Аз гурӯҳи кории кумитаи андоз ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки рафти корҳои таҳлиливу назоратиро нахуст аз ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон оғоз намуданд. Натиҷаи таҳлилҳо собит намуданд, ки вазъи бақияи қарзи андозҳо дар ноҳия хеле ташвишовар аст. Аз маблағи умумии қарзи андозҳои ноҳия, ки 4 миллион 186 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, 80 фоизи он ба корхонаҳои давлатӣ, аз қабили идораи давлатии хоҷагии об, ҶСК «Тоҷикхимпром» , корхонаи давлатии фаръии обу ташноб ва гармидиҳӣ тааллуқ дошта, боқимонда ба дигар корхонаву ҷамъиятҳои хусусӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ алоқаманд аст. Махсусан, дар идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Ёвон, ки самти асосии фаъолияташ таъмини ҳоҷагиҳои кишоварзӣ бо об мебошад, таҳлилҳо муайян намуданд, ки корхона дар назди буҷет 700 ҳазор сомонӣ қарздор асту роҳбараш Ҳалимхон Мирзоев барои кам кардани бақияи қарзи андоз масъулият ҳис намекунад. Аз ҷониби нозироти андози ноҳия ба корхонаи мазкур борҳо огоҳнома дода шудааст, вале то ҳол бенатиҷанд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |