Бахшҳо
03 фев 2015 11:13Тоҷикистон / Сиёсат

Тағйироти кадрӣ: Таъини вазирону раисони нав дар Тоҷикистон(АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як қатор фармон бархе вазирон ва раисони ноҳияҳои кишварро иваз намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Неъматулло Ҳикматуллозодаро вазири нави рушди иқтисоду савдо ва Шералӣ Ганҷалзодаро вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин намудааст.

Шариф Раҳимзода, собиқ вазири рушди иқтисод ва савдо ва Хайрулло Асозода, собиқ вазири нақлиёт аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба ҳайси номзад ба парлумон пешниҳод шуда, ба ин далел аз мақомҳояшон барканор гардиданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, инчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Хайрулло Амонулло иҷрокунандаи раиси шаҳри Кӯлоб, Наим Набизода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, Умар Ёқубзода, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, Рустамбой Ҷураев, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ғончӣ, Ислом Шафиев, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент таъин шудаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур инчунин Пӯлод Сафарзода сардори идора-сармуҳосиби Ҳисобдории марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдумансур Саторов директори маҷмааи давлатии Кохи Борбади Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои навтаъинро ба кори пурсамар ва хизмати софдилонаю содиқона ба халқу ватан ҳидоят намуд: “Аз ҷумла дар назди вазирони нави иқтисоду савдо ва нақлиёт доир ба андешидану амалӣ намудани чораҳои зиддибӯҳронӣ ва ба анҷом расондани раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Ба роҳбарони нави шаҳру ноҳияҳои номбурда бештар доир ба ҷалби васеи мардум ба корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва пешгирӣ аз гароидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ супоришҳо дода шуд.”

Раисиҷумҳур таъкид намудаст, ки ҳар як роҳбар ва ҳар як ходими давлатию ҷамъиятӣ барои таъмини рушди босуботи кишвар ва ҳифзи оромию осоиши зиндагии мардум масъул аст.


Тағйироти кадрӣ: Таъини вазирону раисони нав дар Тоҷикистон(АКС)

Тағйироти кадрӣ: Таъини вазирону раисони нав дар Тоҷикистон(АКС)

Тағйироти кадрӣ: Таъини вазирону раисони нав дар Тоҷикистон(АКС)

Тағйироти кадрӣ: Таъини вазирону раисони нав дар Тоҷикистон(АКС)
Мӯҳр
чинди
Шариф Раҳимзода, собиқ вазири рушди иқтисод ва савдо ва Хайрулло Асозода, собиқ вазири нақлиёт аз ҷониби ҲХДТ ба ҳайси номзад ба парлумон пешниҳод шуда буданд.
Эзох:Дар чумлаи боло каме хатоги шудааст, аз хамин сабаб ба чои он чумлаи зер хонда шавад:
Шариф Раҳимзода, собиқ вазири рушди иқтисод ва савдо ва Хайрулло Асозода, собиқ вазири нақлиёт бо фармони президент ба ҳайси вакил ба парлумон таин карда шуданд.

Салом
хамин вазири тандурусти ва маорифро хам бояд иваз кунанд
вазири тандурусти чандин сол аст ки вазифадори мекунад аммо пешрафте нест

Яъкуб. Душанбешахр.
Ш.Ганчалзода аз Дангара, Х.Неъматзода хам аз Дангара будагист. Зеро дар бист сол факат як махал кадр таввалуд шудаистодааст. ...

Шахрванд
Муборак бошад ба Шерали Рахмон. Муваффакияту барори кор орзумандам.

Катори босаводхо?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)