Парвандаи 4 “роҳзан”-и тоҷик ба додгоҳ ирсол шуд

Додситонии байниноҳиявии Преображенск парвандаи чор тоҷики муттаҳам дар роҳзанӣ ва ҳамла ба соҳибкорзани русро ба додгоҳи Маскав фиристодааст.
Тибқи иттилои додситонӣ, иттиҳоми роҳзании гуруҳӣ алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон – Алиҷон Атошови 26-сола, Рауф Саидови 28-сола, Умар Каримҷонови 25-сола ва Алиҷон Ҷонмуҳаммадови 33-сола тасдиқ гардида, парванда ба додгоҳ фиристода шуд.
Қаблан мақомоти пулиси Маскав аз боздошти ин афроди муттаҳам дар роҳзанӣ хабар дода, афзуда буданд, ҳадафи онҳо асосан тоҷирон қарор мегирифтаанд. Аммо феълан дар парвандаашон танҳо як ҳолати ҳамла ба соҳибкорзан аз Перм дар рӯзи 28 октябри соли гузашта зикр шудааст.
Тибқи иттилои тафтишот ин гуруҳ тақрибан соатҳои 9:00-и 28 октябр бо мошини "ВАЗ 07"-ашон пеши роҳи “Хундай”-и соҳибкорзанро гирифта, бо ашёи монанд ба таппонча ба ӯ таҳдид карда, борхалтаашро бо 1,5 миллион рубл гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Пулис Маскав қаблан эълон намуда буд, боздоштшудаҳо иттилоъ дар бораи ҷабрдидаҳоро аз ҳамватанҳо, ки дар анбору бозорҳо кор мекардаанд, дарёфт менамудаанд ва одатан ба онҳое ҳамла мекардаанд, ки бо худ маблағи калон доштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |