Бахшҳо

Акбари Саттор дар 50 солагиаш ба чӣ "stop!" хоҳад гуфт?

Раҷаби МИРЗО

“Одамони муваффақ онҳоеанд, ки аз ҷо баланд мешаванд ва
тасодуфи худро меёбанд”
(Бернард Шоу)


Дар назари аввал чунин менамояд, ки ҳама зиндагии ӯ пур аз тасодуф аст. Пас аз хатми мактаб мехост ба ягон омӯзишгоҳи касбӣ ҳуҷҷат супорад, вале муаллимаш ба пеши падараш омаду мӯйсафедро мутмаин сохт, ки ин нақшаи писар дуруст нест. Розӣ шуд, ки ба ягон донишгоҳ дохил шавад, аммо танҳо ба оне, ки шоир тарбия кунад. Дар Душанбе чунин мактаби олӣ набуд ва падару писар розӣ шуданд, ки ҳуҷҷатҳоро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллӣ супоранд. Баъдтар ба назараш шеърҳои дар аввал навиштааш, ки барояш бисёр олӣ менамуданд, чандон хуб натофт. Хулоса кард, ки шоирӣ касби ӯ нест. Пас аз хизмати дусолаи аскарӣ ба донишгоҳ баргашт. Як рӯз ҳамсабақони бешуморашро гирди ҳам дид, ки сари кадом масъалае баҳс мекунанд. Маълум шуд, ки дар заминаи факултаи филологияи тоҷик шӯъбаи журналистика ташкил шудаасту бисёриҳо ба он гузаштан мехоҳанд. Якбора дар дилаш шӯълаи ин касб пайдо шуд,аммо хоҳишмандон хеле бисёранд. Новобаста аз ин ҳамроҳи ҳамсабақон ба ҳамон аудиторияе рафт, ки ба гурӯҳи журналистика интихоб шудаанд. Муаллим дар дарси аввалин ҳайрон шуд:

- О, номи ту дар ин рӯйхат нест - ку!?
Зориву тавалло кард, ки мехоҳад журналист шавад. Муаллим баҳсро ба вақти дигар гузошт, чун намехост вақти дарсро «беҳуда» гузаронад:
- Ба кабинети ман биё, масъаларо дар он ҷо ҳал мекунем!
Рафт, вале ҳамон лаҳза ба пеши устод меҳмонҳои мӯътабар омада буданду ӯ имкони сӯҳбат надошт. Ҳамин тавр «масъала» ҳалношуда боқӣ монд…

Баъди ду соли таҳсил дар шӯъбаи журналистика дар факулта эълоне пайдо шуд, ки хоҳишмандонро барои идомаи таҳсил ба шаҳрҳои Маскаву Петербург даъват мекард. Ӯ мехост ба Ленинград равад, аммо дар рӯйхати нафароне номашро дид, ки ба факултаи журналистикаи шаҳри Маскав шомил шудаанд. Тасодуфан духтаракеро вохӯрд, ки ӯ баръакс мехостааст ба Маскав раваду номаш дар Ленинград аст. Ҳуҷчатҳоро иваз карданд ва оне, ки ҳуҷҷат қабул мекард бо сабаби серкорӣ аҳамият надод, ки кӣ бояд ба куҷо равад. Ҳамин тавр ба Питер рафт…

Пас аз хатми донишгоҳ ба рӯзномаи марказии «Тоҷикистони шӯравӣ» («Ҷумҳурият») ба кор қабул шуд. Дертар мудири шӯъбаи сиёсати рӯзномаи навтаъсису пурнуфузи «Садои мардум». Дар ҳамин ҷо гӯё бахту тасодуфи нек аз ӯ рӯ тофт. Чун кашмакашиҳои сиёсӣ ва ҷанг ба ҳамон замон мувофиқ омаду дигар мудири шӯъба, ки дар гузашта як шахси мансабдору обрӯманд ба ҳисоб мерафт, акнун на танҳо арзишманд набуд, балки хавфнок низ гардид. Ба тиҷорат рӯ овард, то оилаи худро таъмин карда тавонад. Аз хориҷи кишвар мол меоварду мефурӯхт. Тасодуфан як рӯз дар купеи қатора бо як марди ношиноси қирѓиз ё қазоқ ошно шуд. Ӯ мисле, ки таънааш мекард, ки аз рӯи касб кор намекунад, яъне соҳибкасб нест. Шояд барои ҷумбондани номуси касбӣ. Таъсир кард. Дар ҳамон купеи қатора нақшаи ташкили нашрияи шахсиро дар сар парварид. Идеяҳои аввалин дар ҳамон сӯҳбат пайдо шуданд. Вале дар Тоҷикистони онзамона ташкили рӯзнома як кори беҳуда (мардум рӯзномагурез шуда буданд) ва то ҷое хатарнок ҳисоб мешуд (андешаеро бор карда буданд, ки ба ҳамаи бадбахтиҳо журналистон гунаҳкоранд). Новобаста аз ин дар ҳар сафар теъдоди зиёди нашрияҳои хориҷиро бо худ овард.

