Бахшҳо

Доллар боз боло рафтааст. Иқдоми Бонки миллӣ чӣ шуд?

Қурби доллари амрикоӣ новобаста ба иқдоми ахири Бонки миллии Тоҷикистон боз болотар рафтааст.

Баъзе аз сокинон ва харидорони доллар дар шаҳри Душанбе мегӯянд, ҳарчанд дар пайи дастури масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар лавҳаи нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт арзиши як доллар 6,28 сомонӣ нишон дода шудааст, вале бо ин маблағ наметавон долларро харидорӣ кард.

Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоли ҳозир, дақиқтараш имрӯз 16 март, харидории як доллар аз аксари нуқтаҳои саррофии пойтахт танҳо бар ивази аз 6,50 то 6,60 сомонӣ имконпазир аст. “Аксари саррофон танҳо бо нархи 6,28 сомонӣ як долларро мехаранд, вале вақте гап дар бораи фурӯш ва харидорӣ аз онҳо меравад, тамоман нархи дигарро мегӯянд”,- афзуданд ҳамсуҳбатони мо.

Ин дар ҳолест, ки Ҷамшед Юсуфиён, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон ахиран бо баргузории як нишасти хабарӣ гуфт, минбаъд қурби долларро дар нуқтаҳои мубодилаи асъори кишвар, аз ҷумла нуқтаҳои шахсӣ ҳам ниҳоди зертобеи онҳо муайян хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдоми муваққатӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз сӯиистифодаи саррофон аз вазъи мавҷуда дар бозори нақд роҳандозӣ шудааст: “Мо муайян кардем, ки фарқ миёни нархи харид аз нархи фурӯш набояд аз ду сомонӣ зиёд бошад. Имрӯз нархи фурӯши доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 6,30 сомонӣ муайян шудааст. Саррофон ҳақ надоранд, долларро аз ин қиматтар фурӯшанд”.
Мӯҳр
БОЗОРШИН
МО Точикон як макол дорем "Чупон бисёр
шавад рамаро ГУРГ МЕХУРАД!!
Валютчику валютахона бисер шудаст.
масъаларо ЧИДДИ дидан даркор.
Масъулони бонки милли нагз назорат
кунанд.

Ба фикрам ягон хисобу китоби аник, тахлили иктисоди ин мансабдорону "олимони сохаи иктмсодии" моён надоранд. Барои нигох доштани нарх дар бозор асосан зиёд будани махсулот онро танзим мекунад, дар холате ки худи хамин доллари барчо монда ворид нашаваду набошад бо фишорхои мачбури Шумоён курби онро ба боло мебаред, на ки ба поён. Як бор хисобот дихед, ки то имруз чи кадар аз хисоби фуруши махсулотхо ( ба ном пахта, коркарди алюминнии хом, кокихо) ба чумхури асъор ворид шудааст, агар захирахои бонкиро фурушед хам онро дар 2-3 руз тамом мекунед.

масъули бонк
масъулини бонки милли худ дастандаркори ин амали фасоданд. Онхо бо рохи монополия кардани саррофихо мехоханд долларро бо нархи арзон харида гиранд ва баъд ба нархи гарон фурушанд. Ба хотири даромади шахсии кормандони коррупсионер ин датур анчом шуд

Ба фикри ман бо таври мачбури курби асъоро поин бурда намешавад!!!
Курб ё нархро бозор муайян мекунад на ин ки Сарроф ё Бонки Милли!
Дар боло кайд карданд ки саррофон бо нархи 6.28 долларро мехаранд вале намефурушанд. Савол ба хамон шахси хамсухбати шумо; агар шумо доллар дошта бошед бо нархи 6.28 иваз мекунед ? албата НЕ!!! чунки савдо мекунед 6.30 , 6.35 ё 6.40-45 гиред доллар баланд шудааст мегуед. Вакте Сарроф бо нархи баланд ки иваз кард 6.40 ё 6.45 чихел бо нархи 6.30 ба шумо фурушад? Худатон казоват кунед. Мумкин пурсед ки дар тахта ё табло 6.28-6.30 нависонда шудаат .. бале мачбури. Чунки у бояд кор кунад, ичорапули, андоз ва гайраро пояд пардохт намояд. Ва чи тавре ки хамаи мо маълум аст курби асъорро асосан маблаги вориднамудаи мухочирон муътадил нигох медошт, вале бо сабаби КРИСИЗ ва болоравии курби доллар дар Россия мухочирон хозир асосан рубли руси равон мекунандЮ ки ин аллбата ба бозори дохилии асъори мо таъсир мерасонад агар Бонки милли пешгири накунад! Саррофон хам тарафдори мутаъдилии курби асъоранд.Бовар кунед.

Ба Бозоршин.
Бародар соддаги накун. Парвои ману шумо хеч кас нест. Ин валютчикхо хама одамони бонкхо хастанд, е хешу таборашон. Чаноби олиро фиреб дода гаштанд, вай бечора хам чилави кадоме аз ин порахуронро гирифта метавонад.
Воизон ки ин чилва дар мехробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд он кор дигар мекунанд.

Бо такозои вазифа чанд маротиба дар хоричи кишвар дар шахрхои Остона, Санк-Петербург, Одесса ва Боку будам. Дар хамаи ин шахрхо нуктахои мубодилаи асъор расмианд ва танхо бо пешниходи паспорт асъорро иваз карда квитансия медиханд. Дар Точикистон низоми муайян вучуд надорад ва дар хар сари кадам метавони асъори хоричиро ба сомони иваз намои.

ш душанбе
80- фоиз мардум дар доми бонкхо афтодаанд , карз бо долар гирифтаанд аз боло рафтани долар аксараташон аз пой ва мафкурашона хаста кардааст, хоиш дорем назорати чиди барда шавад ,ки ба боло рафтани долар етимол меравад аксарашон ба худкуши даст мезананд..

Адолатпараст
Як тахлили дигарро мехохам дарч намоям, агар аз 2.600 нуктаи мубодилаи асъоре, ки дар шахри Душанбе фаъолият доранд ва имруз тахти фишори Бонки милли, корупсия ва дигар макомотхои кудрати карор гирифта, фаъолияташон боздошт шудаанд, ба бюджети давлат 11млн 500 хазор сомони зарар мешавад ва аз ин 100 хазор нафакахур бе нафакапули мемонад. Оё Бонки милли ин зарарро рупуш карда метавонад?

мухтарам масулони бонки ба ном милли барои чи дар бонкхои Точикистон бо арзи милли карз дода намешавад шумо худатон аз пули миллии худатон баровардаги дилпур нестед мардумро мачбурмесозед ки тамоми савдо бо пули милли амали гардад хол он ки шумо мардумро мачбур мекунед ки факат аз бонкхо доллар карз гирад пешниход мекунам ки хамаи карзхои аз бонк гирифтаи муштариен бо курси бонки милли ба пули милли баргардонила шавад

Ягона илоч- дахолати президент аст. Дар акси хол- КАПУТ!

Бозоршин
Рохгузар, Рост мегуи ки бисераш г у ф ти Шумост.Худованд
хар касро худашро тавфик бидихад ним зиёди хамон валютчикхо ХОЧИ, МУЛЛО, ЭШОН, МАХСУМ, катишон бишини амри маъруфат мекунад мегуи хамара монаму факат ба инхора оби тахорат бигирам.

Бозоршин
Адолатпараст, Фикри 2600 валютчика мекуни я Фикри сад хазор савдогаронро намекуни ки онхо мачбур мешаванд борашро кимат кунад ва Фикри миллионхо одамонро намекунед ки онхо мачбур мешаванд харанд бо нархи баланд ХУДАТ хисобу китоб бикун маълум ки дар хисоб хуби.

Бозоршин
Адолатпараст, Фикри 2600 валютчика мекуни я Фикри сад хазор савдогаронро намекуни ки онхо мачбур мешаванд борашро кимат кунад ва Фикри миллионхо одамонро намекунед ки онхо мачбур мешаванд харанд бо нархи баланд ХУДАТ хисобу китоб бикун маълум ки дар хисоб хуби.


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)