Бахшҳо

(ВИДЕО) Таҳдиди худкушии модари Солиҳов: Ӯ президентро таҳқир накардаст

Гулчеҳра Маҳмудова, модари Умедҷон Солиҳов, ки бо иттиҳоми узвият дар “Гуруҳи 24”-и Умаралӣ Қувватов ва таҳқири раисиҷумҳур ба 17 солу шаш моҳ равонаи зиндон шуд, мегӯяд, то замоне, ки ҷон дар бадан дорад, барои исботи бегуноҳии писараш мубориза хоҳад бурд.

Хонум Маҳмудова дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, фарзандаш бегуноҳ аст ва аз ҳукми додгоҳ розӣ нест. Ба қавли модари Умедҷон Солиҳов, аз қарори додраси парванда ба Додгоҳи олӣ, Додситони кулл ва Президенти кишвар шикоят мебарад: “Дар як оилаи камбағалона умр ба сар мебарем ва агар президент шикояти маро ба инобат нагирад, рафта дар назди дараш худамро ба қатл мерасонам. Ман чунин фарзанд тарбия накардаам, ки Президентро таҳқир карда бошад ё ягон хиёнати дигар карда бошад. Рафта аз ҳамсояҳо пурсед, ки фарзанди ман чи хел инсон аст, то имрӯз ҷиноят кардааст? Фақат дар хизмати ҷомеа буд. Ҳаминро ба инобат намегирад суду прокурору падари муҳтарами мо Ҷаноби олӣ, ки ман як модари се сол бемор, касалии дил, фақат муҳтоҷи ду сум пули фарзандам будам”.

Модари Умедҷон таъкид мекунад, агар писараш гуноҳгор мешуд, бо хоҳиши худашу даъвати модараш аз Русия баргашта намеоямад ва бо хоҳиши худ ба назди мақомот намерафт: “Ман се сол аст дар назорати духтур қарор дорам ва ӯро ба муҳоҷирати меҳнатӣ барои дарёфти пул фиристодаам. Мо дар интизори ду пул кор кардани фарзандам будам”. Ӯ мегӯяд, барои исботи бегуноҳии писараш мубориза хоҳад бурд.



17,5 соли зиндони узви "Гуруҳи 24":...барои таҳқири Президент


Ҳотам Раҷабзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, имрӯз, 4 март, Умедҷон Солиҳов, муттаҳам дар узвият ба созмони мамнуи “Гуруҳи 24”-ро ба 17 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Раҷабзода эълон намуд, ки барои маҷмуи ҷиноятҳо, аз ҷумла талоши ғасби ҳокимияти давлатӣ, вайрон намудани сохти конститутсионӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, таҳқири Президент ва ҷалби шаҳрвандон ба созмонҳои ҷиноӣ, Солиҳов ба 17 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуда, инчунин тайи 4 сол аз ҳаққи кор дар вазифаҳои роҳбарӣ маҳрум гардид. Додрас гуфт, чунин ҳукм бо назардошти бори аввал даст ба ҷиноят задан ва фарзандони хӯрд доштани ӯ содир шудааст.

Додрас зимни эълони ҳукм изҳор дошт, Умедҷон Солиҳов дар баробари Умаралӣ Қувватов ва Додоҷони Атоулло ба нашри матолибу наворҳои ифротӣ дар интернет машғул шуда, ҷавононро ба иттиҳоди ҷиноӣ даъват менамудааст. Аммо Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои Солиҳов гуфт, аз ин ҳукми додгоҳ розӣ нест ва аз болои он шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд.

Умедҷон Солиҳов охирҳои моҳи октябри соли 2014 аз сӯи мақомоти тоҷик боздошт шуда, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ӯро бар асоси моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба “ғасби ҳокимият”, ”даъват ба экстремизм”, “ҷавобгарии ҷиноӣ барои ташкили гурӯҳи ҷиноӣ” дар ҳамкорӣ бо созмони “Гуруҳи 24” ва “таҳқири омавии президент” муттаҳам менамояд. Ба гуфтаи мақомот, гӯиё Солиҳов дар яке аз наворҳои паҳншуда дар интернет Эмомалӣ Раҳмонро дар фурухтани қитъаи замини Тоҷикистон ба Чин айбдор карда, истеъфои ӯро низ талаб кардааст.
Мӯҳр
эй войе, шукрона кардан даркор буд, ки дар кишвари бихиштосо зиндаги мекунед, мемуред мисли гусфанд сархам карда гардед.

Сухроб
Гасби хокимият???... Кодекси чинояти дар дасти додгоху додрасхои хозира пластилин шудааст

озод
Замина Чина додан о хама медонадку набошад хамаро суд кунед

ба модари Умедчон муваффакият таманно дорам.

Ман нафахмидам, ки фурухтани замин ба Чин тахкир бошад, боз чихо дар моддаи тахкир дохил мешаванд, гуед мо донем .

озодагон
Хайфи Шумо бандед сайтатанро барои он, ки Шумо номи озодагонро хайф кардед. Барои чи Шумо хукми писари ин модарро аз сайтатон бартошдед. мо он чо фикрхои худро гуфта будем. агар иншро низ чоп накунед мо тамоман ихлосамон мегардад.

муосир
боз чигуна гунахкориаш исбот шавад. Он чизе аён аст, хочат ба баён нест

Давлат
Наход дар давлати демократи истеъфо гуфтани чиноят бошад. Вой аз он рузе, ки мо дигар давлатхо барин рохбарони давлатро карикатураашонро кашем..............

озод
Модарчон барои озоди мубориза баред мардони точик хама хору залиланд. Худро накушед чун гунох аст, зеро аз куштани худ факат душманон хушхол мешаванду халос.

каюм ховалинг
дили модар ба бача, дили бача ба дача.....

Проблема
Ба Худо дилам бар ин модар сухт ашкони чашмонам рехт. Дар ин ватан зистан мушкил аст. Чунки демократия мегуянду озоди мегуянд хамааш сухани пуч аст . Гайр аз порахурию тухмату паставит кардан хеч чизе нест. Модарчон худкуши хеч вакт накунед . ИншоОллох хамааш хуб мешавад.

Мухочир
ба инаш ха ХНИТ ва Кабири гунахгор бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)