Таваккал карду аввалин нашрияи худро бо номи «Дайджест- пресс» (соли 1994) ташкил намуд ва дар он аз нашрияҳои гуногуни русӣ матолиби ҳархеларо ба чоп расонд. Тасодуфан аз шумораи аввалинаш серхаридор шуд. Бар замми ин барои як гурӯҳи одамони бекор ҷои кор ёфт. Акнун кампиракони аксаран рус, ки намедонистанд аз бекорӣ куҷо раванду қутти лоямут пайдо кунанд, аз ҳисоби фурӯши «Дайджест - пресс» зиндагии худро ба пеш мебурданд. Аз ҳама муҳимаш мардум дубора рӯзномахон шуданд. Пул пайдо шуд, акнун ба хориҷа рафтану мол овардан зарур нест. Ду сол пас ба хулосае омад, ки нашрияи тоҷикӣ таъсис диҳад. Ҳамин тавр ҳам шуд - баҳори соли 1996 шумораи аввалини «Чархи гардун» ба чоп расид. Журналистони бисёре ба кор фаро гирифта шуданд. Аксари журналистони номдор мактаби «Чархи гардун» -ро гузаштанд. Ҳатто барои Ҳошим Гадо, ки аз театр канор рафта буд, ҷои кор пайдо гардид. Ҳоло ҳам ин ҳунарманди номвари мо аз муассиси «Чархи гардун» миннатдор аст, ки ӯро дубора одами ҷамъиятӣ намуд.
Оре, сухан дар бораи Акбари Саттор меравад…

ӮРО БОЯД ШИНОХТ!

Сатторов Акбаралӣ Қурбоналиевич. 10 феврали соли 1965 дар Ҳисор таваллуд шудааст. Деҳаашон Мортеппа дар сари роҳ аст, аз ин рӯ баъзе аз дӯстонаш бо шӯхӣ то ҳанӯз дар тавсифаш мегӯянд: «Бачаи сари роҳи калон». Соли 1990 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинградро хатм кардааст. Аз август то ноябри соли 1990 дар «Ҷумҳурият», баъдан то ноябри соли 1994 дар «Садои мардум» кор кардааст. Декабри соли 1994 «Дайджест - пресс» -ро таъсис доду дар заминаи он «Чархи гардун», «Вечерний Душанбе», «Авиценна», «Время - деньги» ва дигарон пайдо шуданд. Аз соли 2006 раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ, аъзои Шӯрои милли муқовимат зидди коррупсияи ҶТ, аъзои ҳайати Шӯрои илмию таҳририи Энсиклопедияи миллии тоҷик, аъзои Шӯрои ҷамъиятии ҶТ, аъзои Шӯрои коршиносони назди ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, яке аз муассисони Шӯрои ВАО-и ҶТ… Ба бештар аз 30 давлати дунё сафар дошт. Оиладор соҳиби 4 фарзанд.

Шеъри болоимизиаш:
Мансаб, ки гирифтед фаромӯш накунед,
Як вақт шумо мисли ман одам будед.

(Хайрандеш)
Андешаҳояш низ мисли дигарон нест. Дар ҳар масъала назари инфиродии худро дорад…

"STOP"-И БОТИНӢ

«Агар инсон масъулиятро эҳсос намекунад, пас ӯ танҳост, вале танҳоӣ ин даҳшат аст».
Андешаи як файласуф


«Тавре мегӯянд, агар одам зиндагии дурусту дилхоҳ дорад, гузашти солҳо барои ӯ бештар аз чанд рақам чизе нест. Гуфтанӣ нестам, ки зиндагии ман ҳамеша онгуна буд, ки мехостам. Вале ман ҳич гоҳ фаромӯш намекунам, ки чӣ масъулият ва шояд рисолатҳое дорам. Шарҳ додан намехоҳам. Гуфтаниам, ки барои як инсон синну сол муҳим нест. Муҳимтар аз ҳама масъулияти синнусолист. Мехоҳӣ ё не бо гузашти солҳо «филтр» -и ботинии инсон ба ҳаракат медарояд ва иҷрои баъзе аз амалкардҳоро «stop!» мегӯяд. Агар ба ин фармони ботинӣ итоат накардӣ, яқин аст, ки шикаст андар шикаст пешорӯи туст. Шояд дар оянда андешаву бардоштҳои хусусии худро китоб намоям, чун аз ҷавонӣ рӯзноманависиро дӯст медораму дафтарҳои гуногун бо хотираҳои ҳархела дорам. Номашро ҳам тақрибан хулоса кардаам: «Сояи гуноҳ» ё «Сояи хато».

