Пуштибонии Вазорати маориф ва илми Русия аз манъи ҳиҷоб дар макотиби Мордовиё
Вазорати маориф ва илми Русия қарори Додгоҳи олии ин кишвар дар мавриди манъи ҳиҷоб дар макотиби Ҷумҳурии Мордовиёро ҷонибдорӣ кардааст.
Ин ниҳод бо нашри изҳороте гуфтааст, "Русия кишвар сермиллат ва сермазҳаб аст, аммо дар синфхонаи таълим ҳама бояд пӯшиши мувофиқ дошта бошанд. Ин хонандаро боинтизом мекунад ва ба ӯ худсозмондиҳиро меомӯзад”.
Хадамоти матбуотии Вазорати маориф ва илми Русия дар ин замина хабар додааст, ки дар соли 2013 ниҳоди онҳо намунаи либосҳоро барои макотиби ҳамаи субектҳо пешниҳод намуд ва ба таври хос таъкид шуда буд, либос бояд ба меъёрҳои дар ҷомеа аз тарафи умум пазируфташуда мувофиқ бошад ва хосияти дунявӣ дошта бошад.
Қаблан Додгоҳи олии Русия дар бораи манъи ҳиҷоб дар макотиби Мородовиё қарор содир кард ва шикояти волидони хонандаҳои мусалмони ин кишварро аз қарори Додгоҳи олии Мордовиё ба эътибор нагирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |