Бахшҳо

Мушовири Путин ҷанг дар Укроинро "ҷанги Путин бо Укроин" номид

ДАР МАВРИДИ ОҒОЗИ ҶАНГ

Андрей Илларионов, мушовири собиқи иқтисодии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар солҳои 2000-2005, низоъҳо дар шарқи Укроинро “ҷанги Путин алайҳи Укроин” таъриф кардааст. Ӯ бо нашри як матлаб дар торнамо (веблог)-и худ гуфтааст, “ҳар ҷанг таърихи оғоз ва анҷом дорад. Оғози ҷанг ё рӯзи эъломи он ё рӯзи бархӯрдҳои мустақими низомӣ ё санаи дигаре ҳисоб мешавад, ки ҳаводиси марбут дар он рӯз ба вуқуъ омадаанд”.

Мушовири Путин ба санаи дақиқи ба гуфтаи худаш “ҷанги Путин алайҳи Укроин” ишора карда менависад: “Оғози ин ҷанг на 24 августи соли 2014, замоне ки гуруҳҳои токтикиву боталионии неруҳои муназзами Русия сарҳади русиву укроинии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазуруфташударо убур кардаву ба марзи Укроин ворид шуданд, мебошад. Ин ҷанг на шаби 6 ба 7 апрели соли 2014, замоне ки юриши неруҳои вижаи РАИ (ГРУ) ба ғасби сохтмонҳои маъмурӣ дар шаҳрҳои Донбасси шарқӣ пардохтанд, оғоз шуд. Оғози ин ҷанг на шаби 26 ба 27 феврали соли 2014, замоне ки гуруҳҳои вижаи Русия сохтмони Маҷлиси болоӣ (Верховной Рады)–ро дар Симферопол ғасб намуданд, ҳаст. Ин ҷанг на 20 феврали соли 2014 дар замони зарбаи Вазорати дифои Русия ба сифати оғози амалиёт барои ғасби нимҷазира барои медали “Барои баргардони Қрим” буд. Ҷанги Путин бо Укроин, ки ҳар рӯз хатари табдил ба як ҷанги фарогир дар Аврупоро дорад, 27 июли соли 2013 оғоз шуд”.

ДАР МАВРИДИ ҲАДАФҲОИ ҶАНГ

Ба назари мушовири собиқи Путин ин сана ба он хотир аст, ки раисҷумҳури Русия дар ин рӯз зимни суханронӣ дар конфаронси “Арзишҳои исломию провословӣ, асоси интихоби мутамаддини Укроин” бо эъломи де-факто ҷанг алайҳи Укроинро оғоз бахшид. Дар ин суханронӣ барои аввалин бор Путин ба таври ошкоро мардуми рус, укроин ва белорусро халқи воҳид номид ва ҳадаферо пардабардорӣ намуд, ки кори ояндаи он муттаҳид намудани Русия ва Укроин дар доираи як давлат буд.

Илларионов аз ин суханронии Путин чунин иқтибос меоварад: “Тавре ишора шуд дар дастури кори Шумо тезисҳои асосӣ – арзиши интихоби мутамаддини Укроин қарор гирифтааст. Муваззаффам дарҳол бигӯям, ки ин на танҳо интихоби мутамаддини Укроин аст. Пеш аз ҳама дар маконе ки мову Шумо қарор дорем, дар ҳавзчаи тамъиди Днепру Киев интихоб барои Руси Муқаддас содир шуда буд. Дар ин ҷо интихоб барои ҳамаи мо содир шуда буд.

Гузаштагони мову Шумо, ки дар ин сарзамин зиндагӣ карда буданд барои ҳамаи халқи мо интихоб карда буданд. “Барои ҳамаи халқи мо” – ба он хотир чунин мегӯям ва дар назар дорм, ки бидуни баҳс, мо веқеиятҳои имрӯзро мефаҳмем, ки ҳам халқи укроин ва халқи белорус ва халқҳои дигар низ вуҷуд доранд, аммо мо ба тамоми эҳтиром ба кулли ин мерос муносибат мекунем, вале арзишҳои муштараки маънавии мо асос мебошанд, ки моро як халқи воҳид менамоянд.”

Тамъиди Рус ҳамон ҳодисаи бузургест, ки дар қаъри асрҳо рушди маънавию фарҳангии Русияву Укроинро муайян кардааст. Мо ҳақ надорем ин бародарриро фаромӯш кунем, балки вазифадорем ин анъанаи гузаштагонамонро ҳифз намоем. Онҳо якҷоя низоми мунҳасир ба фарди арзишҳои провословиро эҷод карданд ва дар боварҳои худ тақвият доданд”.

ДАР МАВРИДИ ТАҶОВУЗОТИ ЗАБОНИИ ПУТИН

Ин мушовири собиқ суханрониҳои Путинро дар ин конфронс таҷовузоти забонӣ алайҳи Укроин ном бурда, инкори истиқлоли давлатии Укроин хондааст: “Дар ин суханронӣ ҳамроҳ бо тарҳрезии аҳдофи истротежики ҷанг Путин мустақиман ба соҳибихтиёрии Укроин ҳамла кард”. Ба назари Иллирионов Путин дар мавриди унвони кишварҳои ҳамсоя (Укроин) на пешоянди “в”, ки бар асоси анъаноти истифода дар забони русӣ, ки ҳангоми муносибат бо давлатҳои соҳибистиқлол истифода мешавад, балки пешоянди “на”-ро ба забон овард, ки маъмулан дар мавриди муносибат ба қаламравҳое ба кор бурда мешавад, ки аломатҳои истиқлол надорад. Истифодаи таъбири “на Украине”-ро, ин мушовири собиқ на танҳо вайрон кардани меъёрҳои забони адабии русӣ, ки ҳангоми унвони давлати мустақилро навиштан, талаб карда мешавад, балки нохудогоҳ (шояд огоҳона) инкори забонӣ аз эътирофи мавҷудияти давлат дар Укроини муосир медонад. Ӯ менависад, ки то ин замон (27 июли соли 2013) Путин шакли дурусти дастурии “в Украине”-ро дар суханрониҳои расмияш истифода менамуд. Ҳамчунин то ин замон дар тамоми асноди расмии Русия таъбири “в Украине” истифода мешуд. Дар ин матлаб ҳамчунин аз ҳолатҳои зиёде мисол оварда мешавад, ки Путин баъди 27 июли 2013 ҳамеша зимни суханрониҳо таъбири “в Украине”-ро истифода мекардааст. Ҳамчунин ба назари ин мушовири собиқ баъди Путин дигар роҳбарони мақомоти Русия, аз ҷумла Лавров (вазири умури хориҷаи Русия) низ истифодаи таъбири “в Украине”-ро мустаъмал намуданд.

ДАР МАВРИДИ ПОЁНИ ҶАНГ

Илларионов дар ин матлаби худ ба санаи анҷоми ин ҷанг ишора карда навиштааст, ки ҳадафи ҷанги Путин алайҳи Укроин кӯшиши ворид кардани он, Беларус ва дигар ҷазирақаламравҳои русзабони кишварҳои дигар ба иттиҳоди геосиёсии “Русский мир” ва салб ё ҳадди ақал маҳдуд кардани мустақилияти онҳо мебошад. Ба назари ин мушовири собиқ ин ҷанг замоне ба охир мерасад, ки Путин ё ҳар роҳбари давлати дигари Русия аз сиёсати инкори давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли Укроин ва дигар давлатҳое, ки аҳолии рус ва русзабон доранд, даст кашанд ва ҳаққи шаҳрвандони Укроинро, ки танҳо шаҳрвандони Укроин метавонанд ҳозира ва ояндаи гароиши берунаи сиёси ва иқтисодии давлати худро муайян намоянд, эътироф кунанд.
Мӯҳр
ин чанги Путин бо Окраина нею аниктараш чанги Амрико бо Россия мебошад. Азбаски иктисодиети Россия баъди пошхурии СССР поин омада буд ва Амрико дар ин муддат дар чахон маззаи пешво буданро чашид ва акнун ки иктисодиети русхо ру ба бехбуди ва дар оянда кавитар шуданро дорад. амрикоихо дар харос афтода ин чангро дар Окраина ташкил карданд, вале хароина иктисодиети русхо бо хости Худованд пеш меравад ва дар дуне мисли пештара пешвои мекунанд. ки боиси девонагии амрикоихо мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)