Бахшҳо

Дар кӯчаҳои Хуҷанд 200 автобуси нав мусофир мекашанд (САДО)

Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд зимни як нишасти ахираш бо рӯзноманигорон гуфт, дар назар аст, соли равон ё дар соли оянда кӯчаҳои марказии шаҳр пурра бо автобусҳо таъмин гарданд.

Бино ба гуфтаи шаҳрдори Хуҷанд, феълан корҳо доир ба лоиҳаи хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш анҷом ёфта, барои амалӣ гардидани он 8 мутахассис аз ҷумҳурии Чех тайи 2 моҳ аст, ки таҳлил мегузаронанд: “Ин лоиҳа аз тарафи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дастгирӣ ёфта, он аллакай баҳои мусбат гирифтааст ва агар таҳлилро пурра гузаронанд, мумкин аст, ҳамин сол ё соли оянда ин барнома амалӣ шавад”.

Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи суханаш гуфт, “мо наздик ба 200 автобуси калонҳаҷму миёнаҳаҷмро ба кредит мегирем. Сифати хизматрасонӣ боз ҳам беҳтар мешавад ва тамоми истгоҳҳо азнавсозӣ мегарданд. Нақлиёте, ки имрӯз хизмат расонида истодаанд, бекор намемонад ва дар нақша ҳаст, ки онҳоро ба канори шаҳр мебарорем”.

Ҳамзамон, шаҳрдори Хуҷанд доир ба лоиҳаи беҳтаргардонии вазъи обтаъминкунӣ ва беҳтар кардани ҳолати экологӣ-санитарии шаҳри Хуҷанд ҳарф зад: “Ҳоло 1300 қуттиҳои махсуси партов омода намуда, дар маҳаллаҳо ҷойгир намудем ва ният дорем, ки дар оянда коргоҳи коркарди партовро низ дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд созмон диҳем”.


Мӯҳр
ттттттттттттттт
Хамааш дуруг. Ин гапхоро 5-6 сол пеш Мирхоликов раиси пешинаи шахри Хучанд хам гуфта буд, то хол ранги овтобусро касе надидааст

Чаноби АХМАДЗОДА як бор ба ташкили харакат дар роххои дохили шахр низ ахмият медоданд ,хеле хуб мешуд.Кучахои асосии шахр аз сахар то шом ба истилох "пробка".Хукумат каму беш бошад хам роххоро таъмир ва васеъ карда истодааст лекин канори рохи васеъшуда ба истилох "стоянка"мешавад ва харакат бо як катор сурат мегирад.Хусусан дар кучаи Гагарин дар минтакаи бозори равган.Хатто мошинахо таи чарогак(светофор)меистанд касе кор надорад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)