Бахшҳо

"Убайдуллоев талаб мекард, зери хонаҳои баландошёна паркинг ҳам бисозанд"

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ахиран қарор кардааст, минбаъд дар доираи татбиқи нақшаи генералӣ ба шахсону ширкатҳое иҷозаи сохтмон дода мешавад, ки дар барқарору нигаҳдории минтақаи роҳи истифодашавандаашон сармоягузорӣ мекунанд. Вобаста ба ин “Озодагон” аз коршиносон пурсид: Талаби шаҳрдорӣ аз ширкатҳои сохмонӣ барои таъмири роҳ дуруст аст?

Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, таҳлилгари масоили иқтисодӣ

Шумо бубинед, Маҳмадсаид Убайдуллоев дуруст мегӯяд, масалан, вақте хонаи бисёрошёна месозанд, роҳҳои атрофи онро худашон бояд дуруст кунанд. Чун ҳангоми сохтмон роҳҳои гирду атроф вайрон мешавад ва бояд онро таъмир кунанд. Ва аз ҷониби дигар, имрӯз дар атрофи биноҳои баланошёна ҷои автомобилгузорӣ намерасад. Хуб мешуд агар Убайдуллоев талаб мекард, ки он ширкатҳое, ки хонаҳои баландошёна месозанд, дар зерашон барои автомобилҳо паркинг ҳам бисозанд. Воқеан, шаҳри Душанбе як шаҳре шудааст, ки ҷои мошин мондан ҳам нест. Мошин ҳам барои мардум мушкилот шудааст. Аз ин лиҳоз, агар ин корҳоро низ анҷом медоданд хуб мешуд. Аммо агар манзур аз таъмири роҳҳо роҳҳои мошингард бошад, ман чизе гуфта наметавонам. Вале агар роҳҳои назди бинои сохтмонӣ бошад, ки бо сохтани биноҳо хароб мешавад, бояд ширкатҳо онро таъмир кунанд.

Табаралӣ ҒАНИЕВ, иқтисодшинос

Он сохтмонҳое, ки сохта мешавад, бояд бо дигар сохторҳои зиддахл мувофиқа карда шавад. Роҳ, ки ҳамчун як инфраструктура хизмат мекунад, дар он минтақае, ки вобаста ба ширкати сохмонӣ аст, дар вақти лоиҳасозӣ бо дар назар гирифтани хароҷоти иловагӣ таъмир шавад. Дар зимн, агар аз нигоҳи самаранокии иқтисодӣ нигоҳ кунем, имрӯз нархи хонаҳо 50 ба 50 аст. Ин даромаднокӣ қариб баробар ба нархи кишварҳои пешқадами дунё аст. Бинобар ин дар Тоҷикистон нархи хона бисёр баланд аст. Дар асл меъёри судоварӣ дар ин шароити беқурбшавӣ аз 30 дарсад зиёд набояд бошад. Дар мо қариб 20 дарсад зиёд аст, меъёри судоварӣ.

Ҳикматуллоҳ САЙФУЛЛОҲЗОДА, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Фикр мекунам, баҳси пасипардагии ТВТ ва шаҳрдории пойтахт ба авҷи худ расида истодааст ва беш аз пеш он доғтар мегардад ва "шикаст"-и шаҳрдорӣ эҳсос мешавад. Вақте мири пойтахт ҷиҳати пайдо кардани роҳҳалҳои маводи интиқодии ТВТ ба чунин гуфтор ва тасмимгириҳо даст мезанад, ин алакай шаҳодати нотавонии дарёфти посух ба ТВТ аст. Фикр намекунам, ки шаҳрдорӣ аз чигунагии коргузории ширкатҳои сохтмонӣ ва истифоаи нақлиёти мухталиф то ин вақт огоҳ набошад. Ҳама чиз маълуму мафҳум аст, ширкатҳое, ки зери идораи шаҳрдорӣ кор мекунанду иддаи дигаре берун аз чунин идора. Ҳоло ишораи ҷаноби Убайдуллоев ба ҳамин гуна ширкатҳост, ки гӯё тасмими истифодаи нақлиётро бе ризоияти шаҳрдорӣ гирифтаанд.

Мӯҳр
Бафикрам хама хуб медонанд, ки кариб тамоми сохтумонхои шахри Душанбе дар таги дасти хешовандони хамин шахрдор аст пас чи хочати гап.

Ин сохтмонхо аз хешовадони шахрдор нест, балки аз акрабои....... ва банкир аст. Феълан дар кишвари мо ду нафар аз хешонаш хонабизнес мекунанд ба дигарон рох нест.Аз дасти шахрдор бар зидди онхо хеч коре намеояд.

О ин корхоро Убайдуллоев аз соли 2005 шуруъ карда буд. Ба твт чи дахл дорад.? Дар хотир дорам ки дар яке аз мачлисхо бо шахрвандон такрибан солхои 2007 гуфтабуд ки мо бояд замини бе ин хам ками душанберо окилона истифодабарем. баландошёна созем бо автостаянкааш дар зери замин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)