Бахшҳо
21 фев 2015 12:57Тоҷикистон / Сиёсат

Нигаронии Зоиров аз бахилӣ ва “гуруҳи махсус”-и нобудкунандаи варақаҳо

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демокарти Тоҷикистон мегӯяд, гуруҳи махсусеро мушоҳида кардаанд, ки ба нобудсозии маводи таблиғоти пешазинтихоботии ҳизбаш машғул мебошанд.

Ӯ 21-уми феврал бо пахши як муроҷиатнома аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дархост намудааст, то пеши роҳи ин амалро гиранд: “18 феврал дар маҳаллаҳои 103, 104 ва 13-15-и шаҳри Душанбе чунин як гурӯҳи нобудкунандаи варақаҳои таблиғотӣ аз ҷониби намояндаҳои ҳизб дастгир шудаанд, аммо аз сабаби бетаҷрибагии намояндаҳои ҳизб ва бисёр ҷавон будани ашхоси дастгиршуда -17-19 сола, онҳоро ҷавоб додаанд”.

Раиси ҲСДТ инчунин таъкид мекунад, ки дар бархе аз навоҳии кишвар худи намояндаҳои мақомоти қудратӣ ба нобуд кардани маводи таблиғотии аҳзоб машғул мешаванд: “Давоми дирӯз, масалан, дар Шаҳритус ба ин кор ду корманди милитсия, 1 намояндаи КДАМ машғул шудаанд. Ин ҳолатро чанд нафар аз гуруҳи таблиғотии ҲСДТ шоҳид шудем”.

Зоиров бо зикри он, ки феълан 80 дарсади варақаҳои таблиғотии ҲСДТ ва дигар аҳзоб дар Душанбе нобуд шудаанд, суол гузоштааст, ки “барои чӣ ва кӣ мардумро аз иттилои дақиқи интихоботӣ ва ҳизбҳоро ба харҷи беҳудаи маблағ мубтало мекунад? Бе чуну чаро дар ин кор қувваи махсус амал мекунад, яъне тасодуфӣ нест. Кист ин бахилтарин қувваи дар Тоҷикистон амалкунанда?”.
Мӯҳр
Аз дасти шумо хамин кадар гап меояд хар сол гапи шумо хамин интихобот ки наздик шуд бахонахо сар мешавад, барои медонед ки кам одамон ба шумо овоз медиханд, 90%мардум ба хизби Сарвари Давлат овоз медихад барое ки арзанда хаст.ба хизби шумо аз 10% чикадар ки расад, аз бахилитона бахонахо пеш меоред. Хизби шумо ба мардум чи хизмат кардааст, кани чавобашро нависед?

Андарз аз Шугнон
Мухтарам Р. Зоиров кори шумо факат тафрикаандозию айбчуист. Ё медонед, ки голиб намеоед ба муттахамкуни гузаштед. Охир шумо хукукшиносед, бо факту далел гап занед. Чун дар дигар корхо низ аз дигарон факту далел ва асоснокиро талаб мекунед. Барои шумо, ки хама хамчун хукукшинос шуморо мешиносанд , чунин гапхои подархаво, номуайян, айб аст. Агар шахси хукукшинос чунин гуфтору рафтор дошта бошад, вой бар холаш. Суханони шумо гапхои "занохои лаби об чи гуфтанд?"-ро ба хотир меорад.

Ба Андарз
Андарз бародар Рохбари Давлат марди бекинаву дилсоф аст, Аллох нигахбонаш , агар инхо чои Рохбари Давлатда мешидан Худо нигох дорад аз он руз, ба инхел гапхои ки инхо мезанан хату хаварат аз Сибир меомад бисёр мардуми берахман инхо.

точик
Андарз  аз Шугнон,
Хайр бигузор онхо голиб наоянд пас барои чи шумо агар бовари доред уи голиб меоед ба чунин монеагузорихо рох медихед? Телевизиони давлати аз пули мардум кор мекунад лекин дар хизмати танхо шумост. Мардонавор икрор шавед ки ХХДТ дар байни мардум обруй надорад ва танхо бо истифодаи зури мехохад сари кудрат монад.

Мохир
Мухтарам Зоиров точикон аз оманшуд бахил буданд ва бахил хоханд мондл

Голиб
АНДАРЗИ ШУГНОНИ, "занохои лаби об чи гуфтанд?"-ро ту мегуи, на Р.Зойиров. Кай бад буданро аз замират нест мекуни. Тавре зиндаги намо, ки мурданро фаромуш накун, чун абади нести. Ростиро пеша намо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)