Бахшҳо
10 мар 2015 14:55Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Доктор Нозим Шодиев: Уфунатҳои гулӯ сарчашмаи бемориҳои дил ва гурдаанд

Беморонеро, ки аз дарди гӯш, бинӣ ва гулӯ шикоят доранд, ҳарораташон баланд аст ё аз тариқи димоғ бо душворӣ нафас мегиранд, духтурони умумӣ ҳам метавонанд табобат бикунанд. Пас чӣ зарурате ба духтури ЛОР мемонад? Муроҷиат ба ин мутахассис чӣ манфиат дораду чӣ бартарӣ? Доктор Нозим Шодиев, мутахассиси гӯшу бинию гулӯи Бемористони Ибни Сино ба пурсишҳои мо посух гуфт.


- Бигӯед, ки ин бахш ба ташхис ва дармони кадом намуди бемориҳо тахассус дорад ва бартарияш аз дармони табиби умумӣ чист?

Нозим Шодиев: Агар худи калимаи ЛОР-ро тасриф кунем,аз калимаи лотинии ларинго-ото-рино гирифта шуда, маънояш ҳамон гулӯву гӯшу бинӣ аст. Воқеан, бештарини одамон фикр мекунанд, ки ин бемориҳо он қадар диққати хосро талаб намекунанду муҳим ҳам нестанд. Мардуми мо чунин мепиндоранд, ки масалан грипп ва заҳрбод (ангина)-ро метавон сарипо гузаронд ё каме вазнинтар бошад, бо ду се рӯз хобидан халос шуд. Вале мардум бояд бидонанд, касалиҳои гӯшу биниву гулӯ, хусусан ҳамон грипп ва заҳрбоде (ангина), ки “кирои аҳамият надоранд”, мегӯянд ё шамолзадагию сурх гаштани гулӯ ё уфунати гулӯ дар сурати саривақт ва ба таври ниҳоӣ табобат нашуданаш, метавонад ба натиҷаҳои хеле бад оварда расонад. Ин амр боиси музмин шудани касалӣ, азияти бештари бемор, табобати тӯлонитар ва харҷи бештари табобат мешавад. Натиҷаҳои ингуна бепарвоӣ ба саломатии худ ва саривақт муроҷиат накардан ба мутахассисро мо имрӯзҳо дар Бемористони Ибни Сино дар бахшҳои мухталиф бисёр мебинем. Як мисоли оддӣ меоварам: вақте ки гулӯи одам уфунат мегирад, ин уфунатҳо метавонанд сабабгори ревтамизм шуда, оқибат ба нуқсонҳои даричаҳои дил оварда расонад. Ҳамин микробҳо ҳастанд, ки рафта- рафта гурдаро низ аз байн мебаранд! Барои безарар гардонидани ин уфунатҳо саривақт антибиотикҳои лозимаро истеъмол бояд намуд, ки онро фақат мутахассиси ЛОР метавонад тавсия бидихад. Албатта, мутахассис қаблан беморро муоина карда, дар асоси озмоишҳои хун ва ғайра бемории ӯро ташхис ва пас аз муайян кардани решаи беморӣ ва ҳассосияти бемор ба доруҳои мухталиф, доруи мувофиқро тавсия медиҳад.

Дар Бемористони мо, хушбахтона, озмоишҳо дар сатҳи баланд анҷом дода мешаванд, мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, ки дар байни онҳо кадрҳои маҳаллӣ низ ҳастанд, метавонанд ба беморон тавсияҳои зарурӣ ва судманд диҳанд. Аммо қабл аз ҳама фаромӯш набояд кард, ки саривақт дармон накардани беморӣ дарду ранҷи беморро бештар ва муддати табобати ӯро тӯлонитар мекунад. Бемории зоҳиран соддаву назарногир метавонад ба бемориҳои гуногуни дигар боис шавад. Аз ин рӯ, беҳтараст ба маҳзи шамол хӯрдан, ё гирифтор шудан ба бемориҳои гӯшу биниву гулӯ ба мутахасси ЛОР муроҷиат намоед.

-Дар Бемористони Ибни Сино ин бемориҳо бо чӣ тариқ ва васила табобат карда мешаванд?

Нозим Шодиев: Табобати умумӣ пас аз муоинаи дақиқ ба анҷом расонида мешавад, аммо дар амалиёти ҷарроҳӣ аз ду роҳи табобат истифода мешавад: ҷарроҳиҳоии марбут ба ЛОР ва ҷарроҳиҳои эстетикӣ. Хушбахтона, мутахассиси варзида, доктори эронӣ МуҳаммадБеҳрӯз ин ҷарроҳиҳоро бо ҳадафи зеботар кардани сурати зоҳирии бемор анҷом медиҳанд, яъне гӯшҳои чапар, биниҳои бузургу каҷ ва ғайраро низ ҷарроҳӣ мекунанд. Мо таҷҳизоти навтарини соҳаро дорем, ки имкон медиҳанд бардоштани полипҳо, гирифтани гӯшти зиёдатӣ аз дохили бинӣ, рост кардани девораи дохили биниро бо роҳҳои камзахм ва бо сифати баланд анҷом бидиҳем.

- Қимати ин амалҳо чанд аст?

Нозим Шодиев: Албатта, бо қимати ин амалҳо шумо бемалол дар сайти мо метавонед ошно шавед, инчунин нархнома дар даромадгоҳи Бемористони Ибни Сино низ дар маърази диди умум гузошта шудааст. Роҳбарияти бемористон барои сабуктар намудани хароҷоти беморон ва дастрастар намудани хидматрасониҳои мо ба тамоми қишрҳои ҷомеа, барномаи иҷтимоии суғуртаи тиббиро роҳандозӣ кардааст, ки ба таври мисол, бо суғурта шудан ба маблағи ҳамагӣ 150 сомонӣ, метавонед худатон ва наздиконатонро дар давоми як сол аз хидмати босифати баланд ва қаноатбахш баҳравар созед.
Маълумоти бештарро аз сайтҳои: www.ibnisino.tj ва www.sugurta.tj метавонед пайдо намоед.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)