Бахшҳо
17 мар 2015 18:09Тоҷикистон / Акс

Э. Раҳмон санги асоси “бузургтарин ва зеботарин” иншоот дар ОМ-ро гузошт (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Театри миллӣ дар шаҳри Душанбе оғоз бахшид.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда дар сохтмони Театри миллии Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 17 март сурат гирифтааст.

Бинои Театри миллӣ дар паҳлӯи Осорхонаи миллӣ ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост карда, аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат мебошад, ки баландиаш ба 34,5 метр хоҳад расид. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар, яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошад. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6м буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд.

Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва дигар шабакаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мешавад.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур таъкид кардааст, ки “лоиҳаи Театри миллии Тоҷикистон давоми 5 сол бо омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй буда, бузургтарин ва зеботарин чунин иншоот дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд”.


Э. Раҳмон санги асоси “бузургтарин ва зеботарин” иншоот дар ОМ-ро гузошт (АКС)

Э. Раҳмон санги асоси “бузургтарин ва зеботарин” иншоот дар ОМ-ро гузошт (АКС)

Э. Раҳмон санги асоси “бузургтарин ва зеботарин” иншоот дар ОМ-ро гузошт (АКС)

Э. Раҳмон санги асоси “бузургтарин ва зеботарин” иншоот дар ОМ-ро гузошт (АКС)

Э. Раҳмон санги асоси “бузургтарин ва зеботарин” иншоот дар ОМ-ро гузошт (АКС)

Э. Раҳмон санги асоси “бузургтарин ва зеботарин” иншоот дар ОМ-ро гузошт (АКС)
Мӯҳр
diplomat
СОЛХО МЕГУЗАРАНДУ НАКШИ ДАСТОНИ ШУМО ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ АБАДИ ХОХАД БУД ШАХРИЕРИ ТОЧИК

Ана Рейхстаги худамонрохам месозем... smile

одами носолим
Намоишномахои бе тамошобин ба ки лозим. Хуб мешуд ба чойи он театр ягон завод ё фабрика месохтем, то ин ки шумораи мухочирон кам мешуданд. Дар ватани ачдодиашон бе ягон ташвиши зиёд як лукма нон ёфта мехурданд. истехсолот пайдо мешуд, то ин ки курби доллар ба кабати хафтуми осмон намерафт ва маблаги мухочирон ба Чин. Дар театрхои маавчуда тамошобин ёфт намешавад. Сабаб завки пасти тамошобин ё набудани намоишномахои хуб. Дунё ба умед. Ба хотираи фардои кишвар. Обод бошед.

boz baroi raksu bozi o nameshud yak korxona sozad mardumi gurusna joikor paydo kunad

афлотун
Чанобхо оли, касрхо оли, кисахо холи.....

11
Цитата: diplomat
СОЛХО МЕГУЗАРАНДУ НАКШИ ДАСТОНИ ШУМО ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ АБАДИ ХОХАД БУД ШАХРИЕРИ ТОЧИК

хамаш хуб лекин шояд дар вакти бухрони иктисодии шадид ва бекории мардуми гуломи бечора хамин театр лозим набуд, сатхи иктисодиет бехтар шавад месохт.

мухочирбача
Мо аз пайи кути лоямут дар мулки рус овораю саргардонем, хпру хазон, зери мушту лагати рус хайронему дар ватан театрсозиро бин. Илтимос чойи кор мухайё кунед, то мо низ аз накхати гулхои ватан назди пайвандон бахравар шавем.

Gharib
Dar sharoiti imruza avval boyad korhonahoyu zavodho soht, na teatru parchami balandtarin. Baroi on ki ba mardumi mo avval kor lozim ast to ki oilahoi hudro huronandu pushonand.

карам
ин кадар театрхо дар душанбе холию бо театр месозен, барои тамошои театр шиками сер, дили бегам, хотири чамъ ва ... даркор, ки 80% сокинони точикистон ай и чизхо бенасибанд, чаноби ооолллиии

Истиклол
Офарин Чаноби Оли

Ташаккур ба Шумо Чаноби Оли. Хар руз пойтахт зеботару гуворотар шуда истодааст. Ба фантазияи Шумо дар усулу сохтмони бинохо, ки дар такя ба анъанахои милли асос ёфтааст, коил шудан мумкин аст. Хело бинои зебо ва ба талаботи имрузи пойтахт чавобгу мебошад.

Раис
Аму одаме ки дар театр кор мекунан худашон шояд аз хамин театри нав месохтаги рози набошан чунки аз хар як хонаводаашон яктоги мухочир доран дар шахри бегонахо ягон фигри дигар мекардан хуб мешуд

ббб
Ба чойи ин ягон ду се мини ГЭС месохтем хуб мебуд, ки мардум дар фасли зимистон аз кувваи барк бемалол истифода мебурд.
Дар шароити бухнони хозира ба халки Точик ин сохтмон лозим нест.
Чи хеле, ки собик рохбарон мегуфтанд: Нон бошад, суруд хам мешавад!

Построили бы лучше завод чтобы обеспечить людей работой.

Zarafshoni
Дар вазъи кунуни, хуб мешуд ки ягон фабрикаву заводхо сохта мешуданд, то мухочирони мазлум ба ватан бармегаштанд. Бо ин спектаклу балету опера шиками мардума оё сер карда мешавад. Мо мухочирон тарафдори театр хастем, вале дар шароити имруза ман гумон мекунам зарурият надошт. Эй хукуматихо шумо дарди мо мухочиронро барои чи ба инобат намегиред? Мо гуломони асри 21 дар таххонаву дар кучахо зиндаги мекунем. Намешавад, ки шумои гуфтаи Зайд Саидовро шиори худ кунед "Ман наметавонам хомуш шинам, ки дар ватани ман ЯК БОЙ БОШАДУ САД КАМБАГАЛ"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)