Бахшҳо

Посухи ВУХ-и Русия ба таҳдиди худкушии Гулрухсор дар Маскав

Вазорати умури хориҷии Русия ба Гулрухсор Асоева, модари се фарзанд, ки дар пайи боздошти беасоси шавҳараш -- Аслиддин Асоев дар Маскав таҳдиди худкӯшӣ кард, ваъда додааст, ин қазия мунсифона баррасӣ хоҳад шуд. Қазия Асоев, ки боиси ифшои сохтакорию бедодгариҳои зиёд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ғарби Маскав шуд, то ҳол чандин мансабдори воломақоми ин шаҳрро аз курсӣ маҳрум кард.

Вазорати умури хориҷии Русия дар пайи дархости сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтааст, қазияи муҳоҷири тоҷик -- Аслиддин Асоев, ки ба гуфтаи вакили дифояш 11 моҳ ба ин сӯ бо иттиҳоми беасос дар СИЗО нигоҳдорӣ мешавад, 4 марти соли равон дар суди ноҳиявии Никулински шаҳри Маскав баррасӣ мегардад: “Мо бар онем, ки ҳимоятгари Асоев дар рафти муорифаи судӣ ҳамаи санаду асосҳои дар даст доштаашро ироа хоҳад кард ва дар натиҷа қарори одилона ва асоснок қабул хоҳад шуд".

Қаблан Гулрухсор Асоева, ки модари се фарзанд мебошад, бо ирсоли муроҷиатномае ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав, Додситонии кулл, Додситонии ғарби Маскав ва Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, “дигар умедам ба тафтиши одилона ва назорати одилонаи тафтишот намондааст. Иқрор мешавам, ки ба адолати додгоҳӣ ҳам бовар надорам. Бидуни шавҳарам зиндагӣ кардан намехоҳам. Бо ин муроҷиатнома ба таваҷҷуҳи ҳама мерасонам, ки қасди худсӯзӣ дорам. Масъулияти марги ман бар души прокурори ғарби Маскав Радионов Г.Г. аст, ки бо вуҷуди далелҳои қавӣ ҳабси шавҳарамро тасдиқ кард”.

Аслиддин Асоев дар дуздии беш аз шаш миллион рубл муттаҳам мешавад. Дар ҷои ҳодиса сабукрави тамғаи “Рено”-и ӯ, ки 11 моҳ қабл аз анҷоми ҷиноят фурӯхта буд, ёфт мешавад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро барои дарёфти маълумот дар бораи соҳиби нави мошин даъват мекунанд, аммо баъдан ҳамчун ҳамдасти ҷинояткор боздошт мешавад ва инак беш аз 15 моҳ аст, ки дар СИЗО қарор дорад.

Ахиран, баъди муроҷиати видеоии Алексей Наделсон, вакили дифои Аслиддин ба қазияи боздошти Аслиддин Асоев дар ҷомеаи Русия таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Наделсон дар ин муроҷиатнома аз мақомоти Русия хост, ба бедодгарию сохтакориҳо дар мақомоти тафтишотии Раёсати умури дохилии ғарби Маскав хотима диҳанд. Ӯ сабти пинҳонии Степан Корпут, як муфаттиши Раёсати тафтишотии ғарби Маскавро пешниҳод мекунад.

Корпут бехабар аз он ки ӯро сабт мекунанд, шеваи кори мақомоти пулиси Маскавро ифшо кардааст: “Заказҳо хеле зиёданд. Рақибонро бартараф мекунем. Баъзан маводи мухаддир партофта боздошт мекунем, ки хеле осон аст. Масалан як нозири роҳ зимни тафтиш маводи мухаддирро ба мошини нафари мавриди таваҷҷуҳ мепартояд ва ӯро дар постгоҳи дигар боздошт мекунем. Дигар радкуниҳои ин нафар фоида намекунанд, зеро ягон қочоқчӣ иқрор намешавад, ки воқеан мухаддирот аз ман аст. Бинобар ин дар суд чунин парвандаҳо бо маҳкумият анҷом меёбанд.”

Ӯ дар идома мегӯяд, дар парвандаҳое, ки далели гунаҳкорӣ кам аст, сохтакориҳо низ мешаванд: “Масалан, дар мавриди ҳамин Асоеви шумо делелҳо каманд. Аммо нафареро, ки беш аз 11 моҳ дар боздошт аст, озод кардан ғайриимкон аст. Медонед, ғайриимкон аст. Аз рӯи одамгарӣ ба ӯ ва ҳамсараш раҳмам меояд, аммо...”

Ба қавли Корпут, раҳбарият ба вай фишор меорад, то ҳар чӣ зудтар парвандаҳоро ба додгоҳ ирсол кунад: “Ин ҷо шахс гунаҳкор аст ё на фарқ надорад.”
Дар пайи муроҷиати вакили дифоъ расонаҳои Русия аз барканорӣ ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи сардори пулиси ғарби Маскав -- Владимир Рожков ва муовинаш -- Александр Кузин хабар додаанд. Онҳо дар фасодкорию рейдерӣ муттаҳам мешаванд. Инчунин дар пайи ин муроҷиат Николай Белоножко, раҳбари Кумитаи тафтишотии ғарби Маскав ба истеъфо рафтааст.

Расонаҳои русӣ мегӯянд, феълан ҷинояткориҳои дигари масъулини пулису муфаттишон дар ғарби Маскав ошкор шудаанд, ки тафтиши онҳо аз ҷониби Хадамоти федералии амният ва Кумитаи тафтишотӣ идома дорад.
Мӯҳр
Куликов
Я то дмал в ТАДЖЫКИСТАНЕ РАБОТНИКИ СУД ИПРОКУРАТУРА ДОПУСКАЮТ БЕСЧИНСВА ВЫ рОССИНЕ БУДТЕ ЧЕСНЫМЫ р

Озодагон безор карден кати хами калимасозитон. Дар кадом асос шумо ВКД-ро ВУД ном мебаред? О, ин номи тасдикшудаи як макоти бонуфузи давлати хаст ! Инкадар худатона "ДОНО" нагиред ! Минбаъд сомонаи шумора ИХТИЁРИХО ё РАХОИЁН гуем мешад? соз ми ? Агентии зидди КОРРУПСИЯ! зидди фасод не ! "Калладоро"

Дар махбасхои Руссия хазорхо хамватанони мо бегунох хобанд.Макомоти дохилаи руси чиноятро кушода натавонанд даррав ба ягон точик "мечаспонанд" ва "рапорт" медиханд,ки чиноятро кушодем. Медонанд,ки дар сафорату консулгарии мо шахсони холабегам нишастаанд.

Вахдат
Ба хохари азиз, ки барои халосии шавхараш часорати кави ва мардона дорад, барори кор хохонем. Дарег, ки бо хазорон бахона ин пулиси харомхори Россия бачахои моро зиндони мекунад. Валох, ки дар кишвархои дигар мухочири мо бехтар аз Россия пул пайдо мекунад. Домони моро Россия сар дихад то мо би ин партнёри бешараф худамон зиндаги кунем рохамонро меёбем. Узбакистонро бо хамин Россия шур меандозад ва хамин ки каме мо икдоми чудои кунем ягон фитнаро меандозад.
Чанги Украинаро сабабаш хамин Россияи шум аст. Окибат иншоолох шарманда мешавад

Доктор
Кудакони ин занро ҳоло русҳо ба фикрам ба касали палиомелит гумонбар карда, аз Россия меронанду шавҳарашро турма мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)