Бахшҳо

Парванда алайҳи ду зани фолбини дуохону қамчинзан

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон алайҳи ду зани табиби фолбину дуохон ба иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод аз ҷумла алайҳи Муқаддас Тошматова, сокини 57-солаи Душанбе парванда боз шудааст, ки миёни мардум худро як “чеҳраи намоён, табибу фолкушо" муаррифӣ кардааст.

Кормандони Маркази матбуоти ВКД бо нашри як гузориши телевизионӣ дар бораи ин зан иттилоъ доданд, ки ӯ барои корҳои фолбиниву табобате, ки мекардааст, аз 200 сомонӣ то 2000 доллар “ҳаққи хизмат” мегирифтааст.

Ин зан, ки ба гуфтаи гузоришгарон соҳиби маълумоти олии омӯзгорӣ мебошад, аслан аз шариати Ислом ва тиббу кимиё ҳеч огоҳие надоштааст, вале бо василаҳои гуногун ба равони мардум таъсир гузошта, ҳамарӯза теъдоди зиёди шаҳрвандон таги дари хонааш навбатпоӣ мекардаанд. Ин табиб аслан, ба табобати безурётҳо, ҷоду кардан барои рушди тиҷорат ва “гарм” кардани ошиқу маъшуқҳо машғул будааст. Тошматова даъво кардааст, ки ба шарофати табобаташ садҳо нафар соҳиби фарзанд гаштаву шифо ёфтаанд.

Муқаддас Тошматова усулҳои хоси фиребкоронаи табобатро кашф карда, таваҷҷуҳи корафтодагонро ба худ мекашидааст. Аз ҷумла онҳоеро, ки мехостаанд соҳиби фарзанд шаванд, як аксашонро бо донаи зардолу ба дохили шишаи плостикии об мегузоштааст ва мегуфтааст, ки агар ин дона неш занад, пас ту фарзанддор мешавӣ.

Ҳарчанд Муқаддас дар ҳузури маъмурини ВКД аз усулҳои табобатии худ бо як эътимоди комил ҳимоят менамуд, вале як нафар аз корафтодагон дар ин гузориш суҳбат намуд, ки “охирон боре, ки пешаш рафтам, гуфт як акси худатро бо ҳамроҳии ҳамсарат биовар. Бурдам, гирифту донаи зардолу қатӣ дар дохили бақлашка партофт ва гуфт, ки кӯдакдор мешавӣ. Лекин 4 моҳ гузашт ҳич гапу хабарш нестай”.

Ҳамчунин Тошматова шамъҳои зиёдеро барои табобату фолкушоӣ истифода мекардааст ва мегуфтааст, ки чунин шамъҳо махсус буда, дар ҳеч бозору мағозае ба фурӯш гузошта нашудаанд. Ва танҳои барои як дона шамъ 200 сомонӣ мегирифтааст. Ҳамчунин ин зан аз қуфлу сӯзан ва собуну ресмон ҳам истифода карда, табобат менамудааст. Усули дигари табобаташ барои бонувонро бо шавҳаронашон васл кардан ва муҳабаташонро афзудан, либоси таҳпӯши марду занро гирифта ҳамчун маводи табобатӣ истифода менамудааст. Онҳоро пора карда бо ҳамдигар метофтааст ва дар шохи дарахте овезон мекардааст ва гӯиё ҳар вақте, ки шамол ин дарахтро меҷунбондааст ҳиссиёти мард нисбати занаш бештар мегардидидааст. Ин зан барои ин усули табобаташ то 300 сомонӣ нарх гузоштааст.

Муқаддас Тошматова инчунин бо ҳар гуна китобҳои сеҳргарӣ ва қартаҳо низ табобат ва фолкушоӣ менамудааст. Ҳамчунин усули аз ҳама ҷолиби табобати Муқаддас бо қамчин, ки гӯиё бо дасти худ не бо дасти пиру бобову авлиёҳо мезадааст, мебошад. Бо ин усул ӯ тарсу ҷинро аз вуҷуди бемор дур мекардааст. Ин хонум мегуфт, ки “қамчин задан ҳам василаҳои махсус дорад. Ин қамчин барои задани аспи дев аст”. Ва қамчини дасташ 100-сола буда, гуиё барои табобат муносибтар будааст.

Ба гуфтаи масъулини ВКД Тошматова мардумро ба гумроҳиву хурофотпарастӣ бурда, ба парастиши оташ ва ашёҳои дигар водор менамудааст. Инчунин маркази матбуоти ВКД аз ифтитоҳи парванда алайҳи Валияхон Кенҷаева, табиби дуохону фолбини дигар аз шаҳри Исфара хабар дод, ки ӯ ҳам ба табобати безурётию васлу ҷудосозии мардону занон машғул будааст. Ба гузориши ВКД ҳаққи хизматрасонии ин табиб барои “гарму хунук” 80 то 500 сомонӣ будааст.
Мӯҳр
Мухтарам кормандони ВКД. Дар ру ба руи бозори Чал-Чам як бинои 4-ошёна аст. дар ошёнаи 1-уми он як зани "танноз" бо чунин корхо машгул асту аз касе наметарсад. Вай бо карта фол кушода дар 2 дакика 25 сомониатро кашида мегирад. Дар пушти дараш доимо навбат асту, касе ба у кор намегирад. Кани, як ба ин тарфхо хам як "каромот" кунед!!!!

Jona
Rahmat masalai hamai aminhoro bined

Илтимос халк бисёр хамин хел фиребгару чодугархоро адресоша нависен...ними халки точик аз дасти хамин хел одамо касали шудиян...корашон факат ба муллою чодугари мондааст...ВКД чидди бинед хамин масъаларо!!!!

хзщшгнпам
хамнхоро пеши саид акбар баред як хучраштияд хардк хело муносибанд

Ман хам чун як муштарии шабакаи озодагон аз худи ин зан гиламанд нестам
халки мо дар хакикат бесавод аст ва аз ин фурсати муносиб истифода мекунанд хамавакт одами весавод да фиреби макорон меафтад.

Мехохам чунин афродро говсуд кунен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)