Бахшҳо

Шикояти “Вавилон” аз Кумитаи андоз ба Президент ва Додситони кулл

Ширкати “Вавилон-Мобайл” аз қарорҳои Кумитаи андози Тоҷикистон дар мавриди аз суратҳисоби он ситонидани маблағи баҳсӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон ва Юсуф Раҳмонов, додситони кулл шикоят бурдааст. Дар ин бора аз дафтари матбуотии ширкат ба “Озодагон” хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, “онҳо инчунин ҷиҳати аз байн бурдани қонунвайронкуниҳои мавриди назар шахсан ба раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода муроҷиат намуда, дархост намуданд, ки дар доираи салоҳияти худ, ҳамчун раиси Кумитаи андоз қарорҳои қабулнамудаи худро боз хонда, нисбат ба шахсоне, ки барои амалӣ намудани манфиатҳои шахсии худ раиси кумитаро ба чунин қонуншиканӣ водор намудаанд, чораандешӣ намояд”.

Қаблан, масъулини ин ширкат аз қарорҳои Кумитаи андоз “Оид ба аз суратҳисобҳои бонкии ҶСП “Вавилон-Мобайл” дар ҶСК “Агроинвестбонк”; дар ҶСП “Казкомерсбонк-Тоҷикистон”; ҶСП “Тоҷиксодиротбонк”; дар ҶДММ ТАҚҲ “Зудамал”-и шаҳри Душанбе, ба таври маҷбурӣ аз суратҳисоби ширкат ситонидани 337 миллиону 204 ҳазору 546 сомонӣ” хабар доданд.

Масъулони “Вавилон-Мобайл” мегӯянд, қарорҳои мазкурро Кумитаи андоз бо такя ба иҷроиши ҳалномаи суди иқтисодии шаҳри Душанберо аз 20 октябри соли 2014 тартиб додааст, ки дар айни замон эътибори ҳуқуқии худро гум када, иҷроиши он бо таъиноти Суди олии иқтисодии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2015, то хотимаи мурофиа дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ, боздошта шудааст. “Агарчӣ нусхаи ин таъинотро, Суди олии иқтисодии Тоҷикистон ба шикояткунанда, тарафҳои манфиатдор ва иҷрочиёни суди иқтисодии шаҳри Душанбе фиристодааст, Кумитаи андоз наметавонист, ки баъд аз ду рӯзи ба даст овардани таиноти мазкур, яъне 28 январи соли 2015 қарорҳои худро “Оиди аз суратҳисобҳои бонкии ҶСП “Вавилон-Мобайл” ба таври маҷбурӣ аз суратҳисоби ширкат ситонидани маблағи баҳсиро ба имзо расонад”.

Манбаъ мегӯяд, “ин ҳолат нишон медиҳад, ки Кумитаи андози Тоҷикистон аз доираи салоҳиятҳои худ баромада, ҳатто қарори марҳилаи назорати Суди иқтисодиро дар бораи боздоштани иҷроиши ҳалномаи суди иқтисодии шаҳри Душанбе то хотимаи мурофиа дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ, сарфи назар кардааст ва умед дорем, Додситони кулл ба ин қарори ғайриқонунии Кумитаи андоз баҳои ҳуқуқӣ медиҳад".
Мӯҳр
РАШИД КАЛА КАШИД
АЗ ЧАНОБИ ОЛИ ХОХИШ МЕКУНЕМ КИ САРИ ХАМИН МАСАЛАДА ЧИДИ НАЗОРАТ КУНАНД ЯК ТОЧИК СУМДОР МЕШАВ ДАР ХОЛ БОЯД ТУРМАШ КУНАНД ИЛТИМОС БАС АСТ ХАМИН КОРХО АЙБ АСТ ШУМО ОДАМИ СУМДОРА ИСТИФОДА БАРЕН СУМОША НАХО КИ ТУРМАШ КНЕН ОЗОДАГОН САЛОМАТ БОШЕД

Аз рафти кор маълум мешавад ки Давлатов сооф намедона, ки конун чияй хукми суд чияй...

Мухтарам Эмомалии Рахмон Шумо мегуед дуст бошен,тифок бошен........
, мо тарафдори ин гуфтахо,лекин бо ин корбарии кормандони давлати чи гуна дуст шудан мумкин аст?

Чаноби оли илтимос хамин кумитаи андозро як проверка кунед тарики корупсия ...ба шарте ки бо Ф.Саидов чураги накунад ё махалбози.....ин чи гап хулаш

Точибача
Мӯҳтарам Президенти кишвар. Мо аз Шумо умед дорем ва Шуморо ҳамчун шахси адолатпарвар мешиносем. Охир ин чи кор аст? Инкадар фишор ба бизнессменҳо ва соҳибкорони кавй аз тарафи як ниҳоди давлатӣ.

Суррр,
Давлатзода худ хукукшинос нест, вале Кумитаи андоз худ хукушинос дорад ку. Наход хукукшиноси Кумита ба ин дарача аз конун бехбар бошад, ки раисро ба чунин конуншикании бузург водор намояд. Ба фикри ман раиси Кумитаро зарур аст, ки фаваран хукшиноси худро нав кунад.

Суррр,
Ба имзо расидани чунин Карор аз тарафи Раиси Кумита, ки хатто карори судро сарфи назар кардааст, ин аз он шаходат медихад, ки вокеан раиси Кумита хукушинос нестанд. Вале ман хукушиноси Кумитаи андозро хуб мешиносам. Эшон тачрибаи бойи хукуки доранд ва намебоист ба чунин иштибох рох диханд. Инчо хатман Карор бо супориш ва вобаста ба вазъияти ба амаломада кабул карда шудааст. Вакте хукукшиноси давлати вобаста ба вазъият карор кабул кунад, Конун хатман сарфи назар мешавад.

Мавзуна,
Мавзуна,Чаноби Нусратулло Давлатзода! Эхсос карда истодаед, ки кормандонатон дар масъалаи барилова андозбанди кардани Вавилон, ба шумо маълумотхои бардуруг медиханд. Хама корро карда истодаанд, ки шумо хамчун Раис, аз асли вокеа бохабар шуда, худи онхоро ба чавобгари накашед. Бинобар ин, аз ваколататон истифода карда, халли ин масъаларо ба кормандони дигари холиси худ супоред, хохед дид, ки "гап дигару асли вокеа чизи дигар аст".
Мавзуна,
Мавзуна,
Мавзуна,
Мавзуна,
Мавзуна,
Точибача,
Точибача,

Таърихчӣ
Вандализми асри 21 ҳамин будааст. Ширкате ки ин қадар ободу доро аст бояд валангор шавад, беҳтарин роҳ аз тариқи халалдор кардани вазъи молиявии он аст.

хукукшинос аз чазира
Кумитаи андоз як маротибаи дигар хисоб кунед кадоме кормандонат обу лой кардагист барои ки хар сол ширкати Вавилон бехтарин андозсупорандаи сол эьлон мешуд чи инаш низ дуруг буд чаноби Давлатзода

ховалинг
хай хеч гап не 338млн ба бучаи давлат равад ами духтуру малим саривакт пул гира хеч гап не дияя. Худованд ризкдиханда 7млн точика Худо ризкаша додесай ами 3000 хазорам Иншоолох метия ризкашро.Чи инкадар воима кардесен. Хай хела чамуш кард Б.Файзуллоев аку камтаракша супора хеч гап не.

Дастнигар
Ассалому алайкум хамватанони азиз ! Бахси мазкур на ин ки Бехзод Файзуллоев ва кормандони ин ширкатро нигарон кардааст, балки аксарияти сохибкорони ватаниро нигарон кардааст.Аз сахмгузории Бехзод Файзуллоев дар якчанд сохахои гуногун хабар дорам.Хангоми ходисахои нохуши табии ба монанди обхези ,ки дар чандин минтакахои ватанамон рух додааст ин МАРДИ БОХИММАТ сахми бузург гузоштааст.Яъне хонахои истикомати сохта додааст.Дар сохаи варзиш , гамхори ба ятимхонахо, дастгирии маъюбон,итифоки нависандагон ва гайра ва хоказо.Имруз ширркат ба дастгирии сарвари Давлат мухтарам Чаноби Оли ниёз дорад ва умедвораст. Чаноби Оли аз замони чангхои шахрванди то ин замон ба БЕАДОЛАТИХО хотима бахшидааст, умедворем сари ин масъала низ хулосахои мусбии катъи мебахшад.Аз ноумеди басе умед аст , Поёни шаби сиёх сафед аст.

Салом ба хама
Ин чи бедоди Дар Точикистон 1 ширкате хасте 25 фоизаш аз худи точикистон аст шумо норохат мекунед... Монед кор кунад охир

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)