Бахшҳо

Муроҷиати Шӯрои уламо дар остонаи интихобот: Сӯиистифода накунед

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Саидмукаррам Абдулқодирзода ба уҳда дорад, бо пахши як муроҷиатнома аз сӯиистифодаи дини Ислом дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, таъкид намудааст, афроде, ки аз номи Ислом тафриқаандозӣ мекунанд, «мушрикону мунофиқон» мебошанд.

Дар муроҷиатнома, ки имрӯз, 20-уми феврал нашр гардид, таъкид шудааст, ки мо дар арафаи интихобот қарор дорем ва дар ин маъракаи сиёсӣ сўиистифода аз номи ислом бо ҳар навъ назару ақидаҳои ботили авомфиребона аз рўи хираду тафаккури солим нест: “Интихобот аз рўи фаҳму идроки ҳар як аъзои бошуури ҷомеа ва тибқи қонунҳо сурат мегирад. Зимнан, ин ҳуқуқи инсонию муслмонии ҳар фарди ҷомеа мебошад, ки ба кадом ҳизбу барномаи он ва номзади алоҳидаи пешбаришуда раъй медиҳад. Ба ҳеч ваҷҳ бояд ҳизбҳо ва номзадҳо аз боварии мардум ба дини мубини Ислом сўистифода накунанд. Чунин шеваи кору роҳнамоӣ на ба муқаррароти Ислом, на ба ягон қонуни демократия, озодии баёну афкор ва изҳори иродаи сиёсӣ мувофиқат намекунад”.

Раёсати Шӯрои уламо таъкид мекунад, ки бисёранд аҳзобу ашхосе, ки бидуни ягон ғараз, бидуни рўи саҳна кашидани ислому истифодаи он ҳамарўза дар зикри Худоянд, барои рушду густариши Ислом ва ҷомеаи мусулмонӣ пайи хидмат қарор доранд: “Танҳо қарзи имонӣ ва инсонии хеш медонем, дар ин даврае, ки вақти интихоб пеш омадааст, ҳамватанони азизамонро, ба ташхиси ҳушмандонаи роҳи ояндаамон, фардои сарзаминамон даъват кунем. Пас мебояд, ки ҳар як мусулмон вақти интихоб илму дониш, ақлу заковатро рўи кор гирифта, барои фардои ободу осудаи Ватанамон ва сулҳу суботи он масъулиятро дар ҷои аввал қарор бидиҳад”.

Дар ин муроҷиатнома аз ҷумла омадааст, ки “ҳамагон бояд бидонанд, ки ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад. Ислом дар табиати худ фарогирандаи тамоми мусулмонон аст”.

Раёсати Шӯрои уламо инчунин аз дасисаи доираҳои харобкору манфиатҷў дар иддае аз кишварҳои мусулмонӣ зикр кардааст, ки ҳамаи ин ваҳшоният бо номи ислом ва бо зикри исми мубораки Худои таборак ва таъоло сурат мегирад: “Ҷаҳони ислом асосан ба он ҷиҳат гирифтори инчунин фоҷеа гардидааст, ки ба арзишҳою муқаддасоти асили исломиамон хурофот, зоҳирбинию зоҳирписандӣ дар Ислом таҳдид дорад. Ин чизи нав нест. Кўшишҳои бо шиорҳои авомфиребонаи ба ном исломӣ қонеъ сохтани ғаризаҳои нопоки гурўҳию шахсӣ ва ба манфиатҳои хеш истифода кардани ислом дар таърихи башарият бисёр буданд. Талошҳои мазкур имрўз густаришу тақвияти бештар ёфтанд, ки заминаҳояш фақру нодорӣ, бесаводию тангназарӣ ва бехабарии иддае мусулмонон аз дини муқаддаси Ислом мебошанд”.

Шӯрои уламо афзудааст, ки каломи Худовандӣ кирдорҳои мазкурро маҳкум намуда, касонеро, ки миёни мусулмонон тафриқа эҷод мекунанд ва бо номи ислом аъмоли зиддиисломӣ содир менамоянд, «мушрикону мунофиқон» унвон гузоштааст ва мусулмононро даъват кардааст, то аз пайравӣ ба онҳо худдорӣ намоянд: “Худованд фармудааст, «аз зумраи касоне мабошед, ки дини Худоро пора-пора карданд ва фирқа-фирқа шуданд ва ҳар фирқае ба ҳарчи дошт, дилхуш буд”. (Рум; 32).

Ҳамчунин Пайғамбари гиромии Ислом дар ин маврид мегўянд: «Касе, ки ҷудоӣ ва тафриқа меандозад, аз ҷумлаи мо нест».

“Бузургони гузаштаамон ҳам ба суханони «Каъба чӣ меравӣ? Дилеро дарёб» ва садҳо ҳикматҳои ҷовидонаи дигар ҷомеаи мусулмониро даъват ба исломи асил намуда, онҳоро аз нораво будани пайравии кўркўрона, авомфиребӣ ва зоҳирписандӣ дар Ислом огоҳ сохтаанд”-омадааст дар муроҷиатномаи Шӯрои уламои Маркази исломӣ.
Мӯҳр
бо салому дуруд ба хамватанони азизам кабл аз хама башумо гуфтании онро дорам ки дар вакти интихоб кардани номзадхо ба вичдонатон гушдихед ва ин вазъияти точикистон ро хам пеши назаратон биёрид баъд номзади дилхохатон ро интихоб кунед умедворам аз интихоби кардаатон пушаймон нахохи шуд.

ин боз яке аз фишкахои ХХДТ аст ки алахи ХНИТ баромад лекин ин худ як таблиг барои интихоби ХНИТ аст ман то хол аз шумо ягон кори хаире барои манфиати ислом надидам лекин барои манфиати шахсони алохида борхо баромади морхиронаатон ман ва инчунин тамоми миллат дидааст бас будагист охир дин аз давлат чудост кори шумо ба масъали интихоботи чист ё инро низ ба шумо дастур доданд

muallim
хуб мешуд эшон дар фикри пешрафтхои Ислом мешуданд.

максад
Афсусу сад афсус ин мукаррам руз то руз худаш исломро сиеъси карда истодаасту касоне ки уро руи сахна оварданд уро бо ракибони сиесиашон суистифода мекунанду мукаррамро истифода бурда истодаанд аз номи ислом истифода кардаистодаед хайф бар ту барин раиси улламо фардо назди худову миллат чавоб медихи

Ассалому алайкум ба хамаи хонандагон. Хазрати домулло онхое, ки тафрика меандозанд мушрику мунофик унвон карданд. Аммо онхое, ки дар масъалаи маньи мардуми мусалмони то 18 сола ба масчид, маньси пушиши ислом аз тарафи духтарони точикистонии мо, оиди фуруш ва пахни маводи алкоголи, маньи занон аз масчид, бастани мадрасахо, мардуми мусалмона ришаша метарошанд, аз тахсили дини бозмедоранд ва даххо масъалахо дар дахон об гирифта сукутро интихоб мекунанд - ИНХО КИ хастанд????? Ба хамин савол чавоб гирем шуд!!!! Рузи Киемат рузи ачиб мешавад иншо Аллох!!!!!!!!! дар амони Алломи мехрубон бошетон.

талаб
Чахони ислом барои он дучори фитна гаштасст ки шахсони бесавод ва дур аз илм муфти шудаанду дар хидмати хизбхое хастанд ки идеяи дур кардани ислом аз сахнаи зиндагии мардумро доранд

786. бо арзи салому адаб хидмати шумо хонандагони гироми. ба назари ман ки муътаким хамин ки муфти мегуяд Исломро барои барномахои пеш аз интихоботи ва таблигот истифода накунед ин хуб як таблиг аст, дуввуман манзури чаноби муфти комилан ошкор аст ки киро дар назар дорад ва хатто кадом хизб ва аъзоёнаш. дар холе ки хукумати ичроия ва хатто бархе уламо ва нав маълум шуд хатто чаноби муфти барои АЗ БАЙН БУРДАНИ ХНИТ тамоми талошхояшонро кардаистодаанд, аммо асаре надорад чун ки Худованд дар Куръон фармудааст, ки катъан ХИЗБУЛЛОХ пируз аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)