Бахшҳо

Устод Ато: Суқути Шӯравӣ натиҷаи шикаст дар Афғонистон буд

Ҷенерол Ато Муҳаммади Нур, волии Балх ва аз сиёсатмадорони таъсиргузори Афғонистон рӯзи 15-уми феврал зимни паём дар мавриди солрӯзи хуруҷи неруҳои Шӯравӣ аз хоки Афғонистон, гуфтааст, ки шикасти Шуравӣ дар Афғонистон мунҷар ба фурӯпошии он шуд ва ғалабаи кишварашро бар Шӯравӣ «пирӯзии мушт дар муқобили шамшер» таъриф кард.

Волии Балх шикасти Шӯравиро «мавқеияти мардуми Афғонистон ва бахше аз ифтихороти таърихии сарзаминаш» номидааст: «Афғонистон ба унвони як нуқтаи истротежик дар қалби Осиё бо ҳамин мушаххаса ҳар гоҳе мавриди таҳоҷум қарор гирифтааст. Боре ҳам мавриди таҳоҷуми артиши то дандон мусаллаҳи Шӯравии пешин қарор гирифта, ки ин артиш пас аз як даҳаи ҷанг натавонист дар баробари иродаи маҳкам ва устувори мардуми Афғонистон тоб биоварад. Саранҷом дар 26 далви соли 1367-и хуршедӣ (15-уми феврали 1989-и милодӣ) маҷбур ба тарки Афғонистон шуд ва охирин сарбози Шуравӣ низ аз масири пули Ҳайратон Афғонистонро тарк ва хотироти талхи сукутро бо худ бурд».

Ҳамчунин Ато Муҳаммади Нур дигар пайомади муқовимати Афғонистон бар муқобили Шӯравиро эҷоди девори дифоӣ барои Аврупо ва Ғарб дар баробари ин абарқудрати Шарқ дониста ва паём додаст, ки «бо ҳиммати миллати сарбаланди мо оромиши аврупоиҳо ва ғарбиҳо фароҳам шуда буд». Ӯ суқути Шуравӣ дар Афғонистонро наҷоти минтақаҳои дигари ҷаҳон аз ғасби Шӯравӣ номидааст. Дар ин паёми худ аз мардуми Афғонистон хитоб кардааст, ки «агар мо 26 сол пеш артиши садҳазорнафарии Шӯравиро шикаст додем, бояд имрӯз дар муқобили терроризм, ҳаросатафканӣ ва толибу ДИИШ низ истода бошем».

Артиши Шӯравӣ 24 декабри соли 1979 тақрибан бо 80 000 низомӣ вориди Афғонистон шуд. Тайи 10 соли ҷанг Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон беш аз 15 000 қурбонӣ дода, ниҳоят 15-уми феврали 1989 аз қаламрави ин кишвар берун шуд.
Мӯҳр
11111111111
Чихел артиш 24,12,1979 ворид шудаст ва 15,02/1979 берун шудаст.

Озоди ислох кун
Артиши Шӯравӣ 24 декабри соли 1979 тақрибан бо 80 000 низомӣ вориди Афғонистон шуд. Тайи 10 соли ҷанг Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон беш аз 15 000 қурбонӣ дода, ниҳоят 15-уми феврали 1979 аз қаламрави ин кишвар берун шуд.

Ин ченерали маргарини устоди ки аст,ки Шумо уро устод мехонед?
Дод аз дасти ин устодхову мавлавихои нав ба давронрасида, ки бидуни хичолат ин асомиро ядак мекашанд.

Точик
Ченерол, wink лопну от смеха.

Ченерол сохиб Шурави дар Афгонистон шикаст нахурд. Шурави нахост,ки мисли НАТО Афгонисторо доими ишгол намояд. Афгонистонро ба султаи абадии Амрико табдил додед. Имруз Афгонистон як кишвари ишголшудаи мустамликави аст. Кишвари мустакил нест.Дар банди истеъмори Амрико ва Гарб афтодаед!!!.
Замоне мерасад, ки ба кадри Шуравии бузург хохед расид. Дар тахти истеъмори Амрико ягон халкро хушбахти насиб нагардидааст!!!!

Dev
Точик,
Agar General menavistan , az handara namemurdi?Mankurti to ba kaj? Kalima rusi nest, mo dar alfavitamon harfi " Ҷ " dorem, pas handaya ba hud kun !

Мyҳтарам Генерал, шyмо ва атрофиёнатон тавонистед бо руҳияи поки Исломи бар алайҳи артиши шyрави мyбориза баред ва воқеан онро шикаст диҳед вале имруз на шyмо ва на атрофиёнатон он руҳияи исломиро доро мебошед. Бади шаҳид шyдани Аҳмадшоҳи Масyд ки як инсони порсо ва ходими миллаташ бyд шyмо ба пyл ва моли дунё руй овардед ки ҳамин сабаби заъф нотавони ва аз саҳна берун кардани шyмо ва атрофиёнатонро муҳаё мекунад. Кyштани Yстод Рабони ва дигар раҳбарони Тоҷик магар заъфи шyморо нишон намедиҳад. Бале, ҳамин дусти имрузаи шyмо ки ба монанди дуст омада ва барои шyмо озоди ва зиндагии беҳтарy хyбтарро вада медиҳад дар зери бағал барои нест кардани шyмо корди тезро ҳам нигоҳ медорад ва Худо накунад рузе ин дусти имруза кордро истифода барадy шyморо маҳв карда боз ҳамон Дyстyми шyравиро сари қyдрат биорад ва мусалмонҳои Мазор солҳо дар зери силтаи комунистони Yзбак монанд.

хамин гапхои ахмад хандаовар аст. ба фикрам дар торики ба воя расидааст. узбаку точик урусу боз ким кадом гуфта инсонхоро ба миллат чудо мекуни. ба ту насихат карда будам: инсонхоро ба миллат нею ба хубу бад чудо кардан лозим.

ММ
Артиши Шурави 24.12.1979с. ворид шуда ва 15.02.1989с. пас аз 10 сол берун шудааст. Ба самъамтон расониданиам, ки баъд аз 15.02.1989с. баъзе сарбозони шурави барои ичроиши баъзе супоришхо вориди ин давлат шудаан.
Хангоми навиштани ягон маълумот аввал фикр кардан лозим аст, бародарон!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)