"БОЯД ҶУМБИД…"

«Бовар кунед, мо афсӯси бештар хоҳем хӯрд, агар ҳамаи хоҳишҳоямон амалӣ шаванд».
Эзоп


«Мутаассифона бархе аз одамон зиндагии худро бо афсӯсу надомат пушти сар мекунанд. Албатта ҳар касро, вақте мушкиле домангираш шуд, фаҳмидан мумкин. Вале ин ҳам маълум аст, ки бо афсӯсу надомат коре ҳал намешавад. Дар куҷое хонда будам: «Бояд ҷумбид, то кунда гуфта, ба сарамон бо табар назананд!». Ин воқеияти зиндагист. Аз хато кардан ҳам набояд тарсид. Тавре бисёриҳо мегӯянд, «иштибоҳ танҳо одами карахт намекунад». Иловаи ман: «Ҳатто иштибоҳ низ бояд моли шахсии одам бошад!». Масалан ба кӯдак ҳазор бор бигӯ, ки дастатро ба чойнаки сӯзон нарасон, ӯ ин хоҳишашро танҳо бо сӯхтани даст ё ягон узви баданаш бас мекунад. Ман ҳам лоиҳаҳои номуваффақ дар матбуот кам надоштам. Вале ин ҳолатҳо маро аз роҳам пас нагардонд. Ҳамеша думболи идеяи нав ҳастам. Ҳоло бошад ба хулосае омадаам, ки насли имрӯзро шояд намефаҳмам. Аз ин хотир, лоиҳаҳои тозаамро мехоҳам бевосита бо иштироки худи ҷавонон роҳандозӣ кунам.»

"АЗ "ДӮСТОНАМ" ХОҲИШ ДОРАМ…"

«Хислати инсонро ақаллан як бор бояд таҳаммул кард,
дар он сурат ман омодаам дар як соат тақдири ӯро ба пуррагӣ тағйир диҳам!»
Федор Михайлович Достоевский.

«Гуфтам, ки сарватмандиро ҳам дидааму мушкилотро ҳам. Вале кӯшиш кардаам худам таѓйир наёбам. Ба қавле тафаккури қишлоқии ман ба ин роҳ намедиҳад. Оре, мебинам, ки баъзе бо ном дӯстонам дар муносибат дигаргун мешаванд. Ба онҳо ѓаразе надорам. Аммо гоҳҳо ба одам алам мекунад, ки ба як дӯсти худ рози дил мекушоиву баъдан мебинӣ, ки онро дар муқобили ту истифода кардан мехоҳад. Ин номардист!
Шояд даҳҳо бор ба худ қавл додаам, ки аз ин пас ба касе рози дил нагӯям, вале тавре мегӯянд, «тарки одат амри маҳол».

Бо ин ҳама ба фарзандонам доимо ишора мекунам, ки пагоҳ пас аз сари ман ҳам касе ангушт сӯи шумо нахоҳад дароз кард, ки падаратон як порахӯр, як номард ва одами паст буд. Барои кӯдаконам ҳам кӯшиш намекунам ҶИП ё хонаҳои дакаданг мерос гузорам. Агар кӯдак соҳиби ҳама чиз шуд, ҳатто имкони орзу карданро аз даст медиҳад ва ин ба сатҳи тафаккуру ҷаҳонбиниаш бетаъсир намемонад. Инро ман дар умри нимасраи худ борҳо дидаам. Дар мисоли баъзе шиносу рафиқон.
Дар 50 солагии худ чӣ орзу дорам? Бовар кунед, аз мурдан наметарсам, аммо мурдан ҳам намехоҳам (механдад).
Вале аз «дӯстонам» як хоҳиш дорам:
- Ҳасад набаред! Он умри одамро кӯтоҳ мекунад.

Мӯҳр
Бародари азиз, зодрӯзатонро табрик гуфта. бароятон беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорам ва хоҳони онам, ки ҳамеша мисли ҳарвақта боқӣ бимонед (чунин шахсонро тағйир додан мушкил аст) ва соябони сари фарзандонатон бошед. Дар ҳақиқат чунин шахсон боиси ифтизхори моянд. вале афсӯс ки ангуштшуморанд. Зинда бошед, Акбар!

Касе, ки бо Акбар дустй дорад, худро хушбахт хис мекунад.

Ховари Пулод
Бехтарин!Маводи арзанда ва хондание навиштааст Рачаби азиз!Ташаккур!

Дар даврони донишчуи бо у дар факулта вохури барпо карда буданд.Аз хамон даврахо у дар майнаи ман хамчун одами чоплусу тарсу мондааст.Худованд бузург аст.

Душанбеги
То 100-солаги зиндаю саломат бошед, Устоди Сухану Дусти мехрубони хар як хонадони Точикистони азиз!

Дар зиндаги инсонхои зиёдеро дидам. Шояд нафаре, ки ба мисли Акбар хоксору замини ва дилсофу поктинат бошад, хеле кам аст. У бехтарин рафик, дуст ва хамкор аст. Пайваста талоши ба дигарон кумак ва гамхориро менамояд. Бо ин марди хирад хамнишин ва хамсухбат будан ин худ барои хар инсони сохибзавку маърифатпарвар мояи ифтихор ва эхтиром аст.
Худованд боз 50-дигарро болои ин 50 зам намояд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)