сокини шаҳри Хуҷанд ва Баҳром Баҳриддинов, истиқоматкунандаи ноҳияи Ашт муддати тулонӣ ба интиқоли ҷавондухтарон ба Аморати муттаҳидаи Араб барои истисмори шаҳвонӣ машғул будаанд. Барои интиқоли ҳар духтар ба Дубай ин ҷавонони тоҷик 500 доллар мукофотпулӣ мегирифтаанд. Рустам Саидов иқрор шудааст, ки “мақсади мо ҷалби духтарон ба фоҳишагӣ дар шаҳри Дубай буд. Вақте онҳо дар фурудгоҳи Дубай мефаромаданд бояд, ки 500 доллар ба мо интиқол мешуд.”

Манбаъ мегӯяд, самти дигари фаъолияти ғайриқонунии Рустам Саидов омода намудани шиносномаҳои қалбакӣ, аниқтараш иваз намудани акси баъзе аз мизоҷон будааст, ки бар ивази ин кор 200 доллар мегирифтааст. Ба иттилои пулис Рустам Саидов дар Хуҷанд ду нафари дигарро кироя кардааст, ки онҳо шиносномаҳои шаҳрвандонро дуздида, бар ивази 20-30 доллар ба Саидов медодаанд: “Рустам Садов шаҳодатномаҳои қалбакии ронандагиро низ ба маблағи 100 доллар мефурӯхтааст. Ҳангоми боздид аз манзили истиқоматияш компютер, дастгоҳи ҳуҷҷатбарорӣ, шумори зиёди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, шиносномаҳои дохиливу хориҷӣ дарёфт шудааст.”

Манбаъ мегӯяд, феълан тафтиши парванда аз рӯи ин қазияҳо идома дорад.
Мӯҳр
ПАТРИОТ
Ба чои он,ки духтар ё хохари касеро фиред дода маблагдор шави, ХОХАР Ё МОДАРИ худатро ба Дубай бар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)