Бахшҳо

Генерали тоҷик: Куштори Қувватов ба тиҷорат рабт дорад

Мақомоти Тоҷикистон куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24”-ро дар Туркия ба тиҷорат рабт медиҳанд.

Генерали милитсияи тоҷик Ҷурахон Маҷидзода, дар робита ба куштори Қувватов ба хабарнигорон гуфтааст, “тибқи иттилое, ки ман дорам Қувватов дар гузашта бисёриҳоро “кидат” карда, тиҷоратҳои манфиатоварашонро кашида гирифтааст. Бинобар ин бадхоҳони ӯ низ кам нестанд”.

Маҷидзода дар суҳбат бо “Интерфакс” таъкид намудааст, ки “дар ҷаҳони муосир хеле каманд, мақомоти махсус, ки тавонанд қотилро бо силоҳ аз сарҳад гузаронанду баъди анҷоми куштор ӯро аз байн бардоранд. Тоҷикистон дақиқан аз ҷумлаи чунин кишварҳо нест”.

Ин дар ҳолест, ки ҳаммаслакони Умаралӣ Қувватов мегӯянд, ба хулосае омадаанд, ки ҷасади ӯро ба Ватан интиқол диҳанд. Маросими бахоксупории Қувватов аввали ҳафтаи оянда дар назар аст.

Ин дар ҳолест, ки Умаралӣ Қувватов, раҳбари кушташудаи “Гуруҳи 24” пеш аз қатлаш зимни меҳмонӣ дар хонаи як шарики худ, Сулаймон Қаюмов бо ҳамсар ва ду фарзанди ноболиғаш заҳролуд шудааст.

Дар ин бора расонаҳои туркӣ хабар дода, меафзоянд, ки феълан Қумриниссо Ҷабборова, ҳамсари Қувватов бо ду фарзандаш дар бахши эҳёгарии яке аз бемористонҳои Истанбул бистарӣ мебошанд.

Ба иттилои манбаъ Қувватов шоми 5-уми март ба хонаи Сулаймон Қаюмов, ки се моҳ пеш ба Туркия муҳоҷир шуда, ба “Гуруҳи 24” пайвастааст, ба меҳмонӣ даъват гардидааст: “Баъди истеъмоли ғизо Қувватов бо наздикон худро нороҳат эҳсос мекунад ба хиёбон мебарояд то ба беморхона раванд, вале ҳангоми ба берун баромадан ба сараш шиллик мекунанд. Ҳамсар ва фарзандонаш фурсат пайдо мекунанд, ки дар ин бора пайвандонашонро огоҳ намоянд ва баъдтар аз ҳуш рафтаанд. Дар беморхона ба мо гуфтанд, ки онҳо бо шумули Қувватов ҳам пеш аз кушта шуданаш, заҳролуд шудаанд”.

Расонаҳои туркӣ иттилоъ медиҳанд, нафаре, ки ба сари Қувватов тир холӣ кардааст, тоҷик будааст, чун пеш аз паррондан чанд калима бо забони тоҷикӣ гуфтааст. Аммо дар мавриди он, ки қотил чӣ гуфтааст, маълум нест.

Ҳоло бар асоси иттилои расонаҳои Туркия, Сулаймон Қаюмов ба гумони қасди заҳролуд кардан айбдор дониста мешавад ва боздошт шудааст. Наздикони Умаралӣ Қувватов гуфтаанд, ки Қаюмов ҳангоми хӯроки шом бисёр шубҳаовар рафтор мекардааст ва бо тахмини зиёд заҳрро ба хӯрок ӯ ворид кардааст.

Қаблан расонаҳои Туркия иттилоъ доданд, ки раҳбари “Гуруҳи 24” соати 22:30 ба вақти Туркия дар кӯчаи Фотеҳии Истанбул аз пушти сараш тир хӯрда, то расидани ёрии тиббӣ ҷон додааст.

Ин расонаҳо навореро ҳам нашр кардаанд, ки дар он ҳамсари Умаралӣ Қувватов дида мешавад. Ӯро ҳамроҳ бо як писари хурдсол вориди як мошини ёрии таъҷилӣ мекунанд.
Мӯҳр
ывапрол
ин генерал рост мегуд хешитабори пр ро кидадкардаги ин сулаймон 3мох пеш супориши гирифта рафтаги барои куштани у к

ПАТРИОТ
Аз чониба ки кушта шудааст фарк надорад.
Аз хама мухим, ин ки давлати осудаи точиконро ба УКРАИНАИ-2 табдил надод. Ба ин мардум чи намерасида бошад!

Нодуруст. Мо аз амнияти Тоҷикистон сабт дорем, чихел коргари Амният аз номи Вазири КГБ салом медиҳад, ва ба Ҳоҷи мегуяд, ки шуморо се ё 4 рузи ҳаётатон мондааст. Баъд боз як мактуби дигар аз амният омада буд, ки ба ҳоҷи заҳр доданиян. Дигар фиреб ба кор намеравад.

Генерал???бовар кунед дар душанбе аз одамро дида генерал бисер шудаст.Наход ки ту аз пеши худат гап зани ?боз баландтар гап зан ки раиси чумхур фахмад ва омада сари туро сила кунад..

Бас будагист шармандаги?Аз Худо тарс

Мард
Мардака каси куштай, иншоолох чавобша мегира. Ай пушти хак мурд

Робен Гуд
Катли бародари Шахидрохи хак ба тичорат не ба сиёсат рапт дорад ва мар дум 100%медонанд ки Умарали Кахрамони точикро кушта аст

салом чи тема мекнен


mt
Ин одамро худо хамин кадар умраш додаст вакт ки расид хохи нахохи мерави.

Дилам ба ин шахс хеле сухт ва ба фармоишгараш нафратам меояд, ки аз Худо натарсид ки зану фарзандонашро гирену сарсон кардааст.Кушандахо чи хел метавонанд бо пуле ки барои куштани ин Шахс гирифтан нон бихуранд ва фарзанди худро нон бидиханд, ана баъд мегуянд ки чаро ин фарзандон ношуданд, хамааш аз лукмаи харом хурдан аст. Худо Умарали Кувватовро рахмат бикунад ва фармоишгарашро чазо бидихад.

Озодагон ! Чаро калимахои бе маънию беасосро кор мефармоед. Хар кас аз шумо кушиш мекунад ки худро бо навигарие нишон дихад. Ин чис ШИЛИК дар кучо хондаед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)