Бахшҳо

Боздошти сарнозири шӯъбаи фуруши барқ барои тасарруфи 28 300 сомонӣ

Як корманди Шабакаҳои барқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иттиҳоми сохтакории аснод ва суистифода аз ваколати мансабӣ боздошт шудааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, Абдулло Гадоев, сарнозири шӯъбаи фуруши барқи Шабакаҳои барқи ноҳияи Синои пойтахтро дар асоси шикояти шаҳрванд Ҳаитов Р.Т. дастгир кардаанд. Ҳаитов гуфтааст, Гадоев аз ваколатҳои мансабиаш сӯиистифода намуда, маблағҳои пули истифодашудаи барқи нонвойхонаи мутаалиқ ба ӯро дар чанд марҳила ба маблағи умумии 29 000 сомонӣ гирифта, аз ин маблағ ҳамагӣ 700 сомониашро ба хазинаи “Амонатбок” супорида, 28 300 боқимондаро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф кардааст.

Агентӣ мегӯяд, “инчунин Гадоев А.А. бо мақсади руйпуш намудани кирдори ҷинояткоронааш ба шаҳрванд Ҳаитов Р.Т. 6 адад расидҳои бонкии қалбакӣ аз номи БДА “Амонатбонк” оид ба даромади маблағи 21 000 сомонӣ бо тариқи сохтакорӣ тайёр карда додаст”.

Ба иттилои манбаъ, оид ба ин ҳолат нисбат ба Гадоев Р.Т. бо моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” ва 340 қими 2 бандҳои “а,б”-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
россиян
Холо дар гушаи дилаш шуьлае фурузон аст.зинда бод амнистия дар ч т 500% гарантия ки баьди 2 сол боз давом хохад дод...!!!!!

Ин хел корхо дар тамоми чумхури таи чанд сол дар хама сохахои хизматрасонии молиявию бонки давом дорад. Тамоми сохахои кудративу назорати аз ин кор хабар доранд, вале ягон маротиба ба тарики телевизион саркардаи ин расидхои калбакиро ба омма нишон надодаанд. Якбор расидхои хизматрасони техникии наклиёт ва андозхои онхоро санчида бароед. Дар ин корхо бисёрихо даст доранд, вале шахси аввалини онро ба чавобгари намекашанд, танхо одамони сеюм ва чахорум чавобгар мешаванд .(ба монанди сохаи андоз)

халим
нохияи Синоро тоза кунед аз такаллубкорон

хакгуи,
О бародар, ки пеши рохи инро мегирад? як занчири дарозе хаст ки, агар аз паи он шаван, окибат мебини ки хамаш аз як колхоз мешавад.

гул
Коркунони корупсия худ фасод хастанд.Онхо аз дастгиршуда пули бисер мегиранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)