Бахшҳо
11 фев 2015 09:02Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти мудири Боғчаи бачагона бо иттиҳоми гирифтани пора

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, алайҳи мудири Боғчаи бачагонаи №6-и шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми гирифтани пора парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Торнамои агентӣ менависад, Маҳбуба Умарзода аз як сокини маркази вилояти Суғд барои ба боғча қабул кардани набераҳояш 2000 сомонӣ талаб кардааст. Боздошти Умарзода ҳам дар пайи муроҷиати ин нафар, ки оҷонсӣ аз ӯ Тоштухтаева Т.А., ном бурдааст, сурат гирифта. Тоштухтаева дар муроҷиати худ ба агентӣ гуфтааст, “мудири боғча тавассути сармурабияи муассисаи таълимии Боғчаи бачагонаи №6 Муҳидинова Марҳамат Расуловна, барои ба боғчаи мазкур қабул намудани наберагонаш Тоштухтаева М. ва Ҷумаева А, барои як нафар маблағи 1000 сомонӣ, ҷамъ 2000 сомониро ба сифати пора талаб намуда истодааст”.

Манбаъ мегӯяд, 9 феврали соли равон зимни анҷоми ҳаракати фаврӣ- тафтишотӣ, маҳбуба Умарзода баъди бо воситаи миёнарав Марҳамат Муҳидинова гирифтани 2000 сомонӣ ба сифати пора дастгир шуд: “Нисбати Умарзода Маҳбуба, бо моддаи 319 қисми 1 ва нисбати Муҳидинова Марҳамат Расуловна бо моддаҳои 36 қисми 4, 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.
Мӯҳр
Каршибой
Хами милон милонхо ки джар боло аз тарафи калонхо обу лой мешавад кай корупсияра потрогит мекунад. Богчаи бачагона ёй ачаб кор мекуна корупса Хамине хонахои касрхои худи коркунони корупсаву калонхо аз кучо боша

Хозир дар ш. Душанбе дар хама богчахояш порагири аз тарафи Мудирони богчахо ба чашм мерасад ва нохаросида барои кабул намудани кудакхо ба богча 100$-150$ маблаг талаб менамоянд, хох ичозати шуъбаи маорифхам бошад. Агар маблаг надихи чой надорем гуён тамом. Мудири богчаи назди магозаи Волна бошад тамоман аз хаво гап мезанад ва худашро кудои ким кадом одами боло мегирад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)