Бахшҳо
07 мар 2015 13:29Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Сардаргумии муҳоҷирон: Ту маъқулӣ-гузар, ту не-мамнуъулвурудӣ!

Муҳоҷирони тоҷик дар ин авохир аз он шикоят доранд, ки наметавонанд маълумоти дақиқ дар бораи ҳаққи сафар ба Русияро пайдо кунанд. Муҳоҷирин мегӯянд, бо вуҷуди ин ки аз ниҳодҳои масъули Тоҷикистон маълумот мегиранд, ки онҳо барои ворид шудан ба қаламрави Русия монеае надоранд, вале боз дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон ё дар фурудгоҳҳои Русия маълумот пайдо мекунанд, ки онҳо ҳаққи сафар ба Русия надоштаанд. Ин сардаргумӣ мушкилоти зиёдеро барои муҳоҷирин ба бор овардааст.

Ин муҳоҷирин мегӯянд, ки ҳоло ҳеч ниҳоде кафолати сад дар садӣ дода наметавонад, ки онҳо ҳаққи иҷозаи вуруд ба Русия доранд ё не. На Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва на ниҳодҳои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия.

Онҳо чипта мехаранд, пул масраф мекунад ва ба Русия мераванд, вале аз фурудгоҳҳои Русия ба кишвар бозпас гардонда мешаванд, ки барояшон хароҷоти зиёд ва сарфи беҳудаи вақтро ба бор меорад.

Хабарнигори “Озодагон” 4-уми март дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб шоҳиди чунин мавридҳои саргардонии муҳоҷирини тоҷик шуд. Ҳудуди 5 нафар муҳоҷир бо вуҷуди ин ки пешакӣ ан санҷиш гузашта буданд ва маълумот гирифта буданд, ки ҳаққи сафар ба Русияро доранд, вале дар ин фурудгоҳ боз ба онҳо гуфтанд, ки шумо барои ворид шудан ба Русия мамнуъулвуруд ҳастед.

Яке аз муҳоҷирин Ҳикматёр Сулаймонов, ки аз Кӯлоб ба Русия сафар намуд, имрӯз аз Маскав ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, ки дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав наздики 10 шаҳврванди Тоҷикистонро барои ворид шудан ба қаламрави Русия иҷоза надоданд. “Онҳоро гуфтанд, ки Шуморо иҷборан ба Тоҷикистон бозпас мегардонем”.

Як масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба хабарнигори мо гуфт, ки ҳоло ҳеч ниҳоде наметавонад, дар ин бора кафолати комил бидиҳад. Зеро ҳолатҳое шудааст, ки шаҳрвандони мо умуман ба Русия сафар накардаанд, вале дар фурудгоҳҳои Русия ба онҳо мегӯянд, ки шумо мамнуъулвуруд ҳастед.

Сардаргумии муҳоҷирон: Ту маъқулӣ-гузар, ту не-мамнуъулвурудӣ!Моёншо Маҳмадбеков, сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки агар шаҳрвандони кишвар пеш аз сафар ба мо муроҷиат кунад, чунин сардаргумӣ ба вуҷуд намеояд. “Албатта, кафолати сад дар садӣ вуҷуд дошта наметавонад. На танҳо дар ин масъала, балки дар масъалаҳои дигари ҷомеа низ. Аммо мо рӯйхати шаҳрвандонеро, ки бар асоси тасмимҳои Хадамоти федеролии муҳоҷират ё Хадамоти амнияти федеролӣ аз Русия ихроҷ ё мамнуъулвуруд шудаанд дар даст дорем ва ба онҳо дақиқ гуфта метавонем, ки ҳаққи сафар доранд ё не. Вале мушкилот дар ин аст шаҳрвандони моро барои қарзи симкортҳои телефон ё барои дертар супоридани ҳаққи патент ва ин гуна масъалаҳо ҳам аз Русия бозпас мегардонанд”,-мегӯяд Маҳмадбеков.

Ба назари Маҳмадбеков бадии кор дар он аст, ки шаҳрвандони мо ба мақомоти масъули расмӣ нею, ба баъзе ниҳодҳои дигар муроҷиат мекунанд ва дар натиҷа дучори фиреб мешаванд .

Ин масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки мо аз тамоми шаҳрвандони кишвар хоҳиш дорем, пеш аз сафар ба ниҳоди мо ва дигар мақомоти зертобеи мо дар шаҳру навоҳӣ муроҷиат кунанд ва иттилоъ бигиранд, то дучори мушкил ва сардаргумӣ нашаванд.

Сардаргумии муҳоҷирон: Ту маъқулӣ-гузар, ту не-мамнуъулвурудӣ!Аммо Иззат Амон, раиси Итиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия ҳам мегӯяд дар ҳақиқат ин мушкил вуҷуд дорад ва ин мушкил бештар сунъӣ аст: “Ин сардаргумиро Русия эҷод кардааст. Бубинед, ин як системае ҳаст, ки танҳо барои саргардон кардани мардум сохта шудааст. Дар ҳама кишварҳои пасошӯравӣ аҳвол ҳамин аст. Танҳо барои пулрӯёнӣ ва саргардон кардани мардум. Сардаргумӣ ва хараҷу мараҷе, ки ҳоло дар ин кишвар нисбати муҳоҷирон сурат гирифта истодааст, собиқа надорад”.

Моёншо Маҳмадбеков мегӯяд, ки ҳоло онҳо барои аз байн бурдани ин сардаргумӣ ва дигар мушкилоти муҳоҷират Комиссияи вижаи байнидавлатиеро таъсис додаанд, ки бо ҷониби Русия дар ин заминаҳо кор мекунанд.

Дар Русия наздик ба 10 мақомоти давлатӣ ҳаққи боздошту ҷаримаи муҳоҷирини кориро доранд ва яке аз сабабҳои ин сардаргумиҳо дар зиёд будани ин мақомот арзёбӣ мешавад.

Муҳоҷирини тоҷик мегӯянд, ки дар ин роҳ сарнавишти онҳо ба табъу эҳсоси кормандони фурудгоҳии ниҳодҳои масъули муҳоҷират ва сарҳадоти Русия бастагӣ дорад: “Онҳо то ҳатто баъзан вақт берун аз қонуну қоидаҳои мавҷуд, бар асоси муносиботи шахсӣ ҳам ҳаққи вуруд ба моро намедиҳанд. Яъне агар маъқул шавад, иҷоза медиҳанд, агар не, не”.
Мӯҳр
Моёншо Маҳмадбеков, сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки агар шаҳрвандони кишвар пеш аз сафар ба мо муроҷиат кунад, чунин сардаргумӣ ба вуҷуд намеояд. ---ШУМО ХИЗМАТГОРИ ХАЛК Ё ХАЛК ДАР ХИЗМАТИ ШУМО??? МАГАР ДАР ФУРУДГОХУ ЧАМОАТУ ДЕХАХО ТАВАССУТИ ХУКУМАТ РУИХАТРО БА МАРДУМИ ОДДИ РАСОНИДАН ВАЗИФАИ ШУМО НЕСТ? ПАС АЗ ОН КИ МАРДУМИ БЕЧОРА САРСОН ШУД, САДОИ ШУМО БАЛАНД МЕШАВАД, КОРХОНАЕ КИ БА ДАРДИ ХАЛК МАЛХАМ НАШАВАД, НАБУДАНАШ ХУБТАР...

точик
Точик харчи мекашад аз азобу ранч аз дасти хукумати нотавонаш АСТ

бародарони азиз! ин Моёншо ва дигархояшонро як тараф монетон аз дасти инхо ягон кор намеояд лекин шумо метавонед ба сайти ФМС Россия тавассути интернит ворид шуда дакик кунед

р.м.с
рузи 20-уми февраль дар пулково зиёда аз дах точикро гардонданд, яъне протокол карда 72 соат мухлат доданд ки давоми ин вакт баромада аз РФ раванд аммо хеч ки пули билет надошт намедонам холи онхо чи мешавад

мухочир аз руссия
Салому дуруди бе поён ба халки точки.
Хохиш дорам, ки гумруки точикистон бисёр азоб надиханд дар гумрук то сум надихи
Кофтуковро давом медиханд.бисер бетартиби аст дар гумруки точикистон.
Мегуянд сумхои точикиро аз точикистон баровардан ман аст чарима мекунанд.
Пулхои сомониро мегиранд бо чарима бо пули руси месупори!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)