Ошкор шудани харидуфурӯши тифл баъди як солу се моҳ
Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як сокини 29-солаи ноҳияи Турсунзода бо иттиҳоми фурӯши тифлаш хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, М.Д, 19 августи соли 2013 дар таваллудхона кӯдаки солими ҷинсаш занро ба дунё оварда, ба шаҳрванд Р.М. соли таваллудаш 1981, сокини ҳамин ноҳия ба маблағи 420 сомонӣ фурӯхтааст.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Дар се ҳафтаи ахир ин сеюмин ҳолати ошкорсозии хариду фурӯши кӯдак аз ҷониби мақомоти дохила аст. ВУД рӯзҳои 18 ва 23 феврал низ аз боздошти сокинони шаҳри Ваҳдат ва Душанбе бо иттиҳоми хариду фурӯши кӯдак хабар дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |