Бахшҳо

С.Сафаров: Тибқи Қонуни асосӣ ҳеч кас наметавонад бастани ҲНИТ-ро пешниҳод кунад (ВИДЕО)

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

То интихоботи парлумонӣ камтар аз панҷ рӯзи дигар мондааст. Ҳарчанд дар чанд рӯзи ахир як навъ “ҷон” гирифтани таблиғи аҳзоб мушоҳида мешавад, коршиносон фазои интихоботиро камранг мегӯянд. Дар робита ба фазои интихобот, натоиҷи он, фишору таҳдид болои аҳзоб бо Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон гуфтугӯе анҷом додем, ки пешниҳоди хонанда мегардад.

АҲЗОБ ДАР ҶОИ АВВАЛ НА ҒАЛАБА, БАЛКИ СУЛҲУ АМНИЯТРО МЕГУЗОРАНД

Озодагон: Бархе коршиносон мегӯянд, дар қиёс ба интихоботи парлумонии соли 2010, фазои интихоботии имсол сокиту ором ба назар мерасад. Ҷӯшу хуруше, ки соли 2010 дида мешуд, эҳсос намешавад. Ба назари Шумо ин дидгоҳи коршиносон то куҷо ҳақиқати фазои интихоботиро ифода мекунад?

Сайфулло Сафаров: “Дидгоҳи коршиносон дар ин масъала дуруст аст. Аз он нуқтаи назар дуруст аст, ки дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2010, дар маҷмӯъ фазои умумии ҷомеа низ сокиту ором мебошад. Ҳодисаҳое, ки соли 2008-ум сар шуданд ва то солҳои 2010 давом карданд, ҳоло вуҷуд надоранд. Яъне, қувваҳои муайяне наметавонанд, сулҳи моро халалдор намоянд. Давлат тавонист, ки дар ин муддат тамоми монеаҳоеро, ки барои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии кишвар садди роҳ мешуданд, бартараф намояд ва аз зиддиятҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ буданд, халос шавад. Аз ин сабаб, он зиддиятҳои қаблӣ дар ҷомеа вуҷуд надорад ва аҳзоб низ инъикоскунандаи руҳияи мардуманд. Ҳоло мо мушоҳида мекунем, ки дар Тоҷикистон аҳзоби сиёсӣ хеле фаъолона кор карда истодаанд. Ҳашт ҳизби сиёсӣ бо номзадҳояшон дар интихобот ширкат мекунанд, ҳатто аз 2010 беҳтару хубтар.

Мо наметавонем аҳзоби сиёсиро муттаҳам кунем, ки фаъолият намекунанд ва ё камфаъолият мебошанд ва ё инки бигӯем масъулият эҳсос намекунанд. Албатта, онҳо масъулият эҳсос мекунанд, аммо дар ин ҷо як нозукӣ аст, ки оё дар ин муддат - аз интихоботи гузашта то интихоботи феълӣ кадом ҳизб чӣ кор кард? Аслан, қариб ҳамаи аҳзоб он қадар фаъол набуданд. Агар ҲХДТ ва ҲНИТ-ро истисно кунем, дигар аҳзоб фаъол набуданд. Мо метавонем дар хусуси ҳизби коммунист ҳам чунин гӯем, ки Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков ҳама вақт дар саҳнаи сиёсии кишвар фаъолият нишон медиҳанд ва фаъоланд. Ҳамчунин Раҳматулло Зоиров низ фаъол буд, аммо дар маҷмӯъ худи аҳзоб ғайрифаъол буданд. Вале дар арафаи интихобот ҳамаи ҳизбҳо фаъол шуданд ва мо мебинем, ки тамоми аҳзоби сиёсӣ нерӯи худро барои ғалаба кардан истифода мекунанд”.

Озодагон: Аҳзоб аз фишорҳо дар арафаи интихобот шикоят мекунанд. Масалан, ҳизби Раҳматилло Зоиров натавонист барои гузаронидани анҷуманаш толор пайдо кунад, яъне толор надоданд. Ҳамчунин ҲНИТ низ фишорҳои зиёдеро таҳаммул кард. Гузашта аз ин, коршиносон мегӯянд, ҳабс шудани як қатор фаъолони сиёсӣ низ як каме аҳзоби сиёсиро сокиту ором кард. Ин авомил боис шудааст, ки фазои интихобот сокиту ором ҷараён бигирад ва ҳатто коршиносе таъкид кард, ки ҳеч фазои интихоботиеро дар Тоҷикистон намебинад...

Сайфулло Сафаров: “Касе мегӯяд ман фазои интихоботиро намебинам, бояд ба берун барояд. Нигоҳ кунад, ки чигуна валантиёрони ҲХДТ ва ҲНИТ хона ба хона гашта, мардумро ба интихобот даъват мекунанд. ҲХДТ ба хотири зиёд нашудани зиддият байни аҳзоби сиёсӣ, барои ҳизби худашон не, барои фаъол гардонидани фазои интихоботӣ мубориза мебаранд. Яъне, мардумро ба интихобот даъват мекунанд. Лекин камтар мегӯянд ба ҳизби мо овоз диҳед. Зеро, вақте мардум ба интихобот меояд, медонад, ки ба кӣ овоз диҳад ва мо наметавонем онҳоро маҷбур бикунем, ки ба тарафдории мо овоз диҳед. Бояд ба ин ҷиҳати масъала диққат диҳем, ки ҳатто тафаккури муқовимати аҳзоби сиёсии мо хеле сулҳхоҳона шудааст. Соли 2010 фарҳанги сиёсии мардуми Тоҷикистон ба он дараҷае набуд, ки ин сол аст. Дар он солҳо, чӣ тавре ки гуфтам, дар минтақаи Рашт, дар Бадахшон баъзе зиддиятҳо мавҷуд буд, баъзе қувваҳое буданд, ки онҳо вазъиятро ноустувор мегардониданд ва зиддиятҳоро аланга медоданд, сулҳу суботро зери хатар мебурданд. Хушбахтона, дар ин сол ҷомеаи мо аз ин зиддиятҳо раҳо шудааст ва давлат тавонист, ки дар ин раванд корҳое, ки ба зиммааш гузошта шуда буд, анҷом диҳад. Мардум ором шуданд ва он қувваҳои криминалӣ (ҷинояткор) ба пинҳонкорӣ гузаштанд. Онҳо нест нашудаанд. Ман гуфта наметавонам, ки қувваҳои созмонёфтаи ҷинояткор пурра нест шудаанд ва онҳо дигар дар саҳнаи ҷамъияти мо нестанд. Онҳо вуҷуд доранд, аммо бо сабаби зӯрии давлат, ба сабаби пурқувватии давлат, ки оҳиста-оҳиста ба даст меояд, ақибнишинӣ карданд. Аз он тарафи сарҳад ва ҳоло дар дохил низ баъзе қувваҳо ҳастанд ва мехоҳанд, ки сулҳу суботро вайрон кунанд. Албатта, онҳо ба ин чиз даст намеёбанд, зеро фарҳанги сиёсии аҳзоб ва тарҷибаи сиёсиашон рушд ёфтааст. Аҳзоб ҳеч гоҳ дар ҷои аввал фақат ғалабаро намемонанд, балки дар ҷои аввал сулҳу амниятро мегузоранд. Ин чизро ман дар мисоли ҲХДТ гуфтам ва дар мисоли ҲНИТ ҳам мегӯям, ки дигар он фаъолиятҳои тезутунде, ки дошт, онро паси сар кардааст”.



КАБИРИРО ДАР КӮЛОБ БО ПОМИДОР ЗАДА БУДАНД

Озодагон: Шумо ба баланд шудани фарҳанги сиёсӣ ишора кардед. Мехоҳам аз ҳаводисе, ки дар шимоли Тоҷикистон, дар рафти таблиғоти пешазинтихоботии ҳизби Муҳиддин Кабирӣ иттифоқ афтод, ёдовар шавам. Як даста занҳо бо суолҳо ва эътирозҳо ҷараёни суҳбати Кабириро халалдор карданд. Фикр мекунед ин амалҳо фазои шаффофи интихоботро “махдуш” намекунад?

Сайфулло Сафаров: Ман фикр мекунам чунин ҳаракатҳо фазои интихоботиро “махдуш” мекунанд. Аммо дар нисбати масъалаи онки фарҳанги сиёсӣ ба ин чиз дахл дорад, розӣ нестам. Зеро баланд шудани фарҳанги сиёсӣ маънои онро надорад, ки тамоми ҷомеа фарҳанги сиёсиаш баланд шудааст. Дар маҷмӯъ баланд шудааст, бале. Аммо дар ҷомеа, ки ҷинояткорон ҳастанд, дар баробари онҳо афроде ҳам ҳастанд, ки фарҳанги сиёсиашон паст аст. Инҳо метавонад беҳизб бошанд ва ё аъзои бисёр камфаъоли ҳизб бошанд ва онҳо дар нисбати дигар аҳзоб, на аз нуқтаи назари қонун, балки аз рӯйи эҳсосоти шахсии худашон баҳо медиҳанд. Дар ин миён аламдидаҳо ҳам ҳастанд. Онҳое низ ҳастанд, ки дар ҷомеа мавқеи радикалӣ доранд. Фарқ надорад, ки он радикали исломӣ аст ё радикали сиёсӣ, дар умум. Радикализм метавонад хислатҳои дутарафа дошта бошад. Барои ин тамоми қувваро давлати Тоҷикистон, ҳукумати Тоҷикистон, элитаи сиёсии Тоҷикистон ба он равона карда истодааст, ки ингуна радикалимз ҳам дар қишри исломии ҷомеа ва ҳам дар қишри дунявигаро камтар бошад”.

Озодагон: Бархӯрде, ки нисбат ба Муҳиддин Кабирӣ дар Исфара ва Ашт ба амал омад, чигуна амал аст? Бархе ба сохта будани он ишора мекунанд, назари Шумо чист?

Сайфулло Сафаров: “На, ин сохта нест. Ин табиӣ аст. Муҳиддин Кабириро дар Кӯлоб бо помидор зада буданд. Дар Хоруғ Сайидумар Ҳусайниро латту куб карданд. Аммо вақте таҳқиқ мешаваду мебинанд, як ду нафаре ҳаст, ки аз хатти қонун мегузаранд ва нисбати рақиби сиёсии худ даст мебардоранд. Мо тарафдори чунин муносибат нисбати аҳзоби сиёсӣ нестем. Мо ингуна амалҳоро маҳкум мекунем. Мо мехоҳем, муборизаи сиёсӣ фақат дар доираи қонун бошад. Ва фақат дар доираи фарҳанги баланди сиёсӣ гузаронида шавад. Чунки миллати мо миллати фарҳангӣ аст. Мо намехоҳем, дар натиҷаи зиддияти аҳзоби сиёсӣ суботи кишварамон вайрон шавад”.

БИСЁРҲИЗБИИ МО ДАР ҲАДИ 70 ДАРСАД ВУҶУД ДОРАД

Озодагон: Коршиносон таъкид мекунанд, ки дар Тоҷикистон системаи бисёрҳизбӣ вуҷуд надорад. Ҳатто таҳлилгаре гуфт, ин системаи бисёрҳизбии Тоҷикистон ба ном система аст. Ба назари Шумо ин дидгоҳ воқеият дорад?

Сайфулло Сафаров: “Бале, воқеият дорад. Он коршиносе, ки ин тавр гуфтааст, шояд мутахассиси соҳаи сиёсатшиносӣ будааст. Касе бошад, набошад барои мо фарқ надорад. Барои мо муҳим ин аст, ки чӣ мегӯяд. Бояд дар парлумон ҳам низоми бисёрҳизбӣ давом ёбад. Бисёрҳизбӣ дар кишвари мо дар қонун ҳаст, дар воқеият ҳам ҳаст, чун ҳашт ҳизби сиёсӣ дорем. Ва ин ҳашт ҳизби сиёсӣ ҳам тавонистанд номзадҳои худро пешниҳод кунанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бисёрҳизбии мо дар ҳадди 70 дарсад вуҷуд дорад. Ҳоло мо гуфта наметавонем, ки интихоботи якуми март ба мо чӣ натиҷаро медиҳад. Натиҷа медиҳад, ки баъзе ҳизбҳо пурқувват мешаванд ва онҳо эҳтимол фраксияи худро ташкил мекунанд. Ин эҳтимолиятро мо дар назар дорем. Аз ҷониби дигар ин ба натиҷаи таблиғот ва корҳои сиёсии аҳзоб бастагӣ дорад”.

