Бахшҳо

“Биёед, кохи ояндаи дурахшонамонро бо ҳам бисозем”

Муроҷиати Раиси Ҳайати Мудирони Бемористони Ибни Сино Холиқов Абдухалил

Дустони мўҳтарам!
Ин муроҷиат ба ҳамаи касоне дахл дорад, ки Тоҷикистонро самимона дўст медоранд ва ба рушду ояндаи дурахшони он манфиат доранд. Аз дигарон хоҳиш мешавад, вақти худро зоеъ накунанд!

Вазъи имрўзаи соҳаи тандурустии кишварамон барои ҳамагон маълум аст ва он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён надорад. Аммо илм ва амалияи тиб дар дунё бо суръати рўзафзун рушд мекунад. Пешрафти соҳа ба дараҷае расидааст, ки дигар аксари ҷарроҳиҳо бо усули камзахм ва ба воситаи роботҳо анҷом мешаванд. "Да Винчи", "Сайбер Найф" ва дигар васоили пешрафтаи пизишкӣ ҳанўз ҳам дар кишвари мо афсона метобанд, гарчанде дар кишварҳои пешрафта таҷҳизоти маъмулӣ шудаанд.

Дар натиҷаи пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ва ҷанги дохилӣ соҳаи тандурустии кишвари мо ақиб афтод ва мутахассисон барои кор бо таҷҳизоту технологияи навин омўзиш надиданд. Мутаассифона, дар аксари бемористонҳои мо ҳанўз ҳам аз технологияи солхои 60-уми асри гузашта (тибби шўрави худ 20 сол аз дастовардҳои технологияи дармони ҷаҳонӣ аҷиб монда буд) кор гирифта мешавад. Дар ҷомиъа зехнияти нолоиқе дар шаъни пизишкон шакл мегирад. Кор ба ҷое расидааст, ки халқ хатто мақол эҷод кардааст: Худо гӯй, корат ба ... балниса наафтад. Ҷаҳолату гумроҳӣ, аз як сў, аз сўи дигар пурзахму пуравориз ва гарону номуассир будани дармон сабаб шудааст, ки мардум аз духтурон дилсард шуда, бештар ба табибони ба истилоҳ «халқӣ», фолбинон ва қаллобон руй меоранд.

Дар марҳалаи кунунӣ ҷомеъаи мо дар сохаи тандурустӣ дар миёнарохи иқтисоди нақшавӣ-фармоишии шўравӣ ва муносибатҳои бозорӣ муаллақ мондааст. Тибби мо ройгон эълон шуда аст, вале дар асл мардум солона то 3-4 миллиард сомонӣ ба бемористонҳо ва масъулону мутахассисони онҳо пардохт мекунанд. Вале ин пардохтҳо расмӣ нестанд ва на андозбандӣ мешаванд, на дар муҷаҳҳаз шудани бемористону дармонгоҳҳо ва бо мутахассис таъмин шудани соҳа саҳм мегузоранд. Бояд гуфт, барои тағйир додани ин вазъ, яъне дигарбора ба тибби расмӣ итминон пайдо кардани мардум, дигаргун кардани системаи расмии пардохти маош ва дастмузди мутахассисон, ки ба ҳадди зиёд пардохтҳои ғайрирасмиро аз миён хоҳад бурд, ба муҷаҳҳаз шудани бемористонҳо пеш аз ҳама худи аҳли тиб манфиатдор ҳастанд, зеро ин амр зиндагии шоиста ва сарбаландонаи онҳоро таъмин хоҳад кард.

Зеҳнияте маъмул аст, ки табобат бояд ройгон бошад. Шояд ин зеҳният аз гузаштаи шуравии мо сарчашма бигирад. Аммо ба фикри мо, баръакс дар кори чарроҳию табобат бояд аз дастгоҳ ва васоили беҳтарин ва гаронтарин истифода бишавад. Мо бояд бештар ба ин андешем, ки чунин хадамоти боландсифат ва гаронро чи тавр барои ҳамаи қишрҳои чомеъа метавон дастрас кард. Дар ин бора дар навиштаи мухтасари мудири молии бемористон изҳори назар шудааст, ки хонданаш аз манфиат холӣ нахохад буд. https://ibnisino.tj/tg/minbari-rokhbar/24-kholikov-abdumurod.html

Ман худам дар шўравии собиқ бузург шудам, хондам ва омўзиши ниҳоии худро дар хоричи кишвар ройгон аз ҳисоби давлати шўравӣ гирифтаам. Вале бояд бедор шуд. Он замонҳо бебозгашт рафтанд. Сохти ҷамъиятӣ дигар шуд. Давлат, агарчи талош мекунад, дигар қудрат надорад, хидматрасон бошад. Вай бояд шароит фароҳам кунад, имтиёзҳо бидиҳад ва инфраструктураро дар даст дошта, амниятро таъмин созад. Дигар миллиардҳо аз Маскав сарозер намешавад. Ёрии беғараз аз ҳеч куҷо нахоҳад омад. Ҳамин худи мо ҳастему бас! Мо бояд кишвари худро худамон обод кунем. Ҳеҷ хориҷие ба ҷои мо хонаи моро обод намекунад. Бо ҳамаи эҳтиром ба созмонҳои байналхалкие, ки ин ҷо ҳузур доранд, онҳо низ ҳадафхои худашонро доранд ва дар амри ободии мулки мо чандон талоше ба харҷ намедиҳанд.

То кай бинолем, ки вазъ бад аст? Бо такя ба ресурсҳои каме, ки дорем бояд миёнро барои ободии кишвар маҳкам бибандем!

Мо дар обод кардани як гўшаи ин ватан азм кардаем. Азмамон қатъист ва Худо хоҳад ба маҷсад мерасем, зеро ният нек аст. Ва дар давоми зиёда аз панҷ соли фаъолияти ин тарҳи иҷтимоиямон, ки Бемористони Ибни Сино аст, исбот кардем, ки мо ҷодирем дар соҳаи тандурустӣ саҳми худро гузорем. Ҳадафи мо ин аст, ки сатҳи табобат дар кишвар ҷавобгўи рўз бошад, маърифати беҳдоштии мардум боло равад, сатҳи фасоду фиреб дар соҳа кохиш ёбад, пешгирии сироятҳо ба таври стандартӣ ҷорӣ бишавад, ки ба амнияти хонадони ҳар нафари мо дахл дорад.

Дар тули ин панҷ сол мо тавонистем бо роҳи эҷоди рақобати солим таъсири амиқе дар соҳаи тандурустӣ бигузорем. Дар риштаҳои кардиологӣ ва ҷарроҳии дил, урологӣ, чашмпизишкӣ , ҷарроҳии асаб, гастроэнтерологӣ амалҳои дар кишвар бесобиқаро анҷом додем. Тавассути бемористони Ибни Сино қариб дар ҳама риштаҳои пизишкӣ таҷҳизоти нав ворид шуд ва технологияи нави дармон дар кишвар роҳандозӣ шуд. Омўзиши кадрҳои маҳаллӣ дар марказҳои пизишкии хориҷӣ бо ҳадафи ошноӣ бо шеваю услуҳои нави ҷарроҳию дармон давом дорад. Стандартҳои нави безараргардонӣ ва зиддиуфунӣ истифода мешаванд, ки дар асри интишори ВИЧ-у гепатитҳо хеле ва хеле муҳим мебошанд. Бахшҳои бемористон дар шимолу ҷануби мамлакат кушода шуданд ва рўз то рўз такмил шуда, хамин гуна хизмати босифат ва арзандаро ба мардум дар маҳалли худашон пешниход мекунанд. Аслан, шакку тардиде дар ин амр нест, ки барои инсон табобати босифат ва муассир бояд дар кишвар ва дар шаҳри худаш дастрас бошад. Магар мешавад ҳар бемореро ба хориҷа расонд? Аксаран наҷоти бемор фақат дар чанд соати аввал имконпазир аст. Агар ҳам касе тавони бурдани бемори худ ба хориҷро дошта бошад, магар фикри дигар хешу аҷрабо, дўсту хамсояҳо ва хамдеҳаву ҳамватанонро набояд кунад? Ва агар аворизе пеш омад, ҳар дафъа бояд ба хориҷа сафар кунад, то он бемористони хориҷӣ табобатро пайгирӣ кунад?

Дар асл коре, ки мо мекунем, кори давлатҳост ва пурхарҷу ҳазина ва хеле мураккаб мебошад. Дар масъалаи ҷузъиёти кор дўсти азизам доктор Али Саломат, дар муроҷиаташон хеле хуб гуфтаанд, ки бо он метавонед дар сайти бемористон шинос бишавед: https://ibnisino.tj/tg/minbari-rokhbar/23-ali-salomat.html

Ба хотири дастрас кардани ин хадамоти тиббии мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонӣ барои ҳамаи қишрхои аҳолӣ суғуртаи тиббӣ роҳандозӣ шуд.
Имрўз вақте аз хиёбонҳои шаҳрҳои кишвар гузар мекунед, аз дидани кўшкҳову мошинҳои люкс хурсанд мешавед, ки мардум доранда мешаванд. Махсусан, вақте мехонед, ки соҳибкоре фақат барои саисхонааш солона чандсад ҳазор сомонӣ сарф мекунад, ангушти ҳайрат мегазед. Вале, ғайр аз ин ҳама ва пеш аз ин ҳама ба ҷомеъа, ба мардум мактабу бемористон заруртар аст. Мо дар ин кори нек хиштҳои аввалро гузоштем ва омодаем минбаъд низ кори худро идома бидиҳем. Биёед ба мо бипайвандед, то ҳамроҳ хиштхои баъдиро бигузорем, то кори арзандае ба кишвару мардуми худ карда бошем.

Фикр мекунам арзанда аст, ки ҷомеъа ин бемористон ва коллективи онро дастгирӣ намояд!

Ман аз кулли хамватанон даъват мекунам, ки ба хотири ояндаи худ ва фарзандонашон моро дастгирӣ намоянд! Дастгирии шумо аз он иборат хохад буд, ки худ ва наздиконатонро суғурта бикунед ва дар ивазаш аз хидмати босифати тиббӣ дар пешрафтатарин бемористони кишварамон баҳравар бишавед. Зимнан, дар давоми ду соли гузашта, кормандони чандин муассисаву корхонаҳо ба узвияти гурўҳии «Суғуртаи миллӣ» пайвастанд, аммо ин нукта шояд бароятон ҷолиб бошад, ки муассисон ва роҳбарони бештари онҳо шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Аз муассисон ва роҳбарони корхонаҳо, ба хусус, шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки дар амри масъулиятшиносии иҷтимоӣ фаъолтар бошанд!

Мо бесабаб ширкати суғуртаро "Суғуртаи миллӣ" ном накардаем. Ҳадафи ин ширкат ба маҳзи расидан ба теъдоди 20 ҳазор нафар суғурташуда, сохта ба истифода додани бемористонҳои комилан муҷаҳҳаз дар маркази ду вилояти дигари кишвар мебошад.

Дар давоми соли равон хидмати ёрии таъҷилиро рохандозӣ хоҳем кард.
Бо расидан ба 50 хазор нафар суғурташуда хидмати бемористон ба онхо комилан ройгон ироа хоҳад шуд! Қадам ба қадам ба ҳадафи ниҳоӣ расидан мақсаду мароми мост.

Биёед, кохи ояндаи дурахшонамонро бо ҳам бисозем!
Мӯҳр
Ташакури зиед рафик духтур. Ман низ сад дар сад тараф дори гуфтахои доктори Азиз мебошам, зеро худам дар хоричи кишвар чарохи анчом додаам ва тачхизоти муосир,сатхи хизматрасони хоричро бахо дода метавонам. Шояд Шумо фикр кунед, ки ман маблаги зиедати доштам, ки дар хорич чарохи анчом додам ва е аз мутахасисону сохам Тибби кишвар мутмаин набудам! Не сабабаш ин набуд, сабабаш дар надоштани шароити Кофи дар бемористонхои худамон буд. Ман мутмаинам, ки чарохии анчомдодаи ман дар Эрон дар Точикистон низ бо такрибан хамон кимат анчом меефт, аммо дар хорич сатх куллан дигар буд. Оиди бепул будани хизматрасонии Тибби дар кишвар гуфтаниям, ки ин хизматрасони дар кишвар бехарч анчом намеебад ва МО худамонро бояд фиреб надихем! Ва гуфтаниям, ки хизматрасони бояд бемузд набошад ва дар доираи як маблаги муаян бошад ки хама тавони истифодаи онро дошта бошанд ва духтурхои мухтарам аз ин хизматрасони музди зиед хам надошта бошанд ин хизматрасони давлати, яьне дар сатхи чумхурияви бошад. Ба Духтурон бошад дар навбати худ шароит додан лозим то ба сохибкори машгул шуда офис ( дафтар) боз намуда ба муоличаи пулаки машгул шаванд, яьне муоличаро дар офис амалро метавонанд дар бемористон анчом диханд ин хам барои афроди хохишманд. Дустон ин Назари ман нест ин тачрибаро ман дар Эрон дидам.Дар ин холат духтур хам тавони харчи рузгорро пайдо мекунад мардуми факир хам тавони масрафи бемористонро.
Бо эхтиром

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)