Боздошти сокини Душанбе барои муомилоти тиллорезаҳо
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини Душанбе бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии метал ва сангҳои қимматбаҳо хабар додааст.
Ба иттилои маркази матбуотии ин ниҳод: «Рӯзи 10.02.с.2015, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Назаров Б. соли таваллудаш 1958, сокини ш. Душанбе бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии метал ва сангҳои қимматбаҳо дастгир гардид. Дар вақти ковтукови шахсӣ аз ӯ 149,92 грамм хока ва резапораҳои баргакмонанди рангашон зард аз хулаи металли қимматбаҳои аз тилло таркиб ёфта, дарёфт ва мусодира карда шуд, ки арзишашон 28 000 сомониро ташкил медиҳад”.
Ҳамчунин ин манбаъ мегӯяд, ки аз руйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва тафтишоти муқаддамотӣ довом дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |