Бахшҳо
24 фев 2015 16:14Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Бемористони Ибни Сино: 820 ҷарроҳии урологӣ анҷом шуд

Шӯъбаи урологии Бемористони Ибни Сино аз муҳимтарин бахшҳои ин бемористон мебошад, ки мутахассисони варзидаи хориҷӣ ва ватанӣ бо истифода аз дастгоҳҳои пешрафта ва мудерн тамоми амалҳои ҷарроҳиро дар як муддати кутоҳ ва дар сатҳи хуб анҷом медиҳанд.

Доктор Мубин Аминӣ, мудири ин шӯъба мегӯяд, ин ҷо беморони гирифтор ба дардҳои мухталифи гурда ва роҳҳои пешоб ташхис ва дармон мешаванд ва бештари маризон бо табобати доруӣ (консервативӣ) фаро гирифта мешаванд. Беморон аз тариқи ултрасадо муоина шуда, тангиҳои мавҷуда дар роҳҳои пешоб, санг ва намак дар гурдаву масона, омосҳо, варам ва дигар нуқсонҳо ошкор мегардад. Инчунин таҳлилҳои озмоишгоҳи бемористон ба пизишк имкон медиҳад, норасоии кори гурдаро ба таври фаврӣ муайян намояд.

Дар ҳолати пайдо гаштани чунин бемориҳо пизишк метавонад аз рентгени C ARM истифода кунад, ки тасвири рангаи махалли бемориро бо хурдттарин ҷузъиёташ нишон медиҳад. Ин тасвир ҳаҷм, мизон ва маҳалли бемориро ба таври дақиқ ва равшан нишон медиҳад. Доктор Аминӣ таъкид кард, дар се соли охир дар ин шӯъба, 820 ҷарроҳӣ анҷом шуд, ки аксари онҳо бо роҳи эндоскопӣ сурат гирифтаанд.

Бахши урологии бемористон бо навтартарин дастгоҳҳои замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад: дастгоҳи беҳушкунӣ: -рентгени C ARM, дастгоҳи видеоконтроли амал, чароғи martin, васоили амали эндоскопӣ аз ҷумлаи дастгоҳҳои мудернанд. Ёдовар мешавем, ингуна таҷҳизоти нодир ва гаронбаҳо барои аввалин бор дар Тоҷикистон дар Бемористони Ибни Сино мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Доктор Аминӣ афзуд: «Бо таваҷҷуҳ ба вазъи иҷтимоии мардуми кишварамон, дар назди бемористон ширкати «Суғуртаи тиббӣ» ташкил шудааст, ки ниёзмандон бо пайвастан ба он, зимни ташхису табобат ва аз ҷумла, ҷарроҳиҳои урологӣ аз имтиёзҳои зиёд дар амри пардохти ҳаққи хидматҳои тиббӣ бархӯрдор мешаванд. Ва бо итминон метавонем бигӯем, ки бо дар назардошти таносуби сифат ва қимат нархи дармону ҷарроҳӣ дар бемористони мо на танҳо зиёд нест, балки камтар аз муассисаҳои ҳамгуни ҷумҳурӣ аст. Онҳое, ки маълумоти бештар гирифтан мехоҳанд метавонанд ба сайти расмии мо ворид шаванд ва бо нархномаву имтиёзҳое, ки мо пешниҳод мекунем, ба таври комилу мушаххас огаҳӣ ёбанд».
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)