Бахшҳо
10 мар 2015 14:54Тоҷикистон / Сиёсат

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Аз таъини вазирону аъзои нави ҳукумат то раисони ноҳияҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 10 март бо судури чанд фармон раисони як қатор ноҳия, кумита ва вазоратҳоро иваз намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Қосим Роҳбар бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи вазири кишоварзии Тоҷикистон барканор шуда, раиси Кумитаи рушди маҳаллаи назди президенти Тоҷикистон таъин гардид. Курсии вазири кишоварзӣ ба ихтиёри Маҳмадтоир Зокиров гузошта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Маҳмадтоир Зокировро дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ -- Ятимзода Акбар Табарӣ иваз намуд. Ятимзода Акбар Табарӣ то ин вақт раиси ноҳияи Варзоб буд, ки акнун раҳбарии он бар души Савзаалӣ Назирзодагузошта шуд.

Инчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон Холмурод Раҳмон аз вазифаи раиси ноҳияи Қумсангир барканор шуда, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дар ин симмат Ҳасанзода Ҳомид Усмонро иваз намуд, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа барканор гардид.

Ҳамзамон Аминзода Фотеҳи Файзулло аз вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон озод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қумсангир таъйин гардидааст. Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ ҳам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии “Тилои Тоҷик” барканор ва ба ҷои ӯ Исоҷон Қурбонов таъйин гардидааст.
Мӯҳр
арабпараст
Тоба "фармон"-ро хам ба араби "фаромин" навиштаанд

Сарбоз
Тоба ин ки хамика кумитаи заминро танкид карданд танкид кардан раисша кардан вазири кишоварзи. Ира мегуян тоба тоба

Адиб
шояд 10 март бошад, на 10 феврал

10 уми феврал ё март? Ман нафахмидам

мухтарам Косим Рохбаровиж, як гайрат куне, хами тушкаро ба нархи 1 сомону 37 дирам табдил дех.

Кафтарбоз
давоми достонро нафамидам, истехсоли беш аз як милён тонна катушка рост буд, ё дуруг, як бор аз пеши Косимчон аком мепусидетон?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)