Мурофиаи Муқимов ва Гиёев барои куштори нафақахӯрон
Эмомалӣ Муқимов ва Алишер Гиёев, ду шаҳрванди Тоҷикистон дар куштори нафақахӯрон барои маблағ дар Русия муттаҳам мешаванд.
Додситонии вилояти Челябинск имрӯз, 6-уми феврал бо пахши як иттилоия аз ирсоли парванда алайҳи Муқимов ва Гиёев ба иттиҳоми роҳзанӣ ва куштори одамон бо мақсадҳои ғаразнок ба додгоҳи вилоятии Челябинск хабар додааст.
Тибқи иттилои тафтишот ин ду нафар дар як ҳаммоми боғзори “Курчатов” бо иҷозаи соҳибони ин қитъа аз моҳи январи соли 2014 зиндагӣ мекардаанд: “Дар вақти иқомат муҳоҷирон огоҳӣ ёфтаанд, ки соҳибони боғзор дар хонаи худ маблағи нақд дар ҳаҷми як миллиону 700 ҳазор рубли русӣ доранд. Бинобар ин моҳи феврал шомгоҳӣ дар ҳолати мастӣ ба ҷойи хоби соҳибони боғ омада, бо табар марди 69-сола ва ҳамсари 64-солаашро ба ҳалокат мерасонанд.”
Ба иттилои додситонӣ, муттаҳамон аз хона як миллиону 752 ҳазор рублро гирифта, мегурезанд: “Аммо дар пайи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ айбдоршавандаҳо боздошт гардиданд ва феълан парванда алайҳи онҳо ба додгоҳ ирсол гардид.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |