Бахшҳо

Вокуниши тунди Шабдолов: Президент, ҳар чӣ ҳоҳад кардан гирад...(ВИДЕО)

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шарҳи натиҷаи интихоботи парлумонии якуми март, гуфт, "ин интихобот нест, он як фарс, як таъинот аст, ки бо супориши зимомдорон анҷом ёфт".

Раиси коммунистҳо, ки ҳизбаш бо 2,3 дарсади овозҳо ба парлумон роҳ наёфт, натиҷаҳоро супоришӣ унвон карда, афзуд, дар мулоқотҳои пешазинтихоботияш аз намояндаҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ шунид, ки тибқи супоришҳо коммунистҳо бояд 2 фоиз овоз гиранд: “Мо бо Шермуҳаммади Шоҳиён ин масъаларо ба миён гузоштем ва гуфтем, агар ҳузури мо дар парлумон лозим набошад, мо иштирок намекунем ва интихобкунандаҳои худро низ саргардон намесозем. Аммо ӯ гуфт, ки иштирок кунед. Аммо то ин дараҷа дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон набудааст. 24 сол мо барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар паҳлуи Президент кор кардем. Ин чӣ хел шудааст, Ҳизби аграрӣ, ки дирӯз ташкил шуд, овози зиёд гирифту мо ду фоиз?”.

Ба гуфтаи Шабдолов Ҳизби аграрӣ, ки дар парлумони нави кишвар 3 мандат гирифтааст, давоми ҲХДТ аст, ки бо супориши Президент таъсис ёфтааст: “Инҳо ҳамааш як қанотанд, аммо шумо дар куҷо дидед, ки парранда бо як қанот парвоз кунад? Ҳукумати мо мехоҳад, парламент бо як қанот парвоз кунад. Марҳамат!”

Дар мавриди вокуниш ба натиҷаи интихобот Шабдолов изҳор дошт, ҳеч ҳамоиши эътирозиро ташкил карданӣ нестанд: “Ба кӣ шикоят кунем, ба прокуратура, КМИР, ба кӣ? Ҳамааш дар дасти як ҳизб аст, ки роҳбарии онро Президент ба уҳда дорад. Ҳеч ҳамоиши эътирозие намекунем, аммо оқибати ин интихобот хуб намешавад. Намедонам ба Президент кӣ инро маслиҳат додааст, аммо одам бояд натиҷаи корашро фикр кунад”.

Шабдолов илова намуд, маъракае, ки якуми март дар кишвар баргузор шуд, интихобот нест, балки таъинот аст: “Ман эътироз мекунам. Президент ҳар чӣ коре мекунад, кардан гирад. Мебанданд моро ҳар чӣ хоҳанд кардан гиранд...”

Шабдолов таъкид намуд, шахсан он қадар хоҳиши вуруд ба парлумони навро надошт, чун шаш бор ба парлумони Тоҷикистон интихоб шудааст: “6 дафъа вакил шудаам, мумкин аз ҳузури ман безор шуданд, дар парламент. Аммо мо даҳҳо қонунро қабул кардем, аммо аҳзобе, ки чанд баробар аз мо зиёд мегирифтанд, чӣ кор кардаанд”.

Шабдолов муътақид аст, агар интихобот шаффоф баргузор мешуд, ҲКТ дар бисёре аз минтақаҳои ҷумуҳурӣ ҷойи якумро мегирифт.



ВИДЕОИ вокуниши Шабдолов ба натиҷаи интихобот дар BAMBUSER

Мӯҳр
Бале Шоди Шабдолов ва Рахматилло Зоиров дуруст гуфтен.

Аъзои ХАТ
Ин чӣ хел шудааст, Ҳизби аграрӣ, ки дирӯз ташкил шуд, овози зиёд гирифту мо ду фоиз? хахахаха. Мухтарам Шоди Шабдолов Хизби комунист пир шуд. Инро аз халк бояд пурсон шуд,ки чаро ба тарафдории ХАТ овоз додеду ба мо Комунистон не? Шаш дафъа вакил шудед бас будагист. Рохро ба суи чавонон боз кунед. Аз бисёрихо пурсон шавед намедонанд ки дар Точикистон ХК

max
Yagona mard dar bayni tamomi hizbhoi digar ki haqiqatro notarsida meguyad. Khudo yoraton ustod!!!

adl
Akai shabdolov shumo faromush karded ki hizbi shumo bo hizbi halki demokrati pronsiphoi koriashro barwakt iwaz kardagi. Holo hizbi shumoro hizbi komunisti modeli kuhna meguyanu hizbi halki demokratiro hizbi komunisti modeli naw. Fakat ismho kamtar fark mekunad. Hafa nashaw inho kadrhoi az kanoti hizbi shumo.

Истиклол
Ин Шабдолов Ш ба мисли Зюганов факат гап мезананду вохимаи халос, лекин кору амалияшон нест. Ана барои хамин мардум (электорат) диданд, ки ягон аз фоидаш нест дар ин интихобот овоз дигар надоданд. Ин кас бояд дар чои худашон як чавонро тарбия дода пешниход мекарданд, лекин ба мисли к/ф "Смерть ростовщика" бахили карданд ва аз хамаш монданд.

Ачоиб одамен шуморо мардум овоз надихад айби ки, шумо дархол айби Президент мегуед, пештар мардум содда буд ба ваъдахои дуруги шумо бовар мекард, хозир мардум кори реалнира нигох мекунад у мардуми содда тамом дигар нест мардум хушёр шидай.Точикистон бо ХХДТ ба пеш ба суи оромиву ободии ватани азизамон ТОЧИКИСТОН.

Аъзои ХАТ
Ин чӣ хел шудааст, Ҳизби аграрӣ, ки дирӯз ташкил шуд, овози зиёд гирифту мо ду фоиз?”. хахаха Мухтарам Шоди шабдолов инро бояд аз интихобкунандогон пурсон шуд ки чаро ба тарафдории мо овоз надодеду ба тарафдории ХАТ овоз додед! Хизби Шумо ПИР шуд.

муосир
лекин нисбати хизби комунист камтар неву зиёд безеб шуд

Мебахшед мухтарам Зоиров Р. хизби Шумо ки ба лозим, ки шумо тахлил карда истодаед, ки дар солхои пеш зиёд буду имсол 0,5% Шумо барои давлат чи кор ва навховари овардед. ба худатон савол дихед. ягон кас багайр аз он нафароне, ки дар гирди шумо хастанд, не шумора ва не хизби шумора мешиносанд. худтона асаби накунед, Партоед хамин хизбу, равед кори дигара кунед. Шумо хукукшиноси бакуват кори нагза меёбед, бовар кунед. Барори кор ба Шумо ....

Комил
Комунистҳо ба назди В.И. Ленин рафта шикояти худро арз кунед эҳтимол ҷасади Ленин ҳам шуморо шунидан намехоҳад, вакт ба охир расид good bye mr. Шабдолов )))

ВАЛИЗОДА
МУХТАРАМ ШОДИ ШАБДОЛОВ ШУМО КИ ШАШ БО ДАР ПАРЛУМОНИ КИШВАР ВОРИД ШУДЕДУ ЯГОН БЕХБУДИ БАРОИ ХАЛК НАКАРДАЕД БОЗ ДАЪВОИ ЧИ МЕКУНЕД ШУМО АГАР ДАР ИН МУДДАТ КАДРХОИ ЧАВОНУ ЛАЙОКАДМАНДРО АЗ ТАРАФИ ХИЗБАТОН БА ПАРЛУМОН РОХ МЕДОДЕД ИН КАДАР ДАР НАЗДИ МАРДУМ БЕКАДР НАМЕШУДЕД ШУМО ТАНХО ФИКРИ ЧОЙ КАРДАНИ ХУДАТОНРО ДАР ПАРЛУМОНИ КИШВАР КУШИШ МЕКУНЕД БАС АСТ БИГЗОР ДИГАРОН КОР КУНАН ШУМО ЯГОН КАДРИ ЧАВОНРО ДАСТГИРИ КАРДА НАТАВОНЕД БАРОИ ЧИ БАРОИ ХИЗБАТОН КАДРХОИ ЧАВОНРО ТАРБИЯ НАКАРДЕД Ё ИН КИ АЗ МАНСАБАТОН МЕТАРСИДЕДУ НАМЕХОСТЕД, ШУМО ТАНХО БАРОИ МАНСАБ КУШИШ МЕКУНЕДУ ЯГОН ПЕШРАВИ НАКАРДАЕД МАГАР БАГАЙР АЗ ШУМОВУ ТАЛБАК ИСМОИЛ ДИГАР ДАР ХИЗБИ ШУМО ЯГОН ШАХСИ СИЁСАТМАДОР НЕСТ КИ ТАНХО ШУМО ДАР ПАРЛУМОН РОХ МЕЁБЕД ИН ХАМА АЗ НОАДОЛАТИЮ МАНСАБТАЛОШИИ ХУДАТОН САР ЗАДААСТ

Мирзобек
Чаноби Шаббдоов Шумо хамаашро медонеду боз гап мезанед ал

Родмард
агар барои Кабириву Шабдол интихоботи ошкоро гузарони хам инхо ягон камбудиашро меебанд, ин гуна шахсхо аз таваллудшавии худашон норози хастанд!

ШОДИ
Дар интихоботи гузашта, ки чой гирифтед хомуш будеду аз президент пуштибони мекардед, акнун овоз нагирифтед вайронкор президент шуд.

Мухтарам Шабдоло асаби нашавед. Хизби Шумо бобоёни мо наг медонад. Шумо 6 дафъа вакил шудаам, бале аз хузури шумо безор шудем. рав акнун бас усунаша бо фикри кун. камакак истирохат кунед, ки синну соли Шумо хам як чи шудй..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)