Ҳалокати марди солхӯрда ва заҳролудшавии 7 ноболиғ дар Панҷ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар як хонавода аз дуди ғализи ангишт ва ҳезум 7 ноболиғ заҳролуд шуда, соҳибхонаи 63 сола ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ мегӯяд, Ҳайдар Ҷабборови 63-сола рӯзи 4 феврал дар шаҳраки Панҷ барои гармкунии ҳуҷраи зисташон дар бухорӣ ҳезуми дарахти писта ва ангиштсанг андохтааст: "Дар натиҷа аз дуди ангишт худи Ҷабборов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ноболиғони хонавода - Шукрона Ҷаббороваи 16 сола, Сафина Наботоваи 11 сола, Наврӯз Наботови 10 сола, Омина Наботоваи 9 сола, Адиба Наботоваи 8 сола, Тақсира Наботоваи 5 ва Фирӯз Наботови 4 сола заҳролуд мегарданд ва феълан дар беморхона бистарӣ мебошанд."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |