Бахшҳо
05 мар 2015 13:09Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Азми Русия барои бештар кардани мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон

Русия ҷудо намудани бурсияҳои махсусро барои бештар кардани мактабҳои русӣ ва густариши омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон баррасӣ мекунад.

Игор Шувалов, муовини нахсутвазири Русия дар нишасти Кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Русия, ки 4-уми март дар Маскав баргузор гардид, изҳор доштааст, ки ихтисоси бурсияҳои махсус барои ташкили марказҳои омӯзиши забони русӣ ва мактабҳои русӣ дар марказҳои навоҳии Тоҷикистон дар назар аст.

“Русия барои амалӣ кардани лоиҳаҳои махсус дар муносибои байнидавлатӣ, аз ҷумла барои ворид кардани маҳсулоти меваюу сабзавот манфиатдор аст. Русия имконоти таъсис додани лоиҳаҳои бурсиявӣ барои эҷоди марказҳои омӯзиши забони русӣ ва мактабҳои русӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад”, - изҳор доштааст Шувалов.

Ин иқдом дар ҳолест, ки ахиран мақомдорони Русия аз танг шудани ҷойи забони русӣ ва афзоиши таваҷҷуҳ ба забони англисӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд. Аз ҷумла Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон зимни як мусоҳиба бо хабаргузории русии “РИА Новости” дар робита ба мақоми забони русӣ гуфт, ҳарчанд талабот ҳанӯз ба забони русӣ зиёд аст, вақтҳои охир ҷойи он танг шуда истодааст: “Мутаассифона бояд қайд кунам, ки муҳити истифодаи забони русӣ рӯз аз рӯз тангтар шуда истодааст. Теъдоди тоҷикистониёне, ки забони русиро медонанд, майли камшавӣ дорад. Аз бисёр ҷиҳат ин ба он вобастагӣ дорад, ки Тоҷикистонро даҳҳо ҳазор сокини русзабон тарк карданд ва нафаре нест, ки мактаббачаҳо бо ӯ бо забони русӣ гап зананд. Имрӯз суҳбатҳо бо забони русӣ дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ камтар ба гӯш мерасанд. Аҳамият додам, ки дар Душанбе низ шиору овезаҳо бо забони русӣ кам шудаанд. Ниҳодҳои давлатӣ дар бисёри ҳолатҳо бо овезаҳо бо забони тоҷикӣ иктифо мекунанд”.

Сафири Русия дар Тоҷикистон бо зикри ин раванд аз он изҳори таассуф кардааст, ки дар Тоҷикистон овезаю шиорҳо бо забони англисӣ майли афзоиш доранд: “Дар ҳоле ки тибқи Сарқонун ва дигар анъанаҳое, ки дорем овезаю шиорҳо бояд бо забони тоҷикию русӣ бошанд. Зарур аст, ки дар барномаҳои мактабӣ низ таваҷҷуҳ ба забони русӣ бештар шаваду соатҳои таълими забони русӣ зиёд карда шаванд”.

Мӯҳр
бисер икдоми хуб аст, чунки забон дони чахон дони . Дар пойтахт аз дехоту музофотхо омадагихо хатто ба забони адаби сухан гуфта наметавонанд, ки ин айб аст. дар мактаб забони точики ва адабиети клоссики точикро хонда лек онро намефахманд. бисер хуб мешуд агар дар мактабхои мо махсусан дар кишлок забонхои руси бештар ва инчунин забони англисию французи ва немиси омузанд хеле хуб мешавад. ин точдорон бояд забони хоричиро ед гиранд.

вазир бояд қабл аз ҳама сабаби фбетаваҷyҳии миллати Тоҷик нисбати забони Руси илман таҳқиқ кунадy бад ба ин иқдом даст занад то воқеан ин забон ба дарди миллати Тоҷик ва дустии байни миллатҳо истифода шавад. Миллати Тоҷики мо қаблан забони Русиро барои он меомухтанд ки ин забон барои пешбyрди корy фаолияташон дар Рyсия ба кор мерафт.Вале, имрузҳо мо мебинем ки қонyнҳои нав ба нав барои фишор болои муҳоҷирин дар порлyмони Рyсия ба тасвиб мерасанд. Миллатгароҳои Рус бо қатлy ғораташон миллатҳои ғайри Русро безор карданд.

Забони Ангиси Чахони Хаст .Руси Дар Чахон Бакор Намеравад.Мо Бояд Авал Забони Форситочикро Хуб Нагз Бубинем Бад Забони Аглисиро.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)