Бахшҳо
19 мар 2015 12:05Тоҷикистон / Сиёсат

АКС: Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон ба зиёиён барои ояндаи миллат ва Ватан

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 19 март дар мулоқот бо зиёиён, аз донишмандон хост, аллайҳи ифротгароӣ мубориза баранд.

Дар ин мулоқот, ки дар Кохи Наврӯз идома дорад, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, равшанфикрон вазифадоранд, барои шарҳи нуктаҳои паёми солонаи президент саъю талоши бештар намуда, барои рушди Тоҷикистон, пойдории суботи сиёсӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва таблиғи ғояҳои миллӣ талош варзанд.

Ба иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, президент гуфтааст, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо такя ба омӯзгорони деҳот барои баланд бардоштани мақоми зиёиёни деҳот аз ҳисоби омӯзгорон, кормандони соҳаи фарҳанг, табибон ва дигар табақаҳои иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта, ки ба тарбияи олимони даврони истиқлолият бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои пешқадаму инноватсионии онҳо заминаи боз ҳам мусоидтар фароҳам хоҳанд овард. Раисиҷумҳури кишвар таъкид кардааст, ҳарчанд хизмати олимон дар равшан намудани саҳифаҳои торики таърих, таблиғи осори ниёгон ва бахусус, дар баррасии масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии замони муосир назаррас аст, вале ҳамаи ин ҳанӯз кофӣ нест: “Бинобар ин, ихтирооти ба истеҳсолот алоқаманд барои мамлакати мо ниҳоят зарур буда, олимони соҳаҳои физика, кимиё, геология ва дигар илмҳои табиатшиносиву дақиқро зарур аст, ки тарзу усули фаъолияти худро ба замона мувофиқ карда, барои таҳқиқу омӯзиш ва кашфу ихтирооте, ки истеҳсолотро пеш баранд, саъю талош варзанд. Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки барои тарғиби мафкура ва ғояҳои миллӣ, таҳқиқи масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир ва проблемаҳои рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Таҳқиқоти ин гурӯҳи олимон, пеш аз ҳама, бояд барои таҳкими ваҳдати миллӣ замина фароҳам оваранд ва омилҳои дигареро, ки дар оянда ҷомеаро муттаҳид месозанд, муайян кунанд”.

Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, олимон бояд ба сифати беҳтарин таблиғгарони ҷомеаи пешқадам якҷо бо омӯзгорону адибон ва дигар гуруҳҳои равшанфикрон дар маҳалҳо садди роҳи ҳар гуна ақидаҳои тундравона гардида, зиракӣ ва боҷуръатиро аз даст надиҳанд. Ӯ аз олимон хостааст, ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд: “Мо бояд ойини мадоро ва таҳаммулгароиро, ки дар фарҳангу мафкураи халқамон асрҳо боз идома меёбад, риоя намоем. Вобаста ба ин, аз тамоми зиёиён ва умуман аҳли эҷод даъват ба амал меорем, ки арзиши таҳаммулгароиро бештар густариш бахшида, мардумро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват кунанд. Ин кор қарзи инсонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз, бахусус зиёиёни кишвар мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронияш таъкид намудааст, ки “бори дигар зиёиёни кишварро ҳушдор медиҳам, ки фикри ояндаи миллат ва Ватани маҳбубамонро ҳаргиз аз зеҳни худ дур насозанд, ғояҳои истиқлолияти давлатӣ ва худогоҳиву худшиносии миллиро пайгиронаву боҷуръатона таблиғ намоянд”.

Мӯҳр
Вохуриро бинед фикр мекунед ки зиндагии хама баробар хушу гуворо ва серию пури ва хама мардум бомаърифат, вале агар бо магзи сар фикр кунед ва бо чашми сар нигаред.......................?!?!?!

Андарз аз Шугнон
Ахсан Чаноби оли! Дар арафаи чашни Навруз хеле икдоми хуб аст, ки бо зиёиён хар сол вохури менамоед. Ман бо ахли оилаам ин мулокоти Шуморо то охираш тамошо кардем. Хеле тарбияви, омузанда ва оли буд. Аз суханони табрики ва дастуру хидоятхои Шумо як чахон таассурот бардоштам. Хеле мехостам,ки чунин сухбатхои ру ба ру ва самимии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмонро хамагон тамошо мекарданд ва ё мешуниданд. Агар ин мулокот такроран пахш мешуд боз хам онро тамошо мекардам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)