Намояндаи Оқохони IV: Ҳукумат бо исмоилиён мушкиле надорад
Аликбар Песнанӣ, намояндаи доимии Оқохони IV дар Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар Тоҷикистон соҳае нест, ки шабакаҳои Оқохон оид ба рушд дар он фаъолият надошта бошанд.
Песнанӣ дар суҳбат бо расонаи “USA-Today” ҳадафи асосии ҳузурашонро дар Тоҷикистон беҳбуди зиндагии мардум хонда, афзудааст, ки феълан дар шабакаҳои рушди Оқохон дар кишвар ҳудуди 3-4 ҳазор нафар бо кор таъмин мебошанд: “Ин нишондод дар сатҳи ҷаҳонӣ беш аз 90 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Баробари коргарони доимӣ афроди зиёди ихтиёрӣ дар фаъолияти босамари шабакаҳои рушди Оқохон саҳм доранд, ки теъдодашон нисбат ба коргарон қариб 10 баробар бештар аст. Дар миёни ихтиёриёни шабакаҳои Оқохон хатмкунандаҳои зиёди донишгоҳҳои маъруфи ҷаҳон, аз қабили Ҳарвард, Оксфорд ва Кембриҷ мебошанд, ки дар шабакаҳои рушди Оқохон корҳои хайриявӣ мекунанд”.
Песнанӣ мегӯяд, шабакаҳои Оқохон ба Тоҷикистон соли 1992 дар замони буҳронӣ омада буданд ва дар марҳилаи аввал асосан ба таъминоти мардум бо маводи ғизоӣ машғул буданд: “Феълан дар Тоҷикистон мақоми дипломатӣ гирифтем ва мо дар ҳамаи соҳаҳо аз хоҷагии қишлоқ то маориф кор мекунем. Дар маҷмуъ Бунёди Оқохон дар 33 кишвари дунё фаъолият мекунад, ки дар 11 тои онҳо мақоми дипломатӣ дорад”.
Намояндаи доимии Оқохон аз ҳукумати Тоҷикистон тавсиф намудааст, ки дар масоили динӣ бо исмоилиён ҳеч мушкилие надораду шароити хуб фароҳам овардааст: “Исмоилиён дар Тоҷикистон ҳудуди 1000-1200 сол боз иқомат доранд. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мардум дар масоили диндорӣ, чун ҳозир озод набуданд. Ҳукумати Тоҷикистон фаъолона бунёду ифтитоҳи Маркази исмоилиёни Душанберо дастгирӣ намуд, ки рамзи ҳузури доимии исмоилиён дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Таърихан қисми зиёди ҷамоати исмоилиён дар Помир зиндагӣ мекарданд, аммо ҳозир дар тамоми нуқтаҳои Тоҷикистон ва минтақа зиндагӣ мекунанд".
Песнанӣ инчунин дар мавриди “Помир Энерҷӣ” суҳбат кардааст, тавонистааст, мардуми вилоятро бо барқ таъмин кунад ва феълан барои таъмини сокинони навоҳии ҳамсарҳади Афғонистон низ иқдом гирифтааст.
Намояндаи доимии Оқохон инчунин изҳор доштааст, ки 40 дарсади саҳмияҳои ширкати ТСЕЛЛ-ро дар ихтиёр доранд, ки феълан ҳудуди 35 дарсади бозори мобилии кишварро фаро гирифтааст: “Ин ширкат дар Тоҷикистон технологияи 4G-ро роҳандозӣ карда, барои ҷалби таҷҳизоти муосир ба кишвар талош дорад. ТСЕЛЛ ҳамчунин аз беҳтарин андозсупорандаҳои Тоҷикистон аст, ки дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳм мегузорад”.
Дар мавриди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф Алиакбар Песнанӣ таъкид намудааст, ки таҳсилоти хуб кафили зиндагии шоиста мебошад: “Мо феълан бо ҳукумат дар мавриди таъсиси Академияи Оқохон дар Душанбе ҳамкорӣ дорем. Инчунин соли равон ба бунёди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ оғоз мекунем ва ният дорем, нахустин довталабонро соли 2018 қабул намоем. Аввалин хатмкунандагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар назар аст, ки соли 2021 аз саҳни ин донишгоҳ бароянд”.
Дар ниҳоят Алиакбар Песнанӣ таъкид намудааст, ки вақте шабакаҳои рушди Оқохон барои беҳбуди ҳаёти мардум кор мекунанд, на танҳо ба ҷанбаи иқтисодӣ таваҷҷуҳ мекунанд, балки маълумот, тандурустӣ, шароити зист, устуворӣ дар баробари офатҳои табиӣ, оби ошомиданӣ ва густариши ҳуқуқу имкониятҳои занон таваҷҷуҳ медиҳанд. Ӯ ба ҳукуматҳои кишварҳои сармоягузор ва ҷамоати исмоилиён дар ҷаҳон, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо шабакаҳои рушди Оқохонро дастгирӣ мекунанд, изҳори миннатдорӣ намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |