Бахшҳо

Бунёди мактаб бо 113210 доллари Ҷопон дар Темурмалик

Дар доираи кумакҳои бебозгашти Ҷопон ба Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бинои як мактаби миёна барои 180 хонанда бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст.

Ин мактаб дар деҳаи “Гурулдӣ”-и ҷамоати Кушкияи ноҳияи Темурмалик воқеъ буда, бинои нав расман рӯзи 18 март бо ҳузури Йошиширо Хорие, муовини роҳбари ҳайати Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва раҳбарияти ноҳия ифтитоҳ гардидааст.

Бинои мазкур аз аз шаш синфхона ва дафтари омӯзгорон иборат буда, бо сармоягузории ҳукумати Ҷопон бар ивази 113 ҳазору 210 доллари амрикоӣ бунёд шудааст, ки дар он 180 донишомӯз таҳсил хоҳанд кард.

Дар маросими ифтитоҳи бинои мактаби деҳаи “Гурулдӣ” Мирзохон Гулмамадзода, раиси ноҳияи Темурмалик иштирок дошта, зимни суханронияш аз дастгирии ҳукумати Ҷопон изҳори миннатдорӣ кардааст.

Кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад, ки барои дастгирии соҳаҳои маориф ва тандурустию созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.

Дар асоси ин кумакҳои бебозгашти Ҷопон ба Тоҷикистон аз соли 1996 то инҷониб 341 лоиҳа амалӣ шудааст, ки маблағи умумии он 27.6 миллион доллари амрикоро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
Довуд
Чопон як кишвари аз чихати масохат хурд. На захирахои нафти дорад на газ на дигару дигар. Лекин иктисодиёташ аз Россия барин кишвари сохиби тамоми захирахои табии бойтару пешрафтатар мебошад. Гап дар масохату боигари набудааст, балки дар захирахои инсони будааст хамдиёрони азиз. Ташаккур ба ЧОПОН барои даастгириаш.

Довуд
Чопонихо аз чихати фаросат ва мадоро ба фикрам аз дигар миллатхо ба кулли фарк мекунад. Шояд онхо хам манфиатхои шахсии худро дошта бошанд. Лекин ман ахамият медихам аксари сармоягузорихои давлати Чопон ба Точикистон ба сохаи маориф ва тандурусти равона карда мешаванд на демократияю хукуки инсон. Онхо мисли гарбиён дуруя нестанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)