“Барқи тоҷик”: Сардиҳо лимитро шадид намекунад

Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, сард омадани боду ҳаво ва барфрезии ахир дар Тоҷикистон боиси дубора пурзӯр шудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба сокинони деҳоти кишвар нахоҳад шуд.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат рӯзи 24 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, таъмини сокинони деҳоти кишвар бо барқи 19-соатӣ дар як шабонарӯз идома дорад. “Имрӯзҳо боду ҳаво хуб пешбинӣ мешавад ва ҳангоми бардоштани маҳдудияти рӯзонаи интиқоли барқ ба сокинони деҳот ин сардии ҳаво ба назар гирифта шуда буд“,- афзуд ӯ.
Ширкати “Барқи тоҷик” қаблан бо пахши як иттилоия аз коҳиши маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинони деҳоти Тоҷикистон хабар дода, гуфт, шурӯъ аз 23 феврали соли равон мардум дар якшабонарӯз 19 соат барқ хоҳанд гирифт. Ба қавли масъулини ширкат, гӯиё гарм омадани зимистони имсола, ба онҳо имкон додааст, ин иқдомро амалӣ созанд. Ин дар ҳолест, ки то 23 феврал мардуми навоҳии кишвар 13 соат нерӯи барқ мегирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар назар аст, маҳдудияти таъмини мардум бо барқ аз 27 феврали соли равон пурра бартараф шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |