Қатли саркардаи қочоқи мухаддирот дар масири Хоруғ-Ош
Вазорати умури дохилии Қирғизистон бо нашри як маълумотнома дар бораи Алманбет Анапияев, ки хабари куштораш дар Минск рӯзи 19-уми феврал нашр гардид, ӯро яке аз саркардаҳои олами ҷиноӣ хондааст, ки масири интиқоли маводи мухаддири Хоруғ-Ошро шахсан зери назорат доштааст.
Ба иттилои ин ниҳод даромад аз қочоқи маводи мухаддир дар масири Хоруғ-Ош яке аз манбаҳои асосӣ ва нахустини даромади гуруҳи ҷиноии Анапияев буд, ки баъдан доираи фаъолияташро васеъ намудааст. Мақомоти умури дохилии Қирғизистон мегӯянд, Анапияев бо иттиҳодияҳои террористӣ ва равияҳои динии дар Афғонистон амалкунанда ва созмонҳои ҷиноии вилояти Бадахшони Куҳиро назораткунда ҳамкорӣ мекард.
Ҳамчунин ин ниҳод Анапияевро дар замони даргириҳои қавмии соли 2010 миёни узбакҳову қирғизҳо дар ҷануби ин кишвар ба он муттаҳам медонад, ки аз узбактаборон шумораи зиёди автомобилҳоро мусодира ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст. Дар маълумотноаи ВКД-и Қирғизистон омадааст, ки ин мошинҳоро дар гуруҳи ноҳияҳои Рашт, ки “аз ҷониби ҷангҷӯён ва пайравони гуруҳҳои динии ифротгарой назорат мешуд” бидуни ҳуҷҷат ҷобаҷо мекардаанд.
Анапияев, ки дар содир кардани як қатор ҷиноёти вазнин аз қабили одамкушӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамкорӣ бо гуруҳҳои террористию ифротгароӣ ва ҷароими дигар муттаҳам дониста мешавад,президенти Федератсиюни байнулмилалии гуштии “Алиш” буд ва яке дӯстони наздики Жаниш Боқиев, бародари собиқ президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дониста мешуд.
Чанде пештар пулиси Белорус ҷасадеро кашф карда буд, ки ба тахмини зиёд ҷасади Алманбет Анапияев дониста шуд. Ин хабарро манобеи воломақом дар мақомоти қудратии Белорус ва Қирғизистон тасдиқ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |