Бахшҳо

Қарори Убайдуллоев алайҳи “ифротгароӣ”-и занон

Дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз рафтори бархе бонувон ва духтарони сатрпӯши тоҷик қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдорӣ Душанбе алайҳи “ифротгароӣ” миёни занон ба нашр расид.

Бар асоси ин қарори Убайдуллоев, раисони шаҳру навоҳӣ, Раёсати умури дохилӣ, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати маориф ва илм, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Раёсати тандурустӣ, Раёсати кор бо занон ва оила, Шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе”-и пойтахт барои гузаронидани маъракаи “фаҳмондадиҳӣ” ва андишидани чораҳои мушаххас алайҳи “ифротгароӣ”- занон ва духтарон муваззаф шудаанд.

Ҳарчанд санаи ин қарори Убайдуллоев 05.03.2015 нишон дода шудааст, аммо он рӯзи 14 марти соли равон, дақиқтараш баъд аз 6 рӯзи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон рӯи чоп омад. Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе ҳадаф аз роҳандозии ин корҳои “фаҳмондадиҳӣ”-ро “пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароёна миёни занону ҷавондухтарон” арзёбӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 6 март зимни мулоқот бо занони фаъоли ҷомеа тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакатро як раванди ташвишовар арзёбӣ намуд. Дар пайи ин интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон баъзе аз шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон ба намоиши барномаҳои вижа дар бораи бадкориҳои баъзе аз занҳои ҳиҷобпӯши тоҷик пардохтанд. Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон бо пахши як гузориш аз фоҳишагии чанд зани ҷавони сатрпӯш хабар дод.
Мӯҳр
Камол
офарин Хукумат азиз. кадоме сатру риш дорад мархамат ба он суи дарёи Панч гузаред. Таъби дилатон дар ончост. Точикстонро ба чохилият набаред

Адолатпараст
Фикр мекунам ин барои тинчию осудагии давлати мо аст, зеро бисёрихо аз душманони миллати мо мехоханд, ба хар гуна бахона байни миллати мо игво андозан. Мусулмонгари бояд дар дил бошад, на аз руи сатру риш. Солхои шурави мегуфтанд "дин афюни халк аст", вале хамаи коммунистонро чаноза мекарданд ку, чи мо мусулмон набудем, намоз намехондем? Хамааш буд, вале дар дил. Барои хамин пеш аз хама дили худро пок намоем, фиребу дуруг нагуем, падару модарро хурмат намоем, оилаи худро нигахбон бошем...

ман хеч гох сару гарданамро барахна ба намоиши омма намегузорам!

Номус
Камол,Барои он, ки ба давраи ҷоҳилият барнагрдед, хоҳарон занон ва модарҳоятонро миниюбка пушонда занҷиру овезаҳоро дар гарданашон овезон кунеду дар кучаҳо сар диҳед...бадан агар мехоҳед боз пешрафтатар бошед як ҳизби никоҳи мард бо мардро ҳам ташкили кунед...))))))

Камол
Номус, дар тафакури шумо факат 2 намуди либос аст? Миниюбка ва Чодари сиёх??? дар руи дунё хазор намуд дигар либосхо хастанд, ба хусус либоси миллии точикииамон. Аз хоби гарон хез! Оиди мард бо мард, ин анъана дар он тарафи Панч бештар маъмул аст...)))

Абдулло
Барои чи пушидани миниюбкаву либосхои тунуки занонаро манъ намекунанд. Ин намуди либоспушии занхо хам аз миллати точик нест

Кит
Цитата: Адолатпараст
Адолатпараст

Агар ба корхона рафта рузи дароз шинию баъд охири мох гуи ки хама корро дар дили софат анчом доди оё маошатро медихад?
Агар дар донишгох хонда вакти сессия корхои лабораториро тайёр накарда гуи, ки хамаашро медонам ва дар дилам аст оё аз санчиш мегузари?
Албатта не, не ва не.
Рузи киемат(агар бовари дошта боши, вагарна ин комент ба ту дахл надорат) Худованд ба дил ва АМАЛхо нигох мекунад, на факат ба дил.

Камол,
Бечора худатро намешиноси ту

мухаммад
Камол,
Ту худат ки хасти сохиби ин ватан шарм надор ба ин суханат. Ту шояд хаионхое хасти кт соли 92 пораи аз миллатро он тарафи дарё мухочир карда будед. Шарм дор то ин харфоро задана.

Ришу сатрдорон шиками зани хомиларо соли 1992 чок намуда фарзанди ботинро куштаанд. Магар ин рузи киемат чавоб надорад??? Ё Рузи киемат факат ришу сатри онхо чавоб медихад?

Ахмад
Камол,
Он тарафи дарё меги? Ту бидон ки он тарафи дарё хар коре мекунад ё намекунад ин Шариати Ислом шуда наметавонад. Ислом бача бозишам махкум мекунад ва конунхои хокимотон бровардагиро хам низ.
Агар бар хохар, хамара, модар ва духтари ту чи либосе ки писанд аст бигзор бипушанд мо коре ба онхо надорем лек бидон ки бар либоси занону хохарон ва модарону духтарони мо низ шумо кор нагиренд.
Ба хар чиз бозикади, лек бо дини мардум, бо эътикоди мардум бози накунед вар на рузе косаи сабрашон лабрез мешад ё газаби АЛЛОҲ болотон хохад омад.
Кучост демократиятон? Кучост озоди (-и сухан, тарзи либос пуши, дин ва гайрахо )? Кучост Кучост ?

муслим
Хайратовараш дар инаст ки чаро ки ин фохишахо то имруз бо либоси дигар будан хеч кас у либоса манъ накард як хел чавоно меган мо аз чавонои соли навад нестемм ой мардум бо шарофияти у чавонои соли навад истиклолият ба даст омад ва ман хайрон дар онам ки ин чавонои ки лоф мезанан гайр аз лаганбардори дигар ягон кор карда метавониста бошан

Камол,
Bo salom,Khijolat bikash.Mardumi bogayrati tojik dar guzashta niz musulmon budand va boqi khohand mond.Va rishu hijob az lavozimi dini mubini Islom meboshad, ki yake amri pisandida va duvvumu vojib ast va lizo bo in harfat ba barodarob va khoharoni musulmon tavhin nakun.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)