Озодагон: Ҳоло дар доираи коршиносон бархе аҳзобро ба унвони ҳизбҳои “кисагӣ” ном мебаранд ва мегӯянд вуҷуди онҳо нишони бисёрҳизбӣ нест. Яъне, ба таъкиди онҳо ин аҳзоб аслан “ҳамқанот”-и ҲХДТ мебошанд. Ба назари Шумо чунин нест?

С.Сафаров: Тибқи Қонуни асосӣ ҳеч кас наметавонад бастани ҲНИТ-ро пешниҳод кунад (ВИДЕО)Сайфулло Сафаров: “Ин ҳарф асос надорад, ки нишонаи бисёрҳизбӣ нест. Ҳамаи он аҳзобе, ки вуҷуд доранд, ин нишонаи бисёрҳизбӣ мебошад. Ҳар ҳизб манфиати худашро дорад. Агар ҳазор қанот ҳам бошад, кушиш мекунад, ғолиб шавад ва худаш ҷои ҳизби асосиро бигирад. Ҳизбҳое, ки мегӯянд, “кисагӣ”- баъзеашон бақувват шудаанд. Чанд сол пеш онҳо бақувват набуданд. Масалан, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки ба деҳқонон такя мекунад, базаи иҷтимоии худро пайдо кард. Аз ин сабаб, дар ин ҷо фақат як нозукии дигар мондааст; агар онро истифода кунанд, эҳтимол дорад ин ҳизб ҷои ҲНИТ-ро бигирад. Яъне, ҳизбҳо фақат дар асоси он метавонанд пурқувват шаванд, ки оё онҳо заминаи иҷтимоии худро дуруст интихоб кардаанд ё на? Ягон ҳизби мо дар ин мавзӯъ фикр накардааст. Фақат ҲНИТ аз нуқтаи назари идеологӣ ба мусалмонон такя мекунад. Дар худи Ислом ҳам бархе духурагиҳо дар хусуси аҳзоби сиёсӣ вуҷуд дорад. Мардум андешае дорад, ки мо ҳамаамон бандагони Худо ҳастем. Пас чаро як гуруҳ худашро аз бандагони Худо - мусалмонҳо ҷудо мекунад ва худашро исломитар ва мусулмонтар мешуморад? Ин суол дар шуури ҳамаи мардуми Тоҷикистон пайдо шудааст. Ин омил, ки барои чӣ як гуруҳ худашро ҳизб эълон мекунад, аз ҷомеа ҷудо мешавад ва дар баъзе мавридҳо дар муқобили ҷомеа қарор мегирад, ин чиз ҳизби наҳзатро ҳеч гоҳ имконият намедиҳад, ки дар оянда ҳам пурқувват шавад”.

ОППОЗИТСИЯИ МО АҲЗОБИ СИЁСӢ МЕБОШАНД

Озодагон: Ин ҷо аз ҲНИТ ишорат шуд ва андешае дар байни коршиносон пайдо шудааст, ки агар ҲНИТ дар ин интихобот ба парлумон роҳ наёбад, фаъолияташ мамнӯъ мешавад. Оё воқеан ҲНИТ баста мешавад?

Сайфулло Сафаров: “Ман як чизро мегӯям. Мувофиқи Қонуни асосӣ ҳеч касе наметавонад баста шудани ин ҳизбро пешниҳод кунад ва сахт талаб кунад. Қонуни асосии мо иҷозат додааст, қонун дар бораи аҳзоби сиёсӣ иҷозат додааст ва мавҷуд будани ин ҳизб натиҷаи сулҳи дутараф буд ва ҳаст. Баъдтар аз соли 2000-ум ҳукумати ягонаи миллӣ шакл гирифт ва аз он сол ба ин ҷониб он оппозитсияи қаблӣ дар шакли умумӣ вуҷуд надорад. Ҳоло оппозитсияи мо аҳзоби сиёсӣ мебошанд. Чӣ қадар ҲНИТ барои мо оппозитсия бошад, ҳамон қадар ҳизби коммунист аст. Ва ҳеч кас бар асоси Қонуни асосӣ ва қонун дар бораи аҳзоби сиёсӣ онҳоро маҳдуд карда наметавонад. Дар бораи басташавии ҲНИТ пешниҳодҳо бисёр ҳастанд. Фақат як идеяи кадом қувваҳое ҳастанд, ки онҳо бисёр аҷиб менамоянд, ки мегӯянд, ҳамин калимаи “Ислом”-ро аз номи ҳизб гиред ва баъд фаъолият намоед. Инро низ ҳеч кас ҳақ надорад, талаб кунад, чун ки боз ҳам Қонуни асосии мо иҷозат додааст, ки ҳизби характери динидошта дар ҷомеаи Тоҷикистон вуҷуд дошта бошад. Бинобар ин бояд ин ҳизб вуҷуд дошта бошад. Дар низоми бисёрҳизбии мо фаъолият барад, аммо мардум чӣ қадар ба тарафдории ин ҳизб овоз медиҳанд, масъалаи дигар аст”.

Озодагон: Доир ба натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ гумонзаниҳое вуҷуд дорад. Бархе коршиносон аз ҳоло натиҷаҳои интихоботро ҳисобшуда маънидод мекунанд. Ба назари Шумо натоиҷи интихобот чӣ гуна мешавад?

Сайфулло Сафаров: “Мо таҳлилгарон фикру андешаи худамон ҳамавақт ҳаст. Аммо боз тадқиқотҳо ҳам бурда истодаем. Чанд вақт пеш “Тоҷнюс” як тадқиқот анҷом дод, ки дар он ҷо гуфт, ҲНИТ 55 дарсад овоз мегирад, ки тамоман асос надошт. Ҳамчунин, тадқиқоти дигаре, ки озодӣ анҷом дод, дар инҷо ҳам дар ҳолатҳои озоду шаффоф гузаштани интихобот сухан мерафт ва дар он ҷо интихоботи соли 2010-ро бо интихоботи ҳозир муқоиса намуданд ва гуфтанд, агар шаффоф нагузарад, ҲХДТ 75 дарсад овоз хоҳад гирифт. Аммо агар шаффоф гузарад, эҳтимол камтар раъй гирад. Албатта, ин таҳлилҳо факт мебошад. Мо онҳоро меомӯзем, вале мавқеи шахсии ман ин аст, ки ҲХДТ дар ҳама ҳолат пурқувватарин ҳизб аст. Ҳам аз ҷиҳати захоири зеҳнӣ ва ҳам аз нуқтаи назари ташкилӣ бисёр пурқувват мебошад. Дар маҷмӯъ, ҲХДТ дар интихобот ғолиб мешавад, бе ягон гуфтугӯ. Аммо аҳзоби сиёсии дигар низ фаъол ҳастанд ва ман бовар дорам, ҲНИТ, ҲКТ, ҲАТ ва ҲИТ овозҳоеро хоҳанд гирифт ва дар парлумон роҳ хоҳанд ёфт.
Мӯҳр
Наход кас хатто барои пешниход кардани чизе хак надошта бошад? Конститутсия, озодии баён чи мешавад? Бастани хизб аз чониби макомотро конун бале, ичоза намедихад, то вакте ки талаботхои асосии Конститутсияро вайрон накунад. Вале аъзои хизб метавонанд чамъ щуда, номи хизбро дигар кунанд ва ё умуман худи хизбро бархам диханд. Бинобар ин пешниход кардани чизе конуншикани нест, бародар. Дар бисёр кишвархо бисёр хизбхо баста шуданд. Ва ин чараён аз пешниходоти одди сар мешавад.

Ба бародари конундон: Шумоен бародар аз гапхотон маълум аст, ки чиновник хастед. Шумобаринхо имрузхо ривояти хамаи конуншиканихоро ефта истодаед.

Аз суханони ин "сиёсатшинос" мальлум ки ХНИТ ро кабул надорад чи лозим то шаф шаф гуфтан шафтолу гую мон

Мулис
Чихеле ки мебинем ин С. Сафаров гуфтанд валвнтиёрони ХХДТ хона ба хона гашта мардумро ба интихобот даъват мекунанд ва содда карда гуем мардумро намегуянд ки ба тарафдории ХХДТ овоз дихед ин сад дар сад дуруг аст дар хама чо ва донишкадахо гашта мардумро мегуянд ки ба тарафдории ХХДТ овоз дихед ба дигар ахзоб не хусусан ба тарафдории ХНИТ овоз надихед тамом ин хизб аз баин рафт гуён ин гапхоро мегуянд хусусан ман тарафдори ягон хизб нестам лекин ин гапхои ман ба хотири чи буд ба хотири ин буд ки ноадли ва нобаробари ва дуруггуи дар ин чомеа бисёр шудаасту боз мегуям ки хама мардум ва хукуматдорон фахманд ки то чанд ин корхои маъсият зиёд шавад зиёд шавад АЛЛОХ як руз не як руз азобро болои хама мардум мебиёрад ООООООГООООООХ БООООШЕЕЕЕЕЕЕЕД...............

Зоиров
Эй Азиз ё мавиз рав аз паси корат шав, ба ту чи мондаст дар бораи хизб гап задан, зеро фарханги сиёси надори!!!!!!!!!!

Ман мухтарам С. Сафаровро хуб мешиносам, вокеан ащ нигохи инсоният одами хуб аст, вале чун дар масъалахои сиёси яктарафа бахо медихад, инро хам мефахмам, чун дар намакдон туф кардан аз нигохи мансабдори зебанда нест. Барои хамин андешахояш мелангад. Акои сиёсатшинос ин ибораро хам илова мекардед, ки ХХДТ БА ЧУЗ ЗАХИРАИ ЗЕХНИЮ ТАШКИЛИ, АЗ ХАМА МУХИМ РЕСУСИ ХУКУМАТИ ДОРАД, ЗЕРО ХАМА КОРМАНДОНИ НИХОДХО ВА ХАВЗАХОВУ КИТЪАХОИ ИНТИХОБОТИ УЗВИ ИН ХИЗБИ ХОКИМ Ё ТАРАФДОРОНИ ОНАНД, БАРОИ ХАМИН ОВОЗИ БИСЁРРО АЗ ХУД МЕКУНАНД, ВАЛЕ КАМЕ ИНСОФУ АДЛ МЕБОЯД., АККАЛАН ДАР ГУФТОР

Бадриддин
Рости банда нахзати нестам аммо Нахзатро кувваи асоси барои аксуламали худсарихои хукумати феъли медонам, агар дар сиёсат ракобат набошад он ба худкомаги меравад, гарчанде касе машкук нест оиди худкомагии хукумати кунуни!!

Точик
Чаноби Азиз! Факат аъзои хизб хак дорад дар доираи мачлисхои хизби пешниходи бастан, тагир додани номи хизб ва е ягон пешниходи дигаре кунад. Аммо касе ки аъзои хизб нест хак надорад талаб кунад ки ХНИТ баста шавад е калимаи ислом аз он бардошта шавад. Фахмидед???

..........
Ман ҳайрон мешавам мемонам ки чаро доимо бар зидди ҲНИТ на ҲХДТ на ҲКТ на ҲСТ на дигару дигар ааа фаҳмидам ҲНИТ рақиби асосии ҲХДТ аст чунки нуфузаш хело баланду тарафдоронаш бениҳоят зиёд мебошанд.

БЕ ЯГОН ГУФТУГӮ: "Дар маҷмӯъ, ҲХДТ дар интихобот ғолиб мешавад, бе ягон гуфтугӯ."

Салом сараввал ба кули мардуми шарифи Точикистон дар интихобот интихоби шафофро орзумандам, бигзор нафароне дар парлумони мо рох ёбанд, ки он сулхи сартосарии ба хуни чигар ба даст овардаро постбони карда тавонанд. Илова бар ин мехостам дар муносибат ба гуфтахои стратеги мухтарам С. Сафаров каме сухан гуфта бошам. якум сафаров каихо аз сиёсати имруза бехабар аст, аз ваи буи хамоно даври сангин меояд, намедонад, ки шароити имруза гуногун андеширо такозо мекунад, на яккаидеологиро, дигар инки аз сафарови мухтарам бехтарин устоди санъатшинос мебарояд на стратег ва ё тахлилгар. то чое ман аз мусохибахояш огох хастам ваи танхо мисли фолбин(АРАКУЛ) харф мезанад, ки гуё мешавад ва ё намешавад. ман як чизро мехохам каид намоям, ки Плюрализми сиёси хамеча бояд ба рнаванди чахонишави мутобик бошад, на ба як дид ва ё нигох. хамин тарик ба сафаров с тавсия медихам, ки аз сиё1сат конор гирад, зеро дигар дар ин чода чояш намондаст. илтимос озиди озод бош. чоп кун.

Tojik
Магар бисерхизбиро хам бо фоиз чен карда мешавад? Агар 2 хизб бошад ин худ бисерхизби